Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини "Ориёнбонк"-ро кӣ рабуд? Кӣ дар шароити имрӯза чунин ҷуръатро дорад? ВИДЕО


Шуҳрат Исматуллоев як ҳафта боз бедарак аст
Шуҳрат Исматуллоев як ҳафта боз бедарак аст

Аз рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” як ҳафта гузашт. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, бо роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯи то ҳол чизе пайдо накардаанд. Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ барои пайдо намудани ӯ мақомоти интизомӣ бархе маҳаллаҳои қисмати ғарбӣ ва шимолии Душанберо хона ба хона мегарданд.

ВКД ҳодисаро "одамрабоӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ношинос", хонд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираи коршиносон фарзия ва тахминҳои гуногуне садо медиҳанд. Шуҳрат Исматуллоев аз афроди наздики Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аст.

Маблағ, бархурди манфиат ё...

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик бар ин назар аст, ки Шуҳрат Исматуллоев аз сирри молии афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон огоҳӣ дорад. Бино бар ин ба гуфтаи Ёров, мумкин аст барои бастани даҳонаш рабуда шудааст.

Ҷамшед Ёров
Ҷамшед Ёров

"Шуҳрат Исматуллоевро метавон гуфт, яке аз хазинадорони наздик ба оила ба ҳисоб меравад. Дар бораи гардиши ғайриқонунии амволу пул, дуздии будҷа ва дигар махинатсияҳои молӣ хабардор аст. Мумкин барои даҳонашро хомуш кардан ӯ рабуда шудааст. Вале на барои талаб кардани маблағ. Агар бо мақсади талаб кардани пул Шуҳратро медуздиданд, аллакай ба расонаҳо ё ба мақомоти қудратӣ хабар медоданд, ки ба алоқа баромада талаби андозаи маблағро мекарданд”-,шарҳ дод, Ҷамшед Ёров, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Кӣ ҷуръат кард, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро рабояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Вале Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин бора назари дигар дорад. Ҷаноби Ҳакимов таъкид намуд, ки рабуда шудани Исматуллоев метавонад натиҷаи бархурди манфиатҳои мақомоти сатҳи болоии қудратӣ бошад.

"Бо дарназардошти воқеияти Тоҷикистон ва шахсияти нафаре, ки рабуда шуд, на ҳар ки ҷуръат ва шуҷоат дорад, ки ба ин кирдоре, ки ҳолатҳои вазнинкунанда дорад, даст занад. Бино бар ин, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин кори доираҳои муташаниҷи ҷиноятӣ дар радифи бархурди манфиатҳои сатҳи баланди мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аст, то ки натиҷаи он боиси нигаронии раҳбарияти сиёсии кишвар шавад, ва раҳбаронро дар сатҳи шояд мақомоти амният, корҳои дохилӣ ё додситони кул барканор кунад”-афзуд, ӯ.

Рабудани Исматуллоев амниятро зери суол бурд?

Чунин фарзияҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки мақомоти интизомӣ тариқи сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии худ барои пайдо намудани Шуҳрат Исматуллоев аз мардум кӯмак хостааст. ВКД эълон кардааст, касоне, ки дар ошкор намудани омилони рабудани Шуҳрат Исматуллоев мусоидат мекунанд, 30 ҳазор доллар мукофот хоҳанд гирифт.

Мақомот гуфтанд, ин шахс дар рабудани Исматуллоев даст дорад
Мақомот гуфтанд, ин шахс дар рабудани Исматуллоев даст дорад

Ҳуқуқдони муқими Аврупо Ҷамшед Ёров мегӯяд, зоҳиран мақомот дар пайдо намудани Исматуллоев ба бунбаст афтодаанд, вале асли қазия чизи дигар аст:

“Ин як навъ руйпушкунии ҳамин ҷиноят мебошад. Ман боварии комил дорам, ки бо чунин қудрати техникаву шумораи васеи хабаррасонҳо ёфтани як мошин бо чаҳор нафар ду карат ду мебошад. Ҳатман дар ин ҷо нақши кормандони мақомот аст”.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон танҳо пас аз расонаи шудани ин ҳодиса, дар ин бора расман маълумот нашр карданд. Рабуда шудани муовини яке аз бонкҳои таъсиргузори Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар Душанбе низоми "Шаҳри бехатар" амал мекунад ва масъулони идораҳои интизомии кишвар дар суҳбатҳои расмии худ аз кори он тавсиф мекунанд. Бархе огоҳон таъкид мекунанд, ки рабуда шудани Исматуллоев амнияти сокинонро дар кишвар зери савол мебарад.

Зафари Суфӣ, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ иддао дорад, чунин ҳодисаҳо бозгӯи онанд, ки дар кишвар афроде пойбанди қонун нестанд ва ҳар коре хостанд, анҷом медиҳанд:

Зафар Суфӣ
Зафар Суфӣ

"Ман мутмаинам, ки агар ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо худаш содиқ бошад, мутмаинан медонад, ки дар кишвар мутаассифона суботе, ки ҳамчун шиор пахш мешаваду аз ҷониби ӯ гуфта мешавад, мутаассифона вуҷуд надорад. Як суботнамо, яъне руъёгуна, яъне масалан, гуё ҳаст, аммо дар асл, дар дохил як оромиши пеш аз исён, пеш аз туфон, оромише, ки метавонад ҳама чизро барҳам бизанад, чунин як оромише мушоҳида мешавад дар ҷомеаи мо. Чун ӯ аз ҳама беҳтар медонад, ки афроди хонаводааш, фарзандҳояш, набераҳояш, домодҳояш, хешу табор, қудоҳо инҳо ҳама дар ҳолати беҳудудӣ, яъне ҳама чизро зери по карда, ҳама чизро нақз карда, дар ин ҳолат, яъне ки “беспредел” ба русӣ гӯем, ва онҳо ҳар коре метавонанд бикунанд, ҳич гуна суботе, амнияте вуҷуд надорад”-афзуд, Зафари Суфӣ.

Бонкдори тоҷикро шаби 23-уми июн аз назди манзили зисташ дар Душанбе чаҳор нафари ношинос рабудаанд.

Мақомот дар ин бора маълумоти бештар намедиҳад. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, чор нафар дар сар ниқоб доштанд ва чеҳраашон дар камераҳои назоратӣ намоён нест. Афроде, ки навори камераҳои назоратиро дидаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки лаҳзаи рабудан онҳо ба Шуҳрат Исматуллоев шаҳодатномаи кадом ниҳоди қудратиро нишон медиҳанд ва аз ду дасташ гирифта ба мошин савор мекунанд.

Шуҳрат Исматуллоев ва худрави гумонбарон
Шуҳрат Исматуллоев ва худрави гумонбарон

Хабари рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев бархе сокинонро аз таъмини амнияташон хавотир ва гурӯҳеро ҳайратза кардааст, ки чӣ гуна як одамро медузданд, касе намебинад. Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шахсияти Шуҳрат Исматуллоев тавсиф намуда, аз мақомот хостаанд, ҷинояткоронро ҳар чӣ зудтар дастгир намоянд.

Дар робита ба ин, Ҷамшеди Ҳабиб, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навиштааст, ки “дар кишваре, ки мехро бо шиноснома мефурӯшанд, чунин “афроди мусаллаҳ” аз куҷо пайдо мешаванд?”.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феълан амалиёти ҷустуҷӯии Шуҳрат Исматуллоев идома дорад ва то ҳол аз ӯ нишоне пайдо накардаанд.

Шуҳрат Исматуллоеви 49-сола, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати "Тоҷик эйр" солҳо боз муовини аввали раиси “Ориёнбонк” буд ва ба гуфтаи огоҳон, амалан кори ин бонкро ӯ пеш мебурд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG