Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз гумонбарон ба рабудани муовини Ҳасан Асадуллозода "дастгир шудааст" ВИДЕО


Мақомот мегӯянд, Шӯҳрат Исматуллоевро бо ин мошин бурдаанд
Мақомот мегӯянд, Шӯҳрат Исматуллоевро бо ин мошин бурдаанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, яке аз гумонбарон ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент, захмӣ ва дастгир шудааст, аммо на дар Тоҷикистон, балки дар Молдова.

Додситонии кулли Тоҷикистон шаби 30-юми июн гуфт, Рустам Ашӯров 43-сола ва узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ аст.

Мақомоти Молдова рӯзи 30-юми июн гуфтанд, ки як марди 43-сола аз Тоҷикистон дастгир шуд, чун баъди посухи рад барои даромаданаш ба ҳудуди ин кишвар силоҳи маъмури амниятии фурудгоҳро тасарруф карда, ду нафарро кушт ва як касро захмӣ кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Рустам Ашӯров, як узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, пас аз рабудани Шӯҳрат Исматуллоев “тавассути Туркия бо мақсади ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фирор намудан ба Молдова парвоз намуд.”

Радиои Озодӣ мустақилона хабарро тасдиқ ё рад карда наметавонад. Мақомоти Тоҷикистон пештар номи гумонбаронро ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев эълон накарда буданд. Маълум нест, ӯ чӣ гуна қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, то Туркия ва сипас Молдова рафтааст.

Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, "Рустам Ашӯров ҳангоми гузаштани сарҳади Молдова ва кӯшиши дастгир намудани ӯ, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифтааст. Ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ Ашуров Р.К. ярадор ва дастгир шуд."

Мақомоти Молдова то ҳанӯз номи гумонбарро ба тирандозӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Кишинев нагуфтанд. Ҳарчанд сабаби роҳ надоданашро далоили амниятӣ номиданд, тафсилот надодаанд.

Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ниҳоди молии наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз як ҳафта боз бедарак аст. Мақомот мегӯянд, ӯ рабуда шудааст ва кофтуков то ҳанӯз идома дорад.

Ин ҳодиса дар Тоҷикистон, ки мақомот давлати амнтарин медонанд, сарусадо ва фарзияҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Махсусан ин пурсиш аз даҳон ба даҳон мечархад, ки дар ин шароит кӣ ва чӣ гуна ба истилоҳ одами наздик ба хонаводаро рабудааст?

Баъзе аз фарзияҳо дар инҷо ҳаст, бинед:

Кӣ ҷуръат кард, муовини раиси "Ориёнбонк"-ро рабояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG