Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаб аз ҳукумат: рӯзноманигорон ва блогеронро озод кунед


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Амрико, бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки рӯзноманигорону блогерони зиндониро озод кунад. Созмон рӯзи 11-уми июл дар баёнияе аз Улфатхоним Мамадшоева, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушом Ғулом ва Хуршед Фозилов ном бурдааст.

Дар бештар аз як соли охир дар Тоҷикистон 8 рӯзноманигору блогерро ба гуноҳи ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ аз 7 то 21 сол зиндонӣ карданд. Мурофиаи аксари онҳо дар боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста баргузор шуд. Баъзе аз рӯзноманигорони зиндонӣ дар номаҳои худ аз боздоштгоҳу маҳбас гуфтанд, ки зери фишор иттиҳомро пазируфтанду таҳти шиканҷа ба гуноҳ эътироф карданд.

Дар як соли ахир чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки рӯзноманигорони боздоштшударо озод кунанд. Аммо мақомот ин даъватҳоро то ин дам сарфи назар кардаанд.

Аввали моҳи июл Созмони Милал бо интиқод аз ҳукмҳои пайиҳами ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва хабарнигорону фаъолони маданӣ дар Тоҷикистон, аз ҳукумат хост барои беҳтар кардани вазъи онҳо ба аҳдҳои супурдааш вафо кунад. Коршиносони созмон рӯзи 4-уми июл дар эъломияе ба мансабдорони тоҷик гӯшзад кардаанд, ки “ҷиноят шумурдани кори ҳомиёни ҳуқуқ ба уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон созгор нест.”

“Ба ҳам омехта кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон таҷрибаи бисёр хатарзо аст,” --афзудаанд онҳо.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ вазъи озодии баёну расонаҳоро дар Тоҷикистон бад номида, ҳукуматро ҳамвора барои таъқибу фишор ба журналистон танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG