Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси "Гуруҳи 24" қарори Додгоҳи олиро камасар медонад. ВИДЕО


Раиси "Гуруҳи 24" қарори Додгоҳи олиро камасар медонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:02 0:00

Раиси "Гуруҳи 24" қарори Додгоҳи олиро камасар медонад

Додгоҳи Олии Тоҷикистон чанде пеш саҳифаи “Новий Таджикистан-2” як минбари асосии “Гуруҳи 24” яке аз созмонҳои мухолифи ҳукуматро ифротӣ эълон кард ва дастрасӣ ба онро номумкин сохт.

Айни замон дастрасӣ саҳифаҳои Фейсбукии чандин нафар аз фаъолони ин гуруҳ дар Тоҷикистонро бастанд ва ё дастрасӣ ба онҳоро маҳдуд карданд.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ хабарнигори Озодӣ аз Суҳроби Зафар, раиси "Гуруҳи 24" пурсид, ки ин қарори Додгоҳи олӣ ба фаъолияти онҳо чӣ таъсире хоҳад дошт?

Суҳроб Зафар: “Албатта инҷо мехоҳам шуморо ислоҳ кунам, ки ин саҳифаи асосии мо нест. Яке аз саҳифаҳои “Гурӯҳи 24” аст ва аз тарафи фаъолони гурӯҳ назорат мешавад ва онҷо мардум метавонанд хабарҳои мухталифро гузоранд. Ин чӣ таъсир мегузорад? Ҳаракати “Гурӯҳи 24” дар давоми 9 сол аст, ки аз тарафи Додгоҳи олӣ як созмони экстремистӣ шинохта шуд, вале таи ин муддат ҳеҷ кишваре ин ҳаракатро эктстремистӣ эътироф накардааст ва ҳамчунин таваҷуҳи мардум ба ин бештару бештар мешавад. Фақат як чиз нигаронкунанда аст, ки ин иқдом метавонад ба нафарҳое, ки дар саҳифаҳои иҷтимоӣ марбут ба ин ҳаракат обуначӣ ҳастанд, метавонад мушкил эҷод кунад. Ва ҳар нафаре, ки аз ҳақу ҳуқуқӣ худ наметавонад ҳимоят кунад, самимона мегӯям, дустии худро бо мо лағв кунанд.

Озодӣ: Дуруст аст, ки “Гурӯҳи 24” саҳифаи худ “Новий Таджикистан-2”ро бо номи «Новий Таджикистан 3» иваз кард?

Суҳроб Зафар: Бале як саҳифаи дигар ба 3 иваз карда шуд ва фардо эҳтимол дорад ба “Новий Таджикистан-4» ё 5 10, 15 иваз шавад. Дигар ин Додгоҳ кори дигар надорад ва мегардад дунболи ин шумораҳо. Ман фикр мекунам, сабабаш дар ин аст, ки дар муқобили ҳаракатҳои мухолифи сиёсӣ дар майдони шабакаҳои иҷтимоӣ шикаст хурдаанд ва мехоҳанд нишон диҳанд, ки як кореро доранд, анҷом медиҳанд. Ин нотавонӣ ва заъифии онҳост.

Озодӣ: Барои идомаи фаъолияти худ дигар платформаҳоро ба назар гирифтаед?

Суҳроб Зафар: Албатта мо ҳамаи расонаҳоро истифода мебарем масалан Ютуб, Инстаграм, Фейсбук, Тик ток. Дар ҳар яке аз инҳо ҳарҷое диданд, ки ба унвони «Гурӯҳи 24» аст мо ҷавобгуи ин саҳифаҳо ҳастем ва дар онҷо мавқеи мо зикр мешавад.

Озодӣ: Экстремистӣ ва ё ифротӣ эълон кардани на танҳо саҳифаҳои шумо дар Фейсбук, балки "Памир Нюс", ё манъи дастрасӣ ба саҳифаҳои фаъолони мухолифон дар Фейсбук ба назари шумо баёнгари чист?

Суҳроб Зафар: якеаш баёнгари нотавонӣ аст, яъне нотавонӣ дар баробари инҳо. Дигар мардумро тарс додану дур кардан ва яке аз сабабҳои дигар ин дур сохтани мардуми машҳуру маҳбуб аз ҷомеъа аст. Барои мисол мо метавонем бигуем, ки соли гузашта чаҳор рузноманигоре, ки дар сархати расонаҳор қарор доштанду мардум ҳар дарду алами худро ба онҳо мерасониданд, онҳоро бо боздошту маҳкум ба зиндон намудан дур сохтанд аз мардум. Яке аз сабабҳо ҳамин аст.

Озодӣ: Як танқидро мо зиёд мешунавем, ки шумо ба унвони як созмони сиёсӣ ба ҷуз пахши изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи хосе дар даст надоред?

Суҳроб Зафар: Мо вақте ба майдони сиёсӣ омадем хостем як майдони шахшударо зинда кунем. Хости мо ин буд, ки мардум талабкунанда бошанд. Мардум интиқод карда тавонанд. Ва интиқодпазир бошанд ва танқид солим бошад. Чаро созмонҳои мухолифро танқид мекунанд барои он ки аз мо чизеро интизор ҳастанд. Чаро ҳизбҳои кисагиро танқид намекунанд ва аз онҳо чизеро талаб намекунанд? Мо камбудӣ дорем аз камбудӣ орӣ нестем. Вале афроде ҳастанд, ки зери барнома кор мекунанд ва мехоҳанд моро тира созанд.

Озодӣ: Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи майи имсол ба Туркия рафт ва мавзуи истирдоди афроди таҳти пайгардро бо мақомоти онҷо баррасӣ кард. Дар Туркия даҳҳо мухолифи ҳукумат зиндагӣ мекунад. Фикр намекунед, ки Туркия дигар ҷойи амне барои аъзои шумо нест?

Суҳроб Зафар: ин бори аввал нест, ки чунин сафару дархостҳо мешавад. Аммо фақат як нафар ба тарзи макр бурда шудааст. Аз гурӯҳҳои сиёсӣ то ҳол ҳеҷ касеро аз Туркия истирдод накардаанд. Вале ба ғайр аз талаби расмӣ ҳукумати Тоҷикистон боз ғайрирасмӣ ҳам талаб мекунанд. Барои мисол шумо қазияи Умаралӣ Қувватовро медонед. Ва дар онҷо як нафари таёркарда бо номи Сулаймон Қаюмов даст дошт. Яъне бо ин роҳҳои ғайрирасмӣ метавонанд одамонро омода кунанд.

Озодӣ: Соли 2014 фаъолияти созмони шумо дар Тоҷикистон манъ карда шуд ва 9 сол аст, ки Гурӯҳи 24 дар хориҷ фаъолият дорад. Дар ин муддат аъзои ин ҳаракат ва тарафдоронаш бештар шудаанд ё баръакс?

Суҳроб Зафар: Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол оморҳоеро, ки гуё чандин нафар аз “Гурӯҳи 24” пушаймон шуда, баргаштаанд, нашр мекунад. То ҳануз ду нафар аз Гурӯҳи мо бозгаштанд ба Тоҷикистон, ба хотири ин ки онҳо дар Русия ҷиноят карданд ва фирор карданд. Бояд бигӯям, ки теъдоди фаъолону аъзои "Гурӯҳи 24" дар онҷое қарор дорад, ки то ҳол дар таърихаш надошт.

Озодӣ: Мешавад бо рақам бигӯед, теъдоди ҳаракати шумо чӣ қадар аст?

Суҳроб Зафар: Не наметавонам. Дар марҳилае, ки мо қарор дорем наметавонам бигӯям.

Озодӣ: Шумо ҳамчун як раҳбари созмони сиёсӣ ба вазъи имрӯзаи сиёсӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед? Мушкили асосиаш кадом аст?

Суҳроб Зафар: Вазъи сиёсии кишвар ташвишовар аст. Ба хотире ки як нафар, ки 30 сол зимоми кишвар дар дасташ аст ва дар ин 30 сол пойдевори сиёсии мо мустаҳкам сохта нашудааст. Мушкили асосӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки ба мардум иҷоза намедиҳанд, ки ба сиёсат наздик шаванд. Ва вақте нафари аввали ҷумҳурӣ мардумро таҳдид мекунад, ки ба сиёсат наздик нашавед чӣ гуна мардум метавонад фарҳанги сиёсии худро боло барад.

Озодӣ: Ба назари шумо ин вазъро аз кадом роҳ мешавад ҳал кард?

Суҳроб Зафар: Ҳукумати имруз наметавонад чунки ин ҳукумат ислоҳпазир нест. Расо 9 сол пеш дар ҳамин руз мо майдони нахусти худро дар Маскав ташкил кардем ва ошкор гуфтем, ки ин ҳукумат ислоҳпазир нест. Роҳи ҳал инқилоб, шоистасолорӣ ва дар назди қонун баробар будани ҳама аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG