Сӯҳроб Нурулло, раҳбари гурӯҳи кории байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ оид ба сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар шаҳри Душанбе ва як сардори раёсате дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон мебошад.
Ӯ рӯзи 2-юми сентябр дар мусоҳибааш бо хабаргузории расмии “Ховар” гуфт, музокироти миёни Душанбе ва Сеул дар масъалаи имконияти сохтмони метро идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, барои омӯзиши пешакии сохтмон ва ба истифода додани роҳи оҳани шаҳрӣ дар шаҳри Душанбе бо Бонки содиротиву воридотии Кореяи Ҷанубӣ моҳи июли имсол як ёддошт имзо шудааст.
Сӯҳроб Нурулло гуфтааст, дар марҳилаи кунунӣ ширкати Роҳи оҳани миллии Корея ва ҳам гурӯҳи кории аз ҷониби вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе таъсисёфта эҳтимоли сохтмони метрову роҳи оҳани рӯизаминиро афзалтар медонад.
Ӯ гуфт, “вобаста ба релефи маҳал, иншооту инфрасохтори мавҷудаи қитъаи роҳ” ва вижагиҳои дигар “сохтмони роҳи оҳан барои метрои рӯизаминӣ ва ташкили системаи метрои сабуки баландсуръатро дар қитъаи роҳи аз самти Дарвозаи ҷанубӣ то Сирки давлатӣ, ки дарозии роҳ 10,5 км-ро ташкил медиҳад, имконпазир ва қобили қабул шуморидаанд”.
Мушкили афзоиши аҳолӣ, камбуди мусофирбарҳо, танбашавии бештари роҳҳои пойтахт ва ҳам олудашавии торафти фазо дар Душанбе, ба қавли мақомот, зарурати бунёди метроро пеш меорад. Музокира бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ дар ин замин чанд сол пеш шурӯъ шудааст, вале маълум нест, то куҷо он амалӣ мешавад ва дар сурати шурӯи корҳо, кай сокинони Душанбе аз метро баҳрабардор хоҳанд шуд.
Вале ба гуфтаи Сӯҳроб Нурулло, дар "гуфтушуниди охирон... ҷониби Корея гуфт, ки онҳо аз марҳилаи омӯзишӣ даст кашида, якбора ба марҳилаи асосноккунии техникӣ мегузаранд". Ба гуфтаи ӯ, то охири соли равон 7 мутахассиси тоҷик барои таҷрибомӯзӣ ба Кореяи Ҷанубӣ меравад ва "мақсади ин тасмим марҳила ба марҳила омода намудани мутахассисони маҳалӣ барои дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба тарзи муосири интиқоли мусофирон мебошад".
Кореяи Ҷанубӣ дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст ва аз давлатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо ин кишвар аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карда, солҳои охир мулоқоти сиёсиву тиҷоратии миёни ду кишвар дар доираи кори Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ фаъолтар ба роҳ монда шудааст.
Вале бо ин вуҷуд, ҳаҷми додугирифтҳои ду кишвар ҳанӯз баланд нест ва дар нӯҳ моҳи соли 2022 дар ҳудуди 35,2 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон ба фаъол кардани риштаи муҳоҷирати кории шаҳрвандонаш ба ин кишвар бештар умедвор аст.