Улуғбек Бобомуродов, зодаи соли 1972, солҳои 2009-2010 дар шаҳри Термизи Узбекистон ҷамъияти ҷиҳодиёнро таъсис додааст.
Соли 2011 бештари аъзои ин гуруҳ зиндонӣ шуда буданд. Аммо Улуғбек Бобомуродов, ки он замон дар Русия қарор дошт, тавонист бо чанде аз дигар аъзои гуруҳ ба Туркия фирор кунад.
Мақомоти амниятии Узбекистон мегӯянд, Бобомуродов дар Сурия соли 2013 созмони террористии "Катибат ал-Имом ал-Бухорӣ"-ро таъсис додааст. Ҳамон сол нисбати вай дар Узбекистон парвандаи ҷиноӣ боз ва дар ҷустуҷӯӣ байналхалқӣ эълом шуда буд.
ИМА соли 2018 гуруҳи "Катибат ал-Имом ал-Бухорӣ"-ро "дар рӯйхати сиёҳи террористони ҷаҳонӣ" шомил кард.
Ин гуруҳ дар Сурия аз соли 2013 зидди низоми Башор Асад меҷангид.