Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се назар аз се гӯша ба изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон. ВИДЕО


Як сарбози Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон, моҳи майи 2021
Як сарбози Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон, моҳи майи 2021

Изҳори назари раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар бораи баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон, ба қавли бархе таҳлилгарон, метавонад баёнгари вуҷуди ихтилофҳои ҷиддӣ дар музокираҳои байни ду кишвар бошад.

Қамчибек Тошиев, 15-уми сентябр, дар аввалин солгарди муноқишаи хунини соли гузашта дар марз гуфт, дар бораи тақсими марз бо Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ёфтаанд ва агар, ба гуфтааш, Душанбе аз даъвоҳояш даст накашад, ин санадҳоро ба кор хоҳанд бурд. Тоҷикистон ба ин гуфта расман эътироз кард.

Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯянд, изҳороти Қамчибек Тошиев баёнгари печида шудани музокироти Душанбе ва Бишкек дар бораи марз аст.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик, ки масоили марзро пайгирӣ мекунад гуфт, Тошиев ба ҳайси раиси Кумисюни аломатгузории марз аз тарафи Қирғизистон, имкон дошт назар ва далелҳои худро дар паси мизи музокирот ба тарафи Тоҷикистон баён кунад.

Ба бовари Мирсаидов, суханони баҳсбарангези раиси КДАМ-и Қирғизистон дар солгарди муноқишаи хунин ва дар рӯзе, ки президент Содир Ҷабборов дар Душанбе буд, "ҳадаф дорад."

"Ин ҳама беасос намешавад. Агар ягон муноқиша сар занад, пешакӣ худашонро сафед карда истодаанд. Яъне гӯё Тоҷикистон даъво кардааст ва Тоҷикистон сабабгори муноқишаи навбатӣ бояд шавад. Аз сӯи дигар баъди боздошти сиёсатмадор Адахон Мадумаров дар дохили Қирғизистон метавонад эътирозҳо ба миён ояд. Барои ҳамин ҳар вақте дар Қирғизистон вазъияти дохилӣ ноором мешавад, роҳбарияти ин кишвар масъалаи марзро пеш меоранд,"-таъкид кард Неъматулло Мирсаидов.

Талант Раззоқов
Талант Раззоқов

Талант Раззоқов, таҳлилгари қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчи баёнияи Қамчибек Тошиев барои мардуми дохил равона шуда, бештар мисли худнамоӣ буд, боз ҳам метавонад ҳамчун мавзеи расмии Қирғизистон қабул шавад.

Раззоқов 18-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба фикри ман, дар оянда, ба хотири пешгирӣ аз низоъҳои хунин, ӯ чунин изҳороте дод. Бешубҳа, мардуми мо аз қадим бародарвор дар сулҳ зиндагӣ кардаанд. Дар таърихи мо дар гузашта муноқишаҳои пурхушунат набуд. Вале мутаассифона, солҳои охир ин ҳодисаҳо рух дод. Агар раҳбарон қотеона, вале дӯстона масъалагузорӣ кунанд, бешубҳа, роҳи ҳалле пайдо мешавад."

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Баёнияи Тошиевро нигаронкунанда хонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Брюс Паннир, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ гуфт, ҳарфҳои Тошиев таҳдид аст, ки "ҳама даъвоҳои худро канор гузоред, вагарна мо ҳам аз пайи даъвои қаламравҳои Тоҷикистон мешавем ва ҳеч роҳи сулҳомез барои ҳали масъалаи марзӣ вуҷуд надорад."

Барои ҳамин таҳлилгар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баёнияи сиёсатмадори қирғиз ба нафъи музокироти ду кишвар дар бораи тақсими марз нест.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

"Бешубҳа ба забон овардани чунин суханҳо дар рӯзи дуюми ҷаласаи президентон дар Душанбе ва баъди он ки президенти Қирғизистон пеш аз вақт кишвар ва ҷаласаро тарк кард, баёгари он аст, ки Бишкек аз шеваи музокираҳо ноумед шудааст,"--афзуд Брюс Паннир.

Тоҷикистон ва Қирғизистон аз соли 2002, яъне 21 сол аст бар сари таъину нишонагузории марз гуфтугӯ доранд ва дар ин муддат аз 972 километр хати сарҳад 664 километри онро мушаххас шудааст. Ҳайатҳои ду ҷониб тақрибан ҳар моҳ барои дақиқ кардани ҳудуди 300 километри сарҳад бо ҳам гуфтугӯ мекунанд, аммо натиҷаи он аз ҷомеа пинҳон нигоҳ дошта мешавад. Номуайян мондани хати сарҳад ҳар чанд вақт боис ба сар задани муноқишаҳои хунин шудааст. Дар муноқишаи охире, ки моҳи сентябри соли гузашта сар зад, аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG