Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои XIX осиёӣ муайян шуд


Темур Раҳимов.
Темур Раҳимов.

Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XIX осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, интихоб гардид.

Ба ин варзишгари шумораи 1-и ҷаҳон дар риштаи ҷудо дар вазни сангинтарин парчами давлатиро раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо аъзои дастаи мунтахаби кишвар, ки 18-уми сентябр доир гардид, супурд.

Дар ин мулоқот зикр шуд, ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои XIX осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, манзили се ҳуҷрадор, медали нуқра ду ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ як ҳуҷрадор тақдим мегардад.

Дар Бозиҳои XIX осиёӣ варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд, ки 61 навъи рақобатҳоро дарбар мегирад, барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои XIX тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин беш аз 100 варзишгари тоҷик дар 18 ришта - бокс, варзиши сабук, ҷудо, куштии озод ва юнонию румӣ, кураш, вазнабардорӣ, волейболи соҳилӣ, шиноварӣ, камонварӣ, қайиқронӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ-до, кураш, ҷиу-ҷитсу, ушу, рақси варзишӣ ва бозиҳои компютерӣ – ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XIX осиёӣ дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу - доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG