Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» бидуни гол хотима ёфт


Бозии Истиқлол Ал-Дуҳайл
Бозии Истиқлол Ал-Дуҳайл

Нахустин бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Ин бозӣ шаби сешанбеи 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар нимаи аввали бозӣ тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони «Ал-Дуҳайл» буд, аммо лаҳзаҳои голзанӣ хеле кам ба чашм расид. Дар нимаи дувуми дидор бозигарони “Истиқлол” фаъолтар шуданд. Вале задани гол ба футболбозони ҳарду даста муяссар нашуд. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ гирифтанд.

Бояд гуфт, дар ҳайати “Истиқлол”, ки сармураббии даста Игор Черевченко мебошад, беҳтарин голзан Манучеҳр Ҷалилов бо сабаби беморӣ ширкат надошт.

Сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспои аргентинӣ ба Душанбе ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 22 бозигар оварда буд. Аммо яке аз бозигарони калидии даста Филипе Каутинйо, инчунин чанд нафари лигар бо сабаби осеб дидандар ин бозӣ иштирок карда натавонистанд.

Сардовари бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва«Ал-Дуҳайл» довари FIFA Муҳаммад Ал-Алӣ азҚувайт буд. Ба ӯ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кӯмак карданд. Вазифаидовари эҳтиётӣ ба души Ван Ди аз Чин вогузорбуд.

Видео доварони VAR – Абдулло Ҷамолӣ ва Алӣ Иброҳим, ҳарду аз Қувайт, Ҷаҳонгир Саидов аз Узбекистон буданд. Назир Ҳусайн Муҳаммад Ҳанифа аз Сингапур нозири доварон ва Равишанкар Ҷайараман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ таъйин шуда буданд.

Бозии дигари даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки шаби 19-уми сентябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и шаҳри Теҳрон бе тамошогар доир гардид, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт.

Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ, баъди он ки дар дақиқаи 52-юм Милод Сарлак, бозигари “Персеполис”, корти сурх гирифта, аз майдон хориҷ гардид, зада шуд. Дар ҳайати “Ал-Наср” капитан ё сарвони даста Криштиану Роналдуи португолӣ бозӣ кард, аммо гол назад ва дар охири дидор иваз шуд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Персеполис” бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад.

Дар даври дувуми мусобиқот «Истиқлол» 2-юми октябр дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Аль-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Табрез Исломов, Артур Карташян, Ромиш Ҷалилов, Седрик Гогуа, Иван Новоселетс, Денис Беганович, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+1), Эҳсони Панҷшанбе (Содиқҷон Қурбонов, 90+1), Алишер Ҷалилов, Сенин Себаи.

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи “Озодӣ”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Персеполис» (Эрон)

1

0

0

1

0-2

0

Даври 2-юм

2-юми октябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:00 ба вақти Душанбе

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG