Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Олмон хостанд, ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистону ҳамсояҳош аз ёд набарад


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) аз президенти Олмон хостааст, ки ҳангоми дидор бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, вазъи бади ҳуқуқи инсонро дар минтақа аз ёд набарад.

Созмони муътабари байнулмилалӣ 28-уми сентябр дар изҳороте гуфт, вазъи минтақа пас аз таҷовузи Русия ба хоки Украина эҳтимол аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯ хоҳад буд.

"Интизор меравад, Олмон аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бихоҳад, ки ба талошҳои Маскав барои истифодаи онҳо дар давр задани таҳримҳо розӣ нашаванд," – гуфт Ҳю Вилямсон, мудири Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Вай афзуд, "аммо Олмон набояд фурсатро барои фишор ба раҳбарони Осиёи Марказӣ дар робита ба вазъи бисёр бади ҳуқуқи башар дар минтақа аз даст бидиҳад."

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз Олмон даъват кардааст, ки бо истифода аз мавқеаш дар Осиёи Марказӣ нишон диҳад, ки "барои шарикии дарозмуддат бо Аврупо риояи ҳуқуқи башар ва эҳтиром ба волоияти қонун муҳим аст".

"Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъқибҳои дорои ангезаи сиёсӣ, саркӯби озодии баён ва беҷазоӣ барои шиканҷа ба таври густурда мушоҳида мешавад," – гуфтааст мудири Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Вай аз ҷумла аз саркӯби эътирозҳо дар Қазоқистону Узбекистон дар соли 2022 мисол овардааст, ки боис ба кушта шудани беш аз 250 кас шуд. HRW ҳукумати Тоҷикистонро барои “таъқиби мухолифон, саркӯби бераҳмонаи норозиён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” танқид кардааст.

“Таъсирҳои такондиҳандае, ки бар асари ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омадааст, раҳбарони Осиёи Марказиро водор кардааст, ки бо дигар муттаҳидон, аз ҷумла Аврупо робитаҳои наздиктар пайдо кунанд,” – гуфтааст Вилямсон.

Ӯ афзудааст, ки Олмон бояд аз ин ҳамкориҳои нав бештар истифода барад, “аммо бо шартҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқи мардуми тамоми минтақа мусоидат мекунанд.”

Роҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон рӯзи 29-уми сентябр бо мақомоти Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард. Онҳо ду ҳафта пеш бо раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден мулоқот доштанд.

Дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамоиши эътирозӣ баргузор хоҳанд кард. Мухолифони сиёсии ҳукуматҳои Узбекистон ва Туркманистон низ гуфтаанд, дар баробари дидори президентҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон ба тазоҳурот мебароянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG