Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Ҷалилов: Кӯшиш мекунем муқобили ситораҳои футболи ҷаҳонӣ бозии хуб нишон диҳем


Алишер Ҷалилов, сарвони дастаи "Истиқлол".
Алишер Ҷалилов, сарвони дастаи "Истиқлол".

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24-ро бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Ал-Наср» 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал»-и шаҳри Риёз соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Сарвони дастаи «Истиқлол» Алишер Ҷалилов дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо тими «Ал-Наср» ба хабарнигорон гуфт, «аз бозӣ интизориҳои зиёд дорем, зеро дар рӯ ба рӯи ситораҳои футболи ҷаҳонӣ вориди рақобат хоҳем шуд. Душвор хоҳад буд, аммо мо тамоми неруи худро сарф хоҳем кард, то як бозии хубро нишон диҳем. Роналду, Мане ва ҳамдастагонашон дар ин бозӣ мушкилиҳои зиёд эҷод хоҳанд кард, лекин мо ҳам ба ин бозӣ тайёрии хуб дидаем. Таҷрибаи бозӣ бо бошгоҳҳои Арабистони Саудиро дорем, бинобар ин умедворам бозӣ бисёр ҷолиб ҷараён хоҳад гирифт».

Зимнан, дар ҳайати “Ал-Наср” дурахшонтарин ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки португолӣ Криштиану Роналду аз ҷумлаи онҳост, бозӣ мекунанд.

Довари FIFA Ко Ҳюнг Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Шоми 1-уми октябр “Истиқлол” тамрини дувумашро дар варзишгоҳи асосии “Ал-Наср” анҷом дод.

Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Персеполис”-и Эрон 2-юми октябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа барпо мегардад. Ин бозӣ низ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 23:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Персеполис” бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17500 тамошогар.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ. Бе тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

1

1

0

0

2-0

3

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

1

0

1

0

0-0

1

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

1

0

1

0

0-0

1

4

«Персеполис» (Эрон)

1

0

0

1

0-2

0

Бозиҳои “Истиқлол” дар моҳи октябр:

Даври 2-юм

2-юми октябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 23:00 ба вақти Душанбе

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм

24-уми октябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 21:00 ба вақти Душанбе

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG