Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози ҳамбастагӣ. Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИА дар Украина


Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Киев, пойтахти Украина, гирдиҳам омаданд, то ба ин кишвари ҷангзада ибрози ҳамдардӣ кунанд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки дар мавриди коҳиши эҳтимолии ҳимояти низомии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз Украина нигарониҳое ба миён омадааст. Бахусус баъди пирӯзии ҳизбе дар Словакия, яке аз аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки мухолифи ёриҳои низомӣ ба Украина аст.

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина нишастро "таърихӣ" хонда, таъкид карданд, ки Украина дар байни 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ҷойгоҳи худро дорад.

Боррел гуфтааст, "мо инҷоем, то ҳамбастагӣ ва пуштибонии худро ба мардуми Украина иброз кунем". Бо вуҷуди ин изҳорот, вазирони корҳои хориҷии Лаҳистон ва Маҷористон дар нишасти Киев дида нашуданд ва дар иваз намояндагони сатҳи поини ин кишварҳо иштирок кардаанд.

Нахуствазири Маҷористон робитаҳои наздик бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дошта, ба ёриҳои ҳарбӣ ба Украина мухолифат кардааст. Ҳарчанд робитаҳои Лаҳистон бо Украина хуб аст, ахиран дар иртибот бо содироти ғалла тира шуда.
Украина дар моҳи июни соли 2022 ба ҳайси номзад ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо пазируфта шуд. Ин иқдом чанд моҳ пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли 2022 сурат гирифт.
Баҳсҳо дар мавриди узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо ва табдил шудан ба бистуҳаштумин узви ин иттиҳод мумкин аст солҳо тӯл бикашад.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Киев дар ҳоле баргузор шуд, ки дар натиҷаи мушакандозии Русия бар шаҳри Херсон як нафар кушта ва 6 тани дигар ба шумули ду кӯдак захмӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG