Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи даҳум барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон


Мусобиқаи даҳуми байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-5-уми октябри имсол дар ноҳияи Данғара доир мегардад.

Мусобиқаи даҳуми байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-5-уми октябри имсол дар ноҳияи Данғара доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки бори даҳум баргузор мешавад, ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, иштироки паҳлавонон аз Қазоқистон, Русия, Узбекистон, Эрон ва ғайра дар назар аст.

Мусобиқаи имсола аз рӯи ҳафт вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг) байни мардон ва се вазн (-52 кг, -57 кг, -63 кг) миёни занон сурат мегирад.

Ғолибону ҷоизадорон дар ҳар як вазн бо медалу ҷоизаҳои молӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дувум – 16 500 сомонӣ ва ҷойҳои севум бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Зимнан, мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон аз соли 2013 барпо мегардад. Қаблан шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқот буданд.

Дар мусобиқаи соли гузашта, ки моҳи сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҳафт вазн (панҷ вазн байни мардон ва ду вазн миёни занон) доир гардид, паҳлавонони тоҷик дар шаш вазн ва дар як вазн варзишгари Қазоқистон ғолиб шуданд.

Дар сабқати мардон Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило, Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 81 кило, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило ва Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило пирӯз гаштанд. Дар вазни то 100 кило паҳлавони қазоқ Бекарис Садукас мақоми авалро касб кард.

Дар сабқати занон варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кило ва Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кило ҷойи аввалро гирифтанд.

XS
SM
MD
LG