Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди заҳролудшудаҳо дар Бишкек ба 71 кас расид


Теъдоди онҳое, ки баъд аз истеъмоли шаурма дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, ба 71 расид.

Вазорати тандурустии Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр гуфт, 36 кас, аз ҷумла панҷ кӯдаки аз 10 то 14-сола бистарӣ шудаанд. Вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар охири моҳи сентябр муштариҳои ду нуқтаи ғизои умумӣ заҳролуд шуданд.

Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, сабаби заҳролудшавии онҳо шаурмае буд, ки дар нуқтаи ғизои умумии "Беш лаваш" ва "Мидос" дар кӯчаи Чуйи Бишкек тановул кардаанд. Ин ду нуқтаи ғизои умумӣ 72 ҳазор сом ҷарима ва то бартараф кардани камбудӣ баста шудаанд.

Дар гузашта ҳам дар шаҳри Бишкек борҳо ҳолатҳои заҳролудшавии муштариҳои ғизои умумӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG