Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ дар Душанбе "Bureau Systems Administrator" мегирад


Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе маъмури системаҳои Бюро (Bureau Systems Administrator) ҷустуҷӯ дорад.

Вазифаи маъмури системаҳои Бюро пешниҳоди гузориш ба мудири бахши техникӣ дар Прага, ҳамоҳанг кардани корҳои техникӣ бо мудири дафтар дар Душанбе ва мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мебошад.

Ӯ рӯзона вазифаи гуногунеро дар робита ба таъмир ва нигаҳдории таҷҳизоти дафтар ва шабакаҳо анҷом медиҳад. Дар ҳолати зарурӣ бо бахшҳои дигари техникӣ ҳамкорӣ мекунад.

Довталаб бояд санади донишгоҳиро дар яке аз бахшҳои технологӣ дошта, камаш се сол дар вазифаи ҳамсон кор карда бошад.

Донистани забонҳои тоҷикиву англисӣ ҳатмӣ аст, донистани забони русӣ истиқбол мешавад.

Тафсилот ба забони англисӣ ва дар инҷост

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG