Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори даҳум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 тими «Равшан»-и Кӯлобро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1) шикаст дод, бори даҳум Ҷоми миллиро соҳиб шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023, имрӯз, 1-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 13 ҳазор тамошогар доир гардид.

Дар нимаи аввали дидор бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале муваффақ нашуданд. Пеш аз танаффус баъди зарбаҳои футболбозони «Равшан» ду бор тӯб ба сутун ва тири дарвоза бархӯрд.

Нимаи дувуми бозӣ низ пуршиддат гузашт. Дарвозабонҳо – Рустам Ятимов («Истиқлол») ва Евгений Гритсенко («Равшан», легионери укроинӣ) – маҳорати баланд нишон дода, дарвозаашонро аз гол эмин доштанд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 50-уми дидор ҳимоятгари «Истиқлол» Табрез Исломов, ки муқобили рақибаш хатар эҷод кард, корти сурх гирифта, аз майдон берун шуд.

Замони асосии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Сардовари бозӣ Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак тибқи дастури мусобиқот 30 дақиқа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин кард.

Ҷозеф Акомади, легионери африқоии «Равшан», дар қисми аввали замони изофа бархе аз ҳимоятгарони «Истиқлол»-ро фиреб дода, бо зарбаи сахт аз масофаи дур дар дақиқаи 100-ум ҳисобро кушод.

Аммо пас аз шаш дақиқа ҳимоятгари «Истиқлол» Содиқҷон Қурбонов тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастааш Ҳамадонӣ Камоловро аз масофаи наздик вориди дарвоза намуда, ҳисобро баробар кард.

Замони изофа бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Барои муайян кардани дастаи ғолиб силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин шуд.

Бозигарони» Истиқлол» Артур Карташян, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов ва Денис Беганович тӯбро ба ҳадаф расонданд. Футболбозони «Равшан» Холмурод Назаров, Айдан Окран низ муваффақ шуданд, вале Ҷозеф Акомади ва Евгений Гритсенко натавонистанд тӯбро ба нишон расонанд. Тӯби задаи Акомади ба тири дарвоза бархӯрд. Тӯби задаи дарвозабон Гритсенкоро ҳамтояш Рустам Ятимов баргардонд.

Ба ин тартиб, дастаи «Истиқлол» бо раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко пирӯз шуд ва бо Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло сарфароз гашт.

Ба дастаи «Равшан», ки сармураббиаш Тоҳирҷон Муъминов аст, медалҳои нуқра тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 30-юм доир шуд. Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Равшан» бори аввал бо ҳам рӯбарӯ шуданд.

Ҳамин тариқ, «Истиқол» 14 бор ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, аз ҳама бештар - 10 бор- Ҷоми миллиро ба даст овардааст.

«Равшан» бошад, се бор (соли 2003, замоне ки даста «Олимп-Ансол» ном дошт), ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромада, ду бор - солҳои 1994 ва 2020 - барандаи ин мусобиқот шудааст.

Ҷоми Тоҷикистон-2023

Финал

«Истиқлол» – «Равшан» - 1:1 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1). Аз рӯи пеналти – 4:2

Голҳо: Ҷозеф Акомади, 100 (1:0), Содиқҷон Қурбонов, 106 (1:1).

Силсилаи пеналти: голҳои »Истиқлол» - Артур Карташян, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов ва Денис Беганович, голҳои «Равшан» - Холмурод Назаров, Айдан Окран. Тӯбро натавонистанд ба нишон расонанд - Ҷозеф Акомади (тири дарвоза), Евгений Гритсенко (дарвозабон баргардонд).

«Равшан» (Кӯлоб): Евгений Гритсенко,, Раҳматшо Раҳматзода, Самуэл Офори, Холмурод Назаров (сарвони даста), Муҳаммадҷон Насков (Шаҳриёри Иноятулло, 88), Бахтовари Хуршед, Айдан Окран, Эммануэл Маабуах (Масрур Қиёмиддинов, 62,), Эммануэл Мваненго (Ҷозеф Акомади, 75), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Амирҷон Сафаров (Абдуфаттоҳ Худойдодзода, 88).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Содиқҷон Курбонов, Иван Новоселетс, Табрез Исломов, Ромиш Ҷалилов, Эхсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 116), Денис Беганович, Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Ҳамадонӣ Камолов (Артур Карташян, 118), Шервонӣ Мабатшоев (Аҳтам Назаров, 55), Сенин Себай.

Аз майдон хориҷ шуд: Табрез Исломов, 50 – бозии хатарнок муқобили рақиб.

1-уми ноябр. Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ, 13 000 тамошогар.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2023):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4

2023 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 4:2.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG