Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: Мекӯшем, ки бозии зебо нишон диҳем


Бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои  «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон шоми имрӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад.

Дар арафаи бозӣ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Эрон, шоми душанбеи 6-уми ноябр, дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Игор Черевченко, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт “футбол ба мисли театр аст. Ба театр тамошобинон барои дидани намоиши ҷолиб меоянд. Дар футбол ҳам чунин аст. Мо дар хона бозӣ мекунем. Умедворем, ки мухлисон моро дастгирӣ менамоянд ва варзишгоҳ пур аз тамошобинон мешавад. Рақибамон дастаи хубу пурқувват аст. Онҳо инро дар бозии аввал нишон доданд. Кӯшиш мекунем, ки бозии зебою оштинопазир нишон диҳем. “

Довари FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Муҳаммад Ал-Алӣ аз Кувайт сардовари бозии “Истиқлол” – “Персеполис” таъйин гардидааст.

Футболбозони «Истиқлол» бо пироҳани сурх ва меҳмонон бо пироҳани сафед ба майдон меоянд.

Нархи билет барои тамошои ин бозӣ барои минбари ғарбӣ 50 сомонӣ ва барои се минбари дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

«Истиқлол»-и Душанбе дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз тими «Персеполис»-и Теҳрон, ки сармураббиаш Яҳё Гулмуҳаммадӣ аст, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозӣ, ки 24-уми октябр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон баргузор шуд, ҳарду голро ҳамлагар

Саид Содиқӣ дар дақиқаҳои 44-ум ва 71-ум ба самар расонид.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис” бо 6 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. “Ал-Дуҳайл”-и Қатар ва “Истиқлол” якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бозии дигари даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гурӯҳи “Е” 7-уми ноябр дар шаҳри Давҳаи Қатар байни дастаҳои «Ал-Дуҳайл» ва «Ал-Наср» соати 23:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Давҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

3

3

0

0

9-4

9

2

«Персеполис» (Эрон)

3

2

0

1

3-2

6

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

3

0

1

2

3-5

1

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

0

1

2

1-5

1

Даври 4-ум

7-уми ноябр (сешанбе)

19:00. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон)

23:00 (ба вақти Душанбе). «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG