Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун дар Душанбе бо ҳам рӯбарӯ мешаванд


Мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Урдун дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G” шоми панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Пеш аз ин бозӣ, имрӯз, 15-уми ноябр, дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мешавад, ки дар он сармураббиёни ҳарду даста ба саволҳои хабарнигорон посух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Урдун дар таърихи худ бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд. Дар се дидор урдуниҳо ва дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд:

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Урдун дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 82-юм ва Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор доранд.

Мунтахаби Урдун бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Оммут 13-уми ноябр ба Душанбе омад. Ситораи асосии даста нимҳимоятгари 26-сола Мусо Сулаймон Ал-Тамарӣ аст, ки дар бошгоҳи фаронсавии «Монпеле» бозӣ мекунад. Нархи ӯ 5 миллион евроро ташкил медиҳад, ҳол он ки нархи тамоми ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи маълумоти оҷонсии transfermarkt 4,13 млн евро мебошад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, 24 бозигар даъват шудааст, ки нӯҳ нафарашон легионеранд: ҳимоятгарон - Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучехр Сафаров («Локомотив», Узбекистон); нимҳимоятгарон - Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия); ҳамлагарон - Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова).

Даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов; ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов; нимҳимоятгарон - Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Айнӣ.

Инчунин якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи футболи Тоҷикистон мебошанд: дарвозабон - Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан); ҳимоятгар - Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб); нимҳимоятгар - Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе); ҳамлагарон - Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро гурӯҳи доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунанд.

Сардовари бозӣ довари 46-солаи FIFA Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсӣ таъйин шудааст.

Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат мекунад. Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ мебошад.

Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 50 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин нархи билети дараҷаи VIP 200 сомонӣ мебошад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 ба гурӯҳи G шомил аст ва рақибонаш ба ғайр аз Урдун, тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон мебошанд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севум роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «G»

Даври 1-ум

16-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

Тоҷикистон – Урдун

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG