Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2026: Натиҷаҳои бозиҳои даври аввали марҳилаи дувуми интихобӣ


Бозиҳои даври аввали марҳилаи дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 шаби панҷшанбеи 16-уми ноябр ба поён расиданд.

Марҳилаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Дар даври муқаддамотӣ аз 18 бозӣ дар 11-тоаш мизбонон ва дар 5-тоаш меҳмонон пирӯз гаштанд, 2 дидор мусовӣ шуд.

Натиҷаҳои бозиҳои даври аввал ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи А

Кувайт – Ҳиндустон – 0-1, Қатар – Афғонистон – 8-1.

1. Қатар – 3 имтиёз. 2. Ҳиндустон – 3. 3. Кувайт- 0. 4. Афғонистон – 0.

Гурӯҳи В

Сурия – Кореяи Шимолӣ – 1-0, Ҷопон – Мянмар – 5-0.

1. Ҷопон – 3 имтиёз. 2. Сурия – 3. 3. Кореяи Шимолӣ - 0. 4. Мянмар – 0.

Гурӯҳи С

Тайланд – Чин – 1-2, Кореяи Ҷанубӣ – Сингапур – 5-0.

1. Кореяи Ҷанубӣ – 3 имтиёз. 2. Чин – 3. 3. Тайланд - 0. 4. Сингапур – 0.

Гурӯҳи D

Умон – Тайпейи Чин – 3-0, Малайзия – Қирғизистон – 4-3.

1. Умон– 3 имтиёз. 2. Малайзия – 3. 3. Қирғизистон - 0. 4. Тайпейи Чин – 0.

Гурӯҳи Е

Эрон – Ҳонконг – 4-0, Туркманистон – Узбекистон – 1-3.

1. Эрон – 3 имтиёз. 2. Узбекистон – 3. 3. Туркманистон - 0. 4. Ҳонконг – 0.

Гурӯҳи F

Ироқ – Индонезия – 5-1, Филиппин - Ветнам – 0-2.

1. Ироқ – 3 имтиёз. 2. Ветнам – 3. 3. Филиппин - 0. 4. Индонезия – 0.

Гурӯҳи G

Тоҷикистон – Урдун – 1-1, Арабистони Саудӣ – Покистон – 4-0.

1. Арабистони Саудӣ – 3 имтиёз. 2. Урдун– 1. 3. Тоҷикистон - 1. 4. Покистон – 0.

Гурӯҳи Н

Яман – Баҳрайн – 0-2, Имороти Муттаҳидаи Араб – Непал – 4-0.

1. Иморот – 3 имтиёз. 2. Баҳрайн – 3. 3. Яман - 0. 4. Непал – 0.

Гурӯҳи I

Лубнон – Фаластин – 0-0, Австралия – Бангладеш – 7-0.

1. Австралия – 3 имтиёз. 2. Лубнон – 1. 3. Фаластин - 1. 4. Бангладеш – 0.

Мусовии аламовари Тоҷикистон бо Урдун

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи G шоми панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар охири дидор тамошогарон шоҳиди ду гол шуданд. Ҳуҷуми мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум бомуваффақият анҷом дод.

Язан Ал-Наймат дар дақиқаи сеюми ба замони асосии дидор изофакардаи сардовари бозӣ ҳисобро баробар кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Урдун бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Амутаи 51-сола, мутахассиси марокашӣ, дар сафар як имтиёз гирифт.

Аммо мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, пирӯзиашро ҳифз карда натавонист ва дар майдони худ аз ду имтиёз маҳрум гашт.

Натиҷаи мусовӣ ва пирӯзии аздастрафта барои мураббиёну футболбозон ва мухлисони футболи тоҷик аламовар шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи G тими миллии Арабистон Саудӣ дар майдони худ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот рӯзи сешанбеи 21-уми ноябр дар шаҳри Исломобод бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (сарвони даста, Табрез Исломов, 77),

Парвизҷон Умарбоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 90+3), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 74).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-0

3

2.

Урдун

1

0

1

0

1-1

1

3.

Тоҷикистон

1

0

1

0

1-1

1

4

Покистон

1

0

0

1

0-4

0

Даври 2-юм

21-уми ноябр (сешанбе)

14:00 (Бо вақти Душанбе) Покистон - Тоҷикистон

21:00 (Бо вақти Душанбе) Урдун – Арабистони Саудӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG