Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот миёни навҷавонон беш аз 170 варзишгар аз 15 кишвари Осиё ширкат дошт.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон 9 писар ва 3 духтарро сафарбар намуд:
Писарон:
Умар Шеров (-60 кг)
Набии Нуралӣ (-66 кг)
Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг)
Суннатулло Мусоев (-73 кг)
Абубакр Шеров (-73 кг)
Суннатулло Лоиқов (-81 кг)
Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг)
Умедҷон Раҷабов (-90 кг)
Музамир Каримзода (-90 кг)
Духтарон:
Мадина Қурбонзода (-52 кг)
Аҳлия Муъминова (-52 кг)
Ҷонона Назарова (-63 кг)
Аз байни навҷавонони тоҷик ду нафар – Абубакр Шеров байни писарон ва Аҳлия Муъминова миёни духтарон, ки дар рақобатҳо дар вазни худ ҷои дувумро гирифтанд, бо медали нуқра сарфароз гаштанд.
Се нафари дигар - Суннатулло Мусоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Умедҷон Раҷабов – дар рақобатҳо миёни писарон барои ҷои севум дар вазни худ бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар мусобиқоти навҷавонон мунтахаби Узбекистон бо касби 16 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳибӣ кард.
Дастаи Қазоқистон ба касби 11 медал (5 тилло,
2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Қирғизистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) севум шуданд.
Кореяи Ҷанубӣ бо касби 6 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 4 биринӣ) ҷойгоҳи чаҳорумро азони худ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми панҷумро гирифт.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар Тошканд баргузор шуд, се медали тилло ба даст оварданд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти наврасон 10 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон намояндагӣ карданд:
Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг)
Икром Шамсов (-55 кг)
Ёсин Бобокалонов (-60 кг)
Ворис Назаров (-66 кг)
Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг)
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг)
Ҷаҳонгир Норов (-81 кг)
Яҳё Алиев (-90 кг)
Аҳмад Табаров (+90 кг)
Шоҳмирхурди Бурҳонзода (+90 кг)
Духтарон:
Мадина Қурбонзода (-48 кг)
Аз байни онҳо се нафар – Лоиқ Қутбуддинов, Ёсин Бобокалонов ва Муҳиддин Асадуллоев, ки дар рақобатҳо байни писарон дар вазни худ ҷои аввалро гирифтанд, бо медали тилло сарфароз гаштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар мусобиқоти наврасон мунтахаби Узбекистон бо касби 9 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали тилло мақоми дувумро азони худ кард.
Дастаи Қазоқистон ба касби 8 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) севум ва мунтахаби Қирғизистон бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) чаҳорум шуданд.