Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Покистон ба Исломобод сафар кард


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои анҷом додани бозӣ бо тими миллии Покистон субҳи имрӯз, 20-уми ноябр, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри чартерӣ ба Исломобод сафар кард.

Бозии даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Покистону Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 21-уми ноябр дар варзишгоҳи "Ҷинноҳ"-и шаҳри Исломобод соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мулоқои сафири Покистон бо мунтахаби Тоҷикистон

Дар остонаи бозии тимҳои миллии Покистону Тоҷикистон сафири фавқулода ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот кард.

Сафир ба футболбозони тоҷик сафари нек таманно карда, иброз дошт, ки барои тими миллии Покистон роҳ ёфтан ба марҳилаи дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастоварди бузург аст.

Манучеҳр Ҷалилов мо бо туем!

Беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ки баъди давраи барқароршавии саломатиаш аз Маскав ба Душанбе баргашт, 19-уми ноябр дар қароргоҳи тими миллии кишвар бо ҳамдастаҳояш суҳбати гарме анҷом дод.

Мураббиёну футболбозон ва маъмурони дастаи мунтахаб ба ҳамлагар шифои комил таманно карда, орзу намуданд, ки ҳарчӣ зудтар ба майдони футбол баргардад.

Мусовии Тоҷикистон бо Урдун дар даври аввал

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи G 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар охири дидор тамошогарон шоҳиди ду гол шуданд. Ҳуҷуми мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум бо гол анҷом дод.

Бозигари мунтахаби Урдун Язан Ал-Наймат дар дақиқаи сеюми ба замони асосии дидор изофашуда ҳисобро баробар кард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пирӯзиашро ҳифз карда натавонист ва дар майдони худ аз ду имтиёз маҳрум гашт.

Дар бозии дигари гурӯҳи G тими миллии Арабистон Саудӣ дар майдони худ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо се имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Урдуну Тоҷикистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.

Марҳилаи дувуми итихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ баргузор шудааст. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-0

3

2.

Урдун

1

0

1

0

1-1

1

3.

Тоҷикистон

1

0

1

0

1-1

1

4

Покистон

1

0

0

1

0-4

0

Даври 2-юм

21-уми ноябр (сешанбе)

14:00 (Бо вақти Душанбе) Покистон - Тоҷикистон

21:00 (Бо вақти Душанбе) Урдун – Арабистони Саудӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG