Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Исроил ба беморхонаҳои Ғаззаро танқид карданд


Як биное, ки бар асари ҳамлаи Исроил хароб шудааст.
Як биное, ки бар асари ҳамлаи Исроил хароб шудааст.

Мақомоти Исроил рӯзи 19-уми ноябр наворҳоеро аз як нақби зеризаминӣ нашр карданд ва иддао карданд, ки ин пойгоҳи гурӯҳи ҲАМОС дар зери беморхонаи “Аш-Шифо”-и Ғазза ҳаст.

Пештар Исроил ба ин беморхонаи бузургтарин дар Ғазза ҳамла кард ва иддао кард, ки дар зери он маркази фармондеҳии ҲАМОС ҷойгир аст. Гурӯҳи ҲАМОС, ки дар Аврупо ва Амрико террористӣ эълон шудааст, инро рад кард. Мақомоти беморхонаи “Аш-Шифо” ҳам гуфтанд, ҳеч пойгоҳе дар зери беморхона вуҷуд надорад. Ҳеч гурӯҳи мустақил ҳам иддаои Исроилро тасдиқ накардааст.

Ба гуфтаи низомиёни Исроил, ин нақб 10 метр дар зери замини беморхона буда, 55 метр дарозӣ дорад. Мақомоти Исроил гуфтанд, деворҳои бетонии он шабеҳи нақбҳое ҳаст, ки ҲАМОС истифода мекунад.

Даҳҳо кӯдаки навзод ва дигар беморон маҷбур шудаанд, ки беморхонаи “Аш-Шифо”-ро тарк кунанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, 11 навзоде, ки аз беморхона берун шудаанд, дар ҳолати хеле бад қарор доранд.

Созмони Милали Муттаҳид Исроилро сахт танқид кард, ки ба ҷони занону кӯдакон ва беморон раҳм намекунад.

Исроил бо баҳонаи ҷанг бо ҲАМОС ба беморхонаҳо ва паноҳгоҳҳо ҳамла мекунад. Дар ҳамлаи рӯзи гузаштаи Исроил ба беморхонаи индонезӣ дар Ғазза беш аз даҳ нафар кушта шудааст.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса рӯзи якшанбе дар суҳбат бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфтааст, дар Ғазза “қурбониён дар миёни аҳолии осоишта аз ҳад афзоиш ёфтааст.”

Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба хоки ин кишвар, ки 1200 кушта ба ҷой гузошт ва ин гурӯҳ беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт, дар Ғазза амалиёт оғоз кард. Дар ҷанги Исроил бо ҲАМОС беш аз 12 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд. Созмонҳои ҷаҳонӣ Исроилро ба бераҳмӣ нисбат ба аҳолии осоишта айбдор карданд ва аз ин кишвар хостанд, оташбас эълон кунад. Исроил даъватҳо ба оташбасро то кунун нодида гирифтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG