Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6:1 -Мунтахаби Тоҷикистон дарвозаи Покистонро голборон кард


Тамрини тими миллии Тоҷикистон
Тамрини тими миллии Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ тими миллии Покистонро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ» (Jinnah Stadium)-и шаҳри Исломобод имрӯз, 21-уми ноябр, баргузор шуд.

Футболбозони тоҷик бо пероҳанҳои сафед ва мизбонон бо пероҳанҳои сабз ба майдон омаданд.

Панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами меҳмонон оғоз ёфт ва ба онҳо муяссар шуд, ки дар дақиқаи 9-ум ҳисобро кушоянд. Тӯби аз сутуни дарвоза бозгаштаро Ҳамадонӣ Камолов бо зарбаи сахт ба ҳадаф расонд.

Баъди чаҳор дақиқа боз футболбозони тоҷик муваффақ шуданд. Тӯбро аз масофаи дур Рустам Соиров ба дарвозаи мизбонон ворид кард.

Дар дақиқаи 21-ум Рашис Набӣ, бозигари мизбонон, аз масофаи тахминан 20 метр зарбаи ногаҳонӣ зад. Рустам Ятимов маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.

Голи сеюми мунтахаби Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 26-ум аз назди хатти ҷаримагоҳ вориди дарвоза кард.

Дар охири нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 45-ум, Эҳсони Панҷшанбе аз дохили ҷаримагоҳ голи чаҳоруми дастаашро ба ҳадаф расонд.

Дастаҳо бо ҳисоби 4:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дуюми дидор низ футболбозони тоҷик фаъол буданд. Дар дақиқаи 66-ум Ҳамадонӣ Камолов голи панҷуми дастааш ва голи дуюми худро дар ин бозӣ аз ҷаримагоҳ, аз масофаи 16 метр, ба самар расонд.

Ва, ниҳоят, голи охирин ва шашуми мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 90+1 Шаҳром Самиев зад. Вай тӯбро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, пирӯзӣ бо ҳисоби бузурги 6:1 ва се имтиёзи дар сафар бадастомада сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ ва шогирдонашро хушҳол кард.

Мунтахаби Тоҷикистон ба Исломобод бо 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар рафта буд, ки нӯҳ нафарашон легионеранд, даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи дигари лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошанд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистонро ҳакамон аз Ҷопон доварӣ карданд. Юсуке Араки сардовари бозӣ буд.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон аз ин пеш ду бор бо ҳам рӯбарӯ шуда буданд ва дар ҳарду бозӣ дар доираи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) футболбозони тоҷик бо натиҷаҳои 2:0 ва 1:0 ғолиб омадаанд.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 109-ум ва Покистонн дар зинаи 193-юм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G бозиро 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Мунтахаби Покистон бошад, бо раҳбарии сармараббӣ Стивен Константайн, мутахассиси 61-солаи англис, дар нахустин бозиаш дар сафар аз тими миллии Арабистон Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрда буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз аз 2 бозӣ пешсаф аст.

Мунтахаби Арабистони Саудӣ бо се имтиёз аз як бозӣ дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дастаи Урдун бо як имтиёз аз як бозӣ дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин аст.

Бозии дигари лаври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Урдун ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 21-уми ноябр соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Марҳилаи дуюми итихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон – 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Ҳамадонӣ Камолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров (Содиқҷон Қурбонов, 84), Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Парвизҷон Умарбоев (Руслан Хайлоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов (Алиҷони Айнӣ, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 84), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 68).

21-уми ноябр. Исломобод, варзишгоҳи “Ҷинноҳ”.

21:00 (Бо вақти Душанбе) Урдун – Арабистони Саудӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

1

1

0

7-2

4

2.

Арабистони Саудӣ

1

1

0

0

4-0

3

3.

Урдун

1

0

1

0

1-1

1

4

Покистон

2

0

0

2

1-10

0

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG