Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ дар меҳмонӣ Урдунро шикаст дод


Ҳаводорони тими миллии футболи Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ.
Ҳаводорони тими миллии футболи Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ.

Тими миллии Арабистони Саудӣ дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ мунтахаби Урдунро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Умон, пойтахти Урдун, шаби сешанбеи 21-уми ноябр пуршиддату ҷолиб гузашт.

Дар нимаи аввали дидор Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, бозигари Арабистони Саудӣ, дар дақиқаҳои 8-ум ва 30-юм ду гол зад.

Дар нимаи дуюми бозӣ ҳарчанд футболбозони мунтахаби Урдун талош карданд, аммо муваффақ нашуданд.

Мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки бо раҳбарии сармураббӣ Роберто Манчинии 58-солаи итолиёвӣ, дар меҳмонӣ се имтиёз гирифт, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали гурӯҳи G мустаҳкам кард.

Ёдовар мешавем, дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ тими миллии Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ» (Jinnah Stadium)-и шаҳри Исломобод рӯзи 21-уми ноябр доир гардид.

Панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум Ҳамадонӣ Камолов боз кард.

Баъди чаҳор дақиқа Рустам Соиров голи дуюми мунтахаби Тоҷикистонро ба самар расонд.

Дар дақиқаи 21-ум Рашис Набӣ, бозигари мизбонон, ҳисобро тағйир дод.

Тӯби сеюми мунтахаби Тоҷикистонро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 26-ум вориди дарвоза кард.

Дар дақиқаи 45-ум Эҳсони Панҷшанбе голи чаҳоруми дастаи Тоҷикистонро ба ҳадаф расонд.

Дастаҳо бо ҳисоби 4:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дуюми дидор низ футболбозони тоҷик фаъол буданд ва боз ду гол заданд.

Дар дақиқаи 66-ум Ҳамадонӣ Камолов голи панҷуми дастаашро ба самар расонд.

Ва, ниҳоят, голи охирин ва шашуми мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 90+1 Шаҳром Самиев зад.

Ҳамин тариқ, пирӯзӣ бо ҳисоби бузурги 6:1 ва се имтиёзи дар сафар бадастомада сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ ва шогирдонашро хушҳол кард.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон аз ин пеш ду бор бо ҳам рӯбарӯ шуда буданд ва дар ҳарду бозӣ дар доираи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) футболбозони тоҷик ғолиб омаданд (2:0 ва 1:0).

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 109-ум ва Покистонн дар зинаи 193-юм қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G бозиро 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Мунтахаби Покистон бошад, бо раҳбарии сармараббӣ Стивен Константайн, мутахассиси 61-солаи англис, дар нахустин бозиаш дар сафар аз тими миллии Арабистон Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрда буд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал аст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин аст.

Бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G соли оянда баргузор мешаванд.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон 21-уми марти соли 2024 дар меҳмонӣ бо тими миллии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Марҳилаи дуюми итихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон – 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Ҳамадонӣ Камолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров (Содиқҷон Қурбонов, 84), Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Парвизҷон Умарбоев (Руслан Хайлоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов (Алиҷони Айнӣ, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 84), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 68).

21-уми ноябр. Исломобод, варзишгоҳи “Ҷинноҳ”. 18 316 тамошогар.

Урдун – Арабистони Саудӣ – 0:2

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 8 (0:1), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 30 (0:2).

21-уми ноябр. Умон, Варзишгоҳи байналмилалӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

6-0

6

2.

Тоҷикистон

2

1

1

0

7-2

4

3.

Урдун

2

0

1

0

1-3

1

4

Покистон

2

0

0

2

1-10

0

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи G дар соли 2024:

Даври 3-юм

21-уми март (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

Покистон - Урдун

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Урдун - Покистон

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ –

Даври 5-ум

6-уми июн (панҷшанбе)

Покистон - Арабистони Саудӣ

Урдун – Тоҷикистон

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

Тоҷикистон - Покистон

Арабистони Саудӣ - Урдун

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG