Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳон-2026: Талоши 36 дастаи Осиё дар мусобиқоти интихобӣ


Бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё шаби сешанбеи 21-уми ноябр ба поён расиданд.

Мусобиқоти марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ сурат гирифтааст.

Дар даври дуюм аз 18 бозӣ дар 13-тоаш меҳмонон ва дар яктоаш мизбонон пирӯз гаштанд, 4 дидор мусовӣ шуд.

Натиҷаҳои бозиҳои даври дуюм ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Афғонистон - Кувайт – 0-4, Ҳиндустон – Қатар - 0-3.

1. Қатар – 6 имтиёз. 2. Кувайт – 3. 3. Ҳиндустон – 3. 4. Афғонистон – 0.

Гурӯҳи В

Сурия – Ҷопон - 0-5, Мянмар – Кореяи Шимолӣ – 1-6

1. Ҷопон – 6 имтиёз. 2. Кореяи Шимолӣ – 3. 3. Сурия – 3. 4. Мянмар – 0.

Гурӯҳи С

Чин - Кореяи Ҷанубӣ – 0-3, Сингапур - Тайланд - 1-3.

1. Кореяи Ҷанубӣ – 6 имтиёз. 2. Тайланд – 3. Чин – 3. 4. Сингапур – 0.

Гурӯҳи D

Қирғизистон –Умон – 1-0, Тайпейи Чин – Малайзия – 0-1.

1. Малайзия – 6 имтиёз. 2. Умон– 3 3. Қирғизистон - 3. 4. Тайпейи Чин – 0.

Гурӯҳи Е

Узбекистон – Эрон – 2-2, Ҳонконг – Туркманистон –2-2.

1. Эрон – 4 имтиёз. 2. Узбекистон – 4. 3. Туркманистон - 1. 4. Ҳонконг – 1.

Гурӯҳи F

Ветнам – Ироқ – 0-1, Филиппин - Индонезия – 1-1.

1. Ироқ – 6 имтиёз. 2. Ветнам – 3. 3. Филиппин - 1. 4. Индонезия – 1.

Гурӯҳи G

Покистон - Тоҷикистон – 1-6, Урдун Арабистони Саудӣ – 0-2.

1. Арабистони Саудӣ – 6 имтиёз. 2. Тоҷикистон - 4. 3. Урдун– 1. 4. Покистон – 0.

Гурӯҳи Н

Баҳрайн – Имороти Муттаҳидаи Араб –0-2, Непал - Яман – 0-2.

1. Иморот – 6 имтиёз. 2. Баҳрайн – 3. 3. Яман - 3. 4. Непал – 0.

Гурӯҳи I

Фаластин - Австралия – 0-1, Бангладеш - Лубнон – 1-1.

1. Австралия – 6 имтиёз. 2. Лубнон – 2. 3. Фаластин - 1. 4. Бангладеш – 1.

Пирӯзии Тоҷикистон ба Покистон бо ҳисоби бузург

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ тими миллии Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ» (Jinnah Stadium)-и шаҳри Исломобод рӯзи 21-уми ноябр доир гардид.

Панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Ҳамадонӣ Камолов, Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев ва Эҳсони Панҷшанбе ба самар расониданд.

Як голи мунтахаби Покистонро Рашис Набӣ зад.

Ду голи дигари мунтахаби Тоҷикистонро Ҳамадонӣ Камолов ва Шаҳром Самиев дар нимаи дуюми дидор вориди дарвозаи мизбонон карданд.

Ҳамин тариқ, пирӯзӣ бо ҳисоби бузурги 6:1 ва се имтиёзи дар сафар бадастомада сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ ва шогирдонашро хушҳол кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври авал бозиро 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Мунтахаби Покистон бошад, бо раҳбарии сармараббӣ Стивен Константайн, мутахассиси 61-солаи англис, дар нахустин бозиаш дар сафар аз тими миллии Арабистон Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0:4 шикаст хӯрда буд.

Арабистони Саудӣ – пешсафи гурӯҳи G

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки бо раҳбарии сармураббӣ Роберто Манчинии 58-солаи итолиёвӣ дар бозии дуюмаш дар меҳмонӣ тими миллии Урдунро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард, бо касби 6 имтиёз мавқеашро дар ҷойгоҳи аввал мустаҳкам намуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин аст.

Бозиҳои боқимонда соли 2024 барпо мегарданд

Бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G соли оянда баргузор мешаванд.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон 21-уми марти соли 2024 дар меҳмонӣ бо тими миллии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Шонси мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба марҳилаи сеюм чӣ гуна аст?

Мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба марҳилаи сеюми мусобиқот аз ҷиҳати назариявӣ шонс дорад. Барои ин ба футболбозони тоҷик зарур аст, ки дар чаҳор бозии боқимонда камаш 6 имтиёз ба даст биёранд.

Вале ин кор барояшон мушкил аст. Зеро онҳо бо мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки ба ғолиб шудани ин даста дар гурӯҳ шубҳае нест, ду бозӣ анҷом медиҳанд.

Инчунин футболбозони тоҷик бо рақиби асосии худ, довталаби роҳхати дуюм – мунтахаби Урдун – дар сафар бозӣ мекунанд, ки мағлуб кардани он ба гумон аст.

Ба пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ҷавобӣ бо тими Покистон дар Душанбе шубҳае нест.

Урдуниҳо бошанд, аз чаҳор бозӣ имкон доранд, ки 9 имтиёз ба даст биёранд. Барояшон танҳо бозӣ дар сафар бо тими Арабистони Саудӣ мушкил хоҳад шуд.

Аммо пешгӯӣ дар футбол душвор аст, зеро он на ҳамеша дуруст мебарояд. Аз ин рӯ, мухлисони футболи тоҷик дар бозиҳои оянда ба пирӯзиҳои тими миллии кишвар умед мебанданд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:1

Голҳо: Шаҳром Самиев, 89 (1:0), Язан Ал-Наймат (90+3 (1:1).

16-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 650 тамошогар.

Арабистони Саудӣ - Покистон - 4:0

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 6 (1:0), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 48 (2:0), Абдулраҳмон Ғариб, 90+1 (3:0), Абдуллоҳ Радиф, 90+6 (4:0).

16-уми ноябр. Варзишгоҳи Al-Fateh Club Stadium (Al Hofuf).

Даври 2-юм

Покистон – Тоҷикистон – 1:6

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 9 (0:1), Рустам Соиров, 13 (0:2), Рашис Набӣ, 21 (1:2), Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3), Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Ҳамадонӣ Камолов, 66 (1:5), Шаҳром Самиев, 90+1 (1:6).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучехр Сафаров (Содиқҷон Қурбонов, 84), Ваҳдат Ҳанонов, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Парвизҷон Умарбоев (Руслан Хайлоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Алишер Ҷалилов (Алиҷони Айнӣ, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов (Шервонӣ Мабатшоев, 84), Рустам Соиров (Шаҳром Самиев, 68).

21-уми ноябр. Исломобод, варзишгоҳи “Ҷинноҳ”. 18 316 тамошогар.

Урдун – Арабистони Саудӣ – 0:2

Голҳо: Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 8 (0:1), Солеҳ Ал-Шеҳрӣ, 30 (0:2).

21-уми ноябр. Умон, Варзишгоҳи байналмилалӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи G

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арабистони Саудӣ

2

2

0

0

6-0

6

2.

Тоҷикистон

2

1

1

0

7-2

4

3.

Урдун

2

0

1

0

1-3

1

4

Покистон

2

0

0

2

1-10

0

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи G дар соли 2024:

Даври 3-юм

21-уми март (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

Покистон - Урдун

Даври 4-ум

26-уми март (сешанбе)

Урдун - Покистон

Тоҷикистон - Арабистони Саудӣ –

Даври 5-ум

6-уми июн (панҷшанбе)

Покистон - Арабистони Саудӣ

Урдун – Тоҷикистон

Даври 6-ум

11-уми июн (сешанбе)

Тоҷикистон - Покистон

Арабистони Саудӣ - Урдун

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG