Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд


Tajikistan,Dushanbe city, tajik futsal club "Istiqlol".
Tajikistan,Dushanbe city, tajik futsal club "Istiqlol".

Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 гардид.

“Истиқлол” бо раҳбарии сармураббӣ Александр Забирадзе, мутахассиси гурҷӣ, дар бозии панҷуми ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ тими “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, аввалин бор дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони футзали Тоҷикистон даст ёфт.

Бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ ҷолибу пуршиддат сурат гирифт.

Арстанбек Турсунов, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 10-ум ҳисобро боз кард.

Панҷ дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал Бахтиёр Солиев, бозигари «Соро компания» ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми дидор се гол зада шуд. Шавкат Ҳалимов дар дақиқаи 24-ум «Истиқлол»-ро ба пеш баровард.

Баъдан «Соро компания» боз ҳисобро баробар кард. Тӯбро Муҳаммадҷон Шарифов ба ҳадаф расонд.

Футзалбозони «Истиқлол» бист сония қабл аз анҷоми бозӣ голи ҳалкунандаро ба самар расониданд. Раҳмоналӣ Шарифов пирӯзии дастаашро таъмин намуд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» барандаи Суперлигаи Тоҷикистон-2023 гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи ғолиб – «Истиқлол» - Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқот супурда шуд.

Дастаи «Соро компания», ки ҷойгоҳи дуюмро касб кард, бо медалҳои нуқра сарфароз гардид.

Дастаи нави Суперлига - «Амонатбонк»-и Душанбе – барандаи медалҳои биринҷии мусобиқот шуд.

Фирӯз Бекмуродов аз дастаи «Истиқлол» беҳтарин дарвозабони бозии ниҳоӣ эътироф гардид.

Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба легионери эронии «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода тақдим шуд.

Ҷоизаи беҳтарин бозигари бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ ба ҳимоятгари «Истиқлол» Раҳмоналӣ Шарифов супурда шуд.

Суперлигаи футзали Тоҷикистон -2023

Силсилаи ниҳоӣ

Бозии панҷум

“Истиқлол” – “Cоро компания” – 3:2

Голҳо: Арстанбек Турсунов, 10 (1:0). Бахтиёр Солиев, 15 (1:1). Шавкат Ҳалимов, 24 (2:1). Муҳаммад Шарипов, 38 (2:2). Раҳмоналӣ Шарипов, 40 (3:2).

“Истиқлол”: Фирӯз Бекмуродов, Шавкат Ҳалимов, Рустам Ҳамидов, Раҳмоналӣ Шарипов, Комрон Алиев, Самариддин Шамсов, Мирсаид Камолов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Арстанбек Турсунов.

Беҳтарин бозигари дидор: Раҳмоналӣ Шарипов (“Истиқлол”).

Сардовар: Чингиз Мустафоев (Кирғизистон).

Нозири доварон: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

25-уми ноябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп». 2000 тамошобин.

Ҳисоб дар силсилаи ниҳоӣ – 3:2

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG