Дар чанд ҷумла
Интерпол исми Иброҳим Дониёрзодаро аз феҳристаш берун кард
Пулиси Байналмилалӣ ё Интерпол номи Иброҳим Дониёрзодаи 27-сола, як ҷавони тоҷик, ки дар Маҷористон (Венгрия) ним сол бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия дар боздошт буд, аз руйхати пайгардаш ихроҷ кардааст.
Иброҳим ҳамроҳи хонаводааш дар соли 2015 ба Туркия рафт ва дар шаҳри Қуҷоайлӣ (Коҷаэлӣ) мезист. Ӯро рӯзи 1-уми ноябри соли 2022 ҳангоми талоши аз тариқи Маҷористон ба Туркия рафтан бар асоси шикояти мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд.
Мақомоти турк бо дархости Тоҷикистон модар ва бародари Дониёрзодаро рӯзи 17-уми октябри соли равон бозошт намуданд. Наздиконашон ба Радиио Озодӣ гуфтанд, модару писар, ки намехоҳанд ба Тоҷикистон бираванд, ҳоло мунтазири қарори додгоҳи Туркия ҳастанд.
Иброҳим Дониёрзода рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе вакили мудофеаш дар Венгрия занг зада гуфт, Интерпол исми ӯро аз феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ ихроҷ кард. Дониёрзода гуфт:
“Вакили мудофеъ нусхаи қарори Интерполро ба ман фиристоду гуфт, бар асоси аризаи мо ба ин созмони байналмилалӣ ва пешниҳоди далелҳо номи ман аз рӯйхати ҷустуҷӯ хат зада шуд. Хеле хушҳол шудам ва ҳангоми сафарҳоям дигар бим надорам. Ҳоло бо пешниҳоди мақомоти Венгрия дар ширкати “Самсунг” кор мекунам”, - мегӯяд Иброҳим Дониёрзода.
Айни замон, исми Иброҳим Дониёрзода ҳамчунон дар феҳрасти афроде боқӣ мемонад, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо гумони даст доштанашон дар амалҳои террористӣ муомилаи пулӣ бо онҳоро манъ кардааст.
Вай гуфт, умедвор аст нусхаи қарори Интерпол ба намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон низ хоҳад расид ва мақомоти Тоҷикистон номашро аз пайгард берун хоҳанд кард.
Вале то ҳанӯз мавқеи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба Иброҳим Дониёрзода ва модараш Фотима Ғиёсоваи 44-сола ва бародараш Маҳмадулло Дониёрзодаи 19-сола рушан нест. Ҳоло ҳеч ниҳод ё додгоҳи мустақиле тасдиқ накардааст, ки воқеан дар Сурия ё Ироқ буданд ё на.
Иброҳим Дониёрзода мегӯяд, ҳеҷ кадом аз аъзои хонаводаи онҳо ба Сурия нарафтааст ва мақомоти Тоҷикистон бидуни далел онҳоро дар пайгарди пулиси байналмилалии Интерпол қарор додаанд.
Ин хонавода аз соли 2015 дар Қуҷоайлии Туркия, дар наздикиҳои Истамбул зиндагӣ мекунад ва дар ин кишвар ҳаққи иқомат дорад.
Дар солҳои 2014-2017 Туркия як масири аслии пайвастани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ дар Ироқу Сурия будааст. Аз ин роҳ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафтаанд ва сарнавишти аксари онҳо номаълум аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Барф дар Тоҷикистон садамаҳои маргборро зиёд кардааст
Бориши барф дар чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон сабаби афзоиши садамаҳои маргбор шудааст. Дар ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз, ду нафар ҷон бохта, 4 каси дигар осеб дидаанд.
Дар баёнияи расмии Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯзи 26-уми январ омадааст, ки субҳи рӯзи 25 уми январ як сокини ноҳияи Балҷувон бо сабаби бориши барфи зиёд ҳангоми ҳаракат дар ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқкрии 70 метр сарозер шудааст.
Ронанда бо ҳалокат расидааст, мусофирони дигар, аз ҷумла ҳамсару фарзандӣ ӯ дар бемористон ҳастанд. Ҳамин тавр рӯзи 25 - уми январ ронандаи дигаре дар Кӯлоб дар садама ҷон бохтааст. Мусофири ин мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол ҳавосанҷон рӯзҳои 27 то 29 уми январ хатари омадани тармаро пешгӯи мекунанд. Ин хатар дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии бештар будааст. Ба ронандагон ҳушдор дода шудааст, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои куҳӣ сафар накунанд.
Тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёд шудааст
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ зиёд шуда, ба 24 млрд кВт соат расидааст. Ин омор рӯзи 23- юми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон садо дод.
Дар шароите, ки шикояти сокинон, махсусан дар фасли сармо аз камбуди нерӯи барқ кам нест, мақомот гуфтанд, соли 2025 дар кишвар тавлиди барқ 7 дар сад зиёд шудааст.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки соли гузашта бо ҳадафи рушди соҳаи энергетика 13 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 милиард сомонӣ мавриди иҷро қарор гирифт. Ин дар ҳолест, ки камбуди барқ дар кишвар баратараф нашуд ва баръакс сокинони махсусан дар минтақаҳо аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят доштанд.
Масъулони Шабакаҳои тақсими барқ бо фиристодани паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе, ҳушдор дод ки истифодаи барқро кам кунанд. Мақомот сабаби ин даъватро ба камшавии об дар дарёҳо рабт дода буданд, ки ба гуфтаи онҳо, ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.
GFP: "Артиши Тоҷикистон назар ба соли гузашта қавитар шудааст"
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар раддабандии нави иқтидори низомии Global Firepower (GFP) барои соли 2026, дар байни 145 кишвари ҷаҳон мақоми 100-умро касб карданд. Ба маънии дигар, артиши Тоҷикистон назар ба соли гузашта дар амри муҳофизати кишвар аз ҳаргуна таҷовузгари эҳтимолӣ қавитар шудааст.
Дар раддабандии нав, ки ба тозагӣ нашр шуд, Тоҷикистон 8 зина болотар рафтааст. Соли 2025 Тоҷикистон дар зинаи 108-ум қарор дошт. Пешрафтро коҳиши шохиси тавонии GFP нишон медиҳад, ки соли гузашта 2,3049-ро ташкил медод, вале имсол ба 2,1749 расидааст. Бар асоси раддабандиҳои GFP, ҳар қадар рақами шохис поёнтар бошад, ҳамон қадар тавоноии низомии кишвар болотар арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ тағйироти охир аз рушди нисбии қудрати дифоии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Раддабандии Global Firepower яке аз мӯътамадтарин нишондиҳандаҳои байналмилалӣ барои муқоисаи қудрати низомии кишварҳо ба шумор меравад. Ҳангоми раддабандӣ беш аз 60 омил ба назар гирифта мешавад, аз ҷумла теъдоди ҳайати шахсӣ ва сохтори артиш, ҳаҷми хароҷоти низомӣ, мавҷудият ва ҳолати техникаи ҷангӣ, имкониятҳои икмолотӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ ва зербунёдҳо. Раддабандӣ таҷрибаи воқеии ҷангӣ, ё сифати фармондеҳиро дар набардҳои воқеӣ инъикос намекунад, балки танҳо як арзёбии муқоисавии омории иқтидори низомист.
Мутахассисон тавонотар шудани артиши Тоҷикистонро ба чанд омил рабт медиҳанд, аз ҷумла беҳтар шудани заминаҳои моддию техникии артиш, таваҷҷуҳи хос ба ҳифзи марзҳои ҷанубӣ ва рушди воҳидҳои марзбонӣ, ширкат дар размоишҳои муштарак ва барномаҳои амниятии минтақавӣ.
Бар асоси раддабандии Global Firepower, ҳоло дар Осиёи Марказӣ тавонотарин артишро Узбекистони ҳамсоя дорад, ки дар мақоми 53-ум аст. Қазоқистон дар мақоми дуввум ва дар зинаи 58-ум ҷойгир шудааст. Туркманистонро дар мақоми 78 гузоштаанд ва сипас Тоҷикистонро, ки дар феҳраст дар зинаи 100-ум аст. Бар тибқи арзёбии GFP, заифтарин артишро Қирғизистон доштааст, чун дар миёни кишварҳои минтақа мақоми аз ҳама поён ва 108-умро дорад.
Дар шаҳри Деҳнав шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорат раҳо кардаанд
Хадамоти Амнияти Миллии Узбекистон гуфт, ки маъмурони амниятӣ, як шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорати як сокини шаҳри Деҳнав раҳо кардаанд.
Дафтари матбуоти кумита рӯзи 26-уми январ дар як барномаи телевизионӣ хабар дод, ки гумонбар дар ҷиноят, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки зоҳиран ҳамкораш аз ӯ қарздор будааст, гаравгон гирифта азобу шиканҷа додааст.
Дар барнома гуфта мешавад, ки сокини 32-солаи шаҳри Деҳнав, ки қаблан ҳам ҷиноят кардааст, як ҳамсоли худ аз шаҳри Душанберо гаравгон гирифтааст. Ин ҷавон ҳамкори марди 37-солае аз Душанбе будааст, ки 11 ҳазор доллари шаҳрванди Узбекистонро саривақт барнагардондааст.
Маълум нест, ки чӣ гуна ҳамкори марди қарздор ба асорати шаҳрванди Узбекистон афтодааст. Хадамоти Амнияти Миллӣ гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми асорат дар хона мавриди шиканҷаву латукӯби зиёд қарор гирифтааст.
Гумонбар дар ҷиноят айни замон дар боздошт аст. Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест, аз ҷумла, ин ки кай рух дода, ҷавони тоҷик чанд вақт дар асорат будааст.
Идомаи таҳқиқи марги шубҳабарангези як хонавода дар Исфара
Намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тасдиқ карданд, ки маводҳои ташхиси марги Искандар Маликӣ, корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфараро ба хориҷа фиристодаанд.
Мустафо Муминзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, рӯзи 26-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо дархости мақомот мавод дар ин қазияро ҳам дар дохил санҷиданд ва ба хориҷ фиристоданд. Аммо масъули кумита аз шарҳи натиҷаҳои ташхис дар дохил худдорӣ кард.
Искандар Маликии 34-сола, корманди собиқи ҳукумати Исфара рӯзи 7-уми декабр ҳамроҳи ҳамсараш Муаттарахони 29-сола ва духтари чаҳорсолаашон дар шароити шубҳабарангезе ҷон бохтанд.
Бо гузашти беш аз як моҳ мақомот сабабҳои марги Искандар Маликӣ ва ҳамсару духтараш маълум нест. Як фарзия ин аст, ки онҳо аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд.
Расонаҳо: Пас аз музокирот ҷонибҳо "ба мулоқоти Путину Зеленский наздик шудаанд"
Даври нави музокироти сеҷонибаи ҳайатҳои ИМА, Русия ва Украина дар масъалаи хатми ҷанг дар Украина мумкин аст рӯзи якуми феврал дар шаҳри Абу Дабӣ баргузор шавад. Дар ин бора нашрияи Axios бо истинод ба як мақомдори амрикоӣ хабар додааст.
Расонаҳои дигари ғарбӣ, Украина ва ҳамчунин Оҷонсии ТАСС-и Русия навиштаанд, ки дар нишасте, ки рӯзҳои 23-24-уми январ баргузор шуд, барои аввалин бор пас аз оғози ҷанг, ҳайатҳо дар бораи даври нави музокирот ба тавофуқ расиданд.
Axios аз қавли намояндагони Амрико навиштааст, ки музокироти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Абу Дабӣ қадами муҳиме барои мулоқоти навбатӣ шуд. Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, ҷонибҳо имконияти дидори президентҳои Русияву Украина, Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро матраҳ кардаанд ва “ба ин мулоқот хеле наздик шудаанд”.
Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки Путин 22-юми январ дар мулоқот бо фиристодагони вижаи президенти Амрико дар Маскав, омодагии худро барои хатми ҷанг аз роҳи дипломатӣ баён доштааст. Ирсоли ҳайати “ҷиддӣ” аз Русия ба Абу Давбӣ ҳам яке аз нишонаҳои ин гуфта шудааст.
Ҳайати Русияро дар даври аввали музокирот адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ карданд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дошт.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифта, ду рӯз идома кард. "РБК-Украина", навиштааст, ки Русия, чун қабл ба хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз бахшҳои ишғолнашудаи вилояти Донетск пофишорӣ дорад, вале ҷониби Украина ин талабро қабул надорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дода буд, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".
Қасди фурӯши тифли навзод бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
Дар Тоҷикистон як занеро, ки мехост тифли навзоди худро бифурӯшад, боздошт карданд. Ӯро барои содир намудани ҷинояти "хариду фурӯши ноболиғон", гумонбар донистанд.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри наворе дар ин бора гуфт, Зуҳрохон Розиқова сокини ноҳияи Рӯдакӣ қасд дошт, тифли ҳаштмоҳаро бар ивази 100 ҳазор сомонӣ ба каси дигар бифурӯшад ва рӯзи 18-уми январ, ҳангоми гирифтани пул боздошт шуд.
Назари худи зан ва сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки сарнавишти баъдии тифл чӣ мешавад.
Нисбати модари тифл бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Тобистони соли гузашта дар вилояти Суғд як занро барои қасди фурӯши духтарчаи 4-солааш дастгир карда буданд. Ба иттилои мақомот вай мехостааст, духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.
Дар Миннесотаи ИМА корманди федеролӣ як сокинро куштааст
Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота рӯзи 24-уми январ як корманди Хадамоти федеролии марзбонии ИМА сокини маҳаллиро бо зарби тир куштааст.
Хадамоти федеролии марзбонӣ ва гумрук гуфтааст, ки кормандаш аз худ дифоъ кардааст.
Ин дуюмин ҳодисаи кушта шудани сокини маҳаллӣ дар ин шаҳр аст.
Дар ҳодисаи ним моҳи пеш, Рене Гуд, як зани 37-сола низ дар чунин ҳодисае кушта шуда буд.
Хадамоти федеролии марзбонӣ бо ҳадафи ошкору боздошт кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин аёлат сафарбар шудаанд.
Ҳарду кушта шуда шаҳрвандони Амрико ҳастанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки марди кушташуда Алекс Преттии 37-сола, корманди бахши эҳёгарӣ дар як бемористон будааст.
Вазорати амнияти дохилии ИМА иддао кардааст, ки кормандони Хадамоти марзбонӣ мехостанд, як муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кунанд, вале Алекс Претти садди роҳ шуда, бо тапонча муқовимат нишон додааст.
Мақомоти Миннесота пас аз дидани наворҳои видеоӣ, фарзияи ҳукумати федералиро дар бораи "муқовимат" дурӯғ хонданд. Тим Уолз, губернатори Миннесота аз Кохи Сафед талаб кард, ки фавран ҳазорон пулиси "бетаҷриба ва хушунаткор"-ро аз Миннесота берун кунад.
Президент Доналд Трамп танқидҳоро рад карда, роҳбарияти аёлатро ба "барангехтани ошӯб" муттаҳам кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар ҷараёни амалиётҳо 12 ҳазор муҳоҷири ҷинояткор боздошт ва ихроҷ шудаанд.
Дар Миннеаполис сарфи назар аз сармои шадид, эътирозҳо зидди амалиёт алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад.
Русия дар як ҳафта бо се ҳазор бесарнишину мушак ба Украина ҳамла кардааст
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 25-уми январ гуфт, ки Русия ҳафтаи гузашта бо ҳазорон мушаку бесарнишин ба иншооти барқрасонии кишвараш ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ҳамлаи як ҳафати ахир 1700 бесарнишин (дрон), беш аз 1380 бомбаҳои ҳидоятшаванда ва 69 мушаки гуногун истифода кардааст.
Президенти Украина гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо иншооти барқрасонӣ, гармидиҳӣ ва хонаҳои сокинони одӣ зиён дидааст.
Мақомот дар Укарина мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои Русия ҳазорон сокин аз гармӣ ва рушноӣ маҳрум шудаанд.
Афзоиши ҳамлаҳои Русия дар ҳолест, ки бо миёнаравии Амрико дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳузури Русия ва Украина гуфтугӯи сулҳ ҷараён дорад.
Русия чор сол пеш ба Украина ҳамла карда, ҳазорон нафарро кушта ва миллионҳо нафарро аз ватан гуреза кардааст.
Як донишгоҳ дар Амрико духтари дабири Шӯрои амнияти Эронро аз кор хориҷ кард
Донишгоҳи тибии Эморӣ дар аёлати Ҷорҷияи ИМА хабар дод, ки Фотима Лориҷонӣ, духтари Алии Лориҷонӣ, мансабдори баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эронро аз кор хориҷ кардааст.
Фотима Ардашер Лориҷонӣ дар бахаши саратоншиносии ин донишгоҳ кор мекардааст.
Фотима, духтари Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аст, ки Амрико ӯро дар саркӯби эътирозҳо гунаҳкор дониста, таҳрим кардааст.
Даҳҳо фаъоли эронӣ пас аз куштори ҳазорон эътирозгар дар Эрон аз ин донишгоҳ хоста буданд, то ҳузури духтари нафареро, ки ҳамеша шиори “Марг ба Амрико” медиҳад, шарҳ диҳад.
Эрл Баддӣ Картер, узви Маҷлиси намояндагони Амрико аз аёлати Ҷорҷия, дар номае ба донишгоҳи Эморӣ хостори ихроҷи Фотима Лориҷонӣ шуда буд.
Рӯзи 24-уми январ мудири донишкадаи тиббии донишгоҳи Эморӣ дар шабакаи Х навишт, ки дигар Фотима Лориҷонӣ бо онҳо ҳамкор нест.
Ду ҳафта пеш, Алии Лориҷонӣ дар посух ба ҳушдори Трамп, ки агар Эрон эътирозгаронро бикӯшад, посухи сахте хоҳад гирифт, дар шабакаи Х навишт, ки мардуми ИМА бояд "муроқиби сарбозони худ бошанд".
Ин таҳдиди Алӣ Лориҷонӣ дар оғози эътирозҳо дар Эрон буд ва ҳанӯз аз куштори саросарӣ хабаре набуд.
Дар аввали моҳи январи имсол Ҷумҳурии Исломии Эрон эътирози сокинон аз баландравии нархи маводи ғизоӣ ва беқурбшавии пули миллиро саркӯб кард. Дар ин эътирозҳо, бино ба оморҳои гуногун аз 5 то 30 ҳазор нафар кушта шудаааст.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷопон қаҳрамони Осиё шуд
Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 23-сола дар Арабистони Саудӣ тими Чинро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.
Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium" доир гардид. Ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Косей Огура ду гол, Юто Озеки ва Рюноске Сато якголӣ заданд.
Мунтахаби Ҷопон унвони қаҳрамонии худро, ки ду сол пеш дар Қатар ба даст оварда буд, бо сарбаландӣ ҳифз намуд. Дарвоқеъ, ҷопониҳо бори сеюм Ҷоми қаҳрамониро ба даст оварданд. Қаблан онҳо солҳои 2016 ва 2024 бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд.
Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 23-юми январ дар Ҷидда, дар варзишгоҳи "King Abdullah Sports City Hall Stadium" мубориза бурданд.
Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти кори футболбозони ҷавони Ветнам омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, бар Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз Филиппину Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ин гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.
Ҷоми Осиё (U-23)
Бозӣ барои ҷойи сеюм, 23-юми январ (ҷумъа):
Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (7:6 – аз рӯйи пеналти)
Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium»
Финал, 24-уми январ (шанбе):
Ҷопон – Чин – 4:0
Голҳо: Юто Озеки, 12, Косей Огура, 20, Рюноске Сато, 59, Косей Огура, 76.
Ҷидда, варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium"
Ҳабси абади ҳашт узбекистонӣ барои занозанӣ дар Дубай
Додгоҳе дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳашт шаҳрванди Узбекистонро барои ширкат дар як занозанӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Як узбекистонии дигарро ба 25 сол зиндон маҳкум карданд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо тасдиқи хабар гуфтааст, намояндагии дипломатии ин кишвар барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон корҳои заруриро анҷом медиҳад.
Муноқиша, ки дар пайи он шаҳрвандони Узбекистон боздошт шуданд, моҳи апрели соли 2025 дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Дубай рух дод.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ин занозанӣ ду шаҳрванди Узбекистон ҳалок шуданд. Ба гуфтаи додситонии Дубай, сабаби муноқиша хусумати пешина миёни ду гуруҳ буд.
Дар як сол ҳафт нашрияи мустақил аз чоп мондааст
Омори тозаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки соли гузашта теъдоди рӯзномаҳои мустақил дар кишвар боз ҳам камтар шудааст.
Тибқи иттилои ахири Вазорати фарҳанг, феълан дар кишвар 61 рӯзномаи мустақил чоп мешаванд, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 адад камтар аст. Соли гузашта шумори нашрияҳои мустақил 68 адад буд.
Тибқи омори Вазорати фарҳанг,бархилофи нашрияҳои мустақил соли гузашта теъдоди ҳафтаномаҳои давлатӣ аз 130 ба 131 адад бештар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар кишвар ҳамчунин 184 маҷалла (151 давлатӣ ва 33 мустақил), 97 матбаа (23 давлатӣ ва 74 мустақил) фаъолият мекунанд.
Сабабҳои аз чоп мондани 7 нашрияи мустақил маълум нест. Танҳо маълум аст, ки дар нимаи аввали соли 2025 газетаҳои "Фараж" ва "Самак" аз чоп монданд.
Бар асоси раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, як омили аслии коҳиши расонаҳо дар Тоҷикистон, саркӯби озодии баён, рӯзноманигорон ва расонаҳо дар чанд соли ахир будааст. Аммо дар гузориши Вазорати фарҳанг дар бораи сабабҳои аз чоп мондани нашрияҳои мустақил чизе гуфта нашудааст.
СММ аз Эрон хост, саркӯби норозиёнро бас кунад
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи 23-юми январ саркӯби норозиён дар ҷараёни эътирозҳои ахири Эронро маҳкум карда, хостори анҷоми "таҳқиқоти фаврӣ" дар ин бора шуд.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар ибтидои нишаст эълом кард, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Эрон "ҳазорон" нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст додаанд. Фолкер Турк, аз мақомҳои эронӣ хост, "аз тасмимҳои худ ақибнишинӣ карда ва ба саркӯби эътирозгарон поён диҳанд".
Дар ин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қатъномае қабул шуд, ки бар асоси он маъмурияти ҳайати таҳқиқи мустақил дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ба муддати ду сол тамдид шуд.
Бар асоси ин қарор, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Эрон низ ба муддати як соли дигар корашро давом медиҳад.
Анҷом даври аввали музокироти Русия, Украина ва ИМА
Даври аввали музокироти сеҷонибаи намояндагони Русия, Украина ва ИМА 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабӣ ба анҷом расид.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон идома кард. "Ба эҳтимоли зиёд дар гуфтугӯҳои 24 январ низ ин тартиб идома ёбад", -гуфтаанд ҳамсуҳбатони ТАСС. Музокирот давоми ду рӯз идома меёбад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".
"Муҳим ин аст, ки Русия омода бошад ин ҷанги оғозкардаашро тамом кунад", - гуфтааст Зеленский.
Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, дар бораи хулосаи ниҳоии музокирот гуфтугӯ кардан ҳанӯз барвақт аст.
Намояндагони Кохи Сафед ба шабакаи NBC News гуфтаанд, вохӯрӣ "пурмаҳсул буд" ва "музокирот фардо идома мекунад”".
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ мекунанд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дорад. Пештар Владимир Зеленский гуфта буд, ки ояндаи Донбас аз мавзуъҳои калидии гуфтугӯ аст.