Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Истиқлол" аз қаҳрамони Қатар дар Доҳа


Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 аз тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми душанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халили шаҳри Доҳа доир гардид.

Ҳарду голро дар нимаи дуюми бозӣ легионери кениягии “Ал-Дуҳайл” Майкл Олунга дар дақиқаҳои 47-ум ва 89-ум ба самар расонид.

Бозии дигари даври 5-уми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) ва «Персеполис» (Эрон), ки шаби 27-уми ноябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 17-уми дидор ҳимоятгари мизбонон Алӣ Лаҷомӣ корти сурх гирифт, аз бозӣ хориҷ шуд.

Ёдовар мешавем, бозии даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл”, ки 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 13 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дувум мебошад.

“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 4 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.

Бозии даври охирин – шашум - дар гурӯҳи «Е» рӯзи сешанбеи 5-уми декабр доир мегардад.

«Истиқлол» бо «Ал-Наср» рақобат хоҳад кард, ки ки бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Персеполис» ва «Ал-Дуҳайл» дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0

19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2

Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).

19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.

Даври 2-юм

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).

2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1

Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).

2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 3-юм

«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).

24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3

24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Даври 4-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1

Голҳо: Меҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)

7-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3

Голҳо: Филипп Коунтинҳо, 8 (1:0), Андерсон Талиска, 27 (1:1), Андерсон Талиска, 37 (1:2), Андерсон Талиска, 65 (1:3), Филипп Коунтинҳо, 80 (2:3).

7-уми ноябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.

Даври 5-ум

«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Майкл Олунга, 47 (1:0). Майкл Олунга, 89 (2:0)

.

«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 86), Содиқҷон Қурбонов, Седрик Гогуа (Шаҳром Сулаймонов, 86), Иван Новоселетс, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Денис Беганович, Ҳамадонӣ Камолов, Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Сенин Себай (Шервони Мабатшоев, 46).

Беҳтарин бозигари дидор: Майкл Олунга («Ал-Дуҳайл»).

Корти зард: Ассим Мадибо, Шеҳаб Мамду, Алӣ Ал-Моиз («Ал-Дуҳайл»), Сенин Себай, Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»).

Корти сурх: Рубен Семеду, 90+5 («Ал-Дуҳайл»).

Сардовар: Муҳаммад Назмӣ Насаруддин (Малайзия).

27-уми ноябр. Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халил.

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон) – 0:0

Корти сурх: Алӣ Лаҷомӣ 17 (“Ал-Наср”).

27-уми ноябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

5

4

1

0

12-6

13

2

«Персеполис» (Эрон)

5

2

2

1

4-3

8

3

«Ал-Дуҳайл» (Қатар)

5

1

1

3

5-8

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

0

2

3

2-8

2

Даври 6-ум

5-уми декабр (сешанбе)

21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

21:00 (бо вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)

Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG