Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модару падар ва панҷ бародару хоҳарамро куштанд" ВИДЕО


"Бархеро баста, таҷовуз кардаанд." Ёде аз ваҳшати чанд даҳа пеш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Ҷанги охир байни "Ҳамос"* ва Исроил ба ёди бархеҳо ваҳшати чанд даҳсола пешро овард. Қатли ом дар урдугоҳҳои Сабр ва Шатилаи Лубнонро, ки бар асари он дар аввали даҳаи ҳаштоди милодӣ севуним ҳазор нафар кушта шуданд.  

16-уми сентябри соли 1982 аъзои Воҳиди низомии насрониёни лубнонӣ дар ҳамоҳангӣ бо артиши Исроил ба паноҳгоҳи гурезаҳои фаластинии Сабр ва Шатила дар Бейрути Ҷанубӣ ҳамла карданд. Дар ду рӯз аз 800 то 3500 паноҳандаи фаластинӣ ва аҳолии осоишта кушта шуданд.

Маҳмуд Сурур аз он ҳодиса тӯдаи ҷасадҳои варамкардаро ба ёд дорад. Вай дар ин ҷанги ваҳшатбори Лубнон 7 хешовандашро аз додааст. “Вақте ба хона даромадам, дидам, ки онҳо модару падар ва 5 бародару хоҳари маро куштаанд. Сари бархе аз ҳамсояҳоямонро аз тан ҷудо карда буданд. Баъзеҳоро бастаанд ва таҷовуз кардаанд.”

Як осорхонаи хурд дар дохили урдугоҳи Шатила низ он хотираҳои деринаи дарду ҷароҳат ва дарбадарии фаластиниҳоро нигоҳ доштааст.

Муҳаммад Хатиб, бунёдгузори осорхонаи “Хотираҳо”, мегӯяд, "ин бозтоби ҳаёти фаластиниҳо пеш аз соли 1948 аст. Агар шумо гузашта надошта бошед, оянда ҳам нахоҳед дошт. Онҳо мехоҳанд, ки мо ғулом бошем, аммо инро намехоҳем. Мо барои ҳаққи худ мубориза мебарем."

Пас аз чил соли он қатли ом низ фаластиниҳо дар урдугоҳ мегӯянд, ки зиндагии онҳо то ҳанӯз сахту тоқатшикан аст. Ҳоло ҷанг дар Ғазза ва даргириҳо дар марзи Лубнону Исроил нигарониҳоро аз як ҷанги бузург ба бор овардааст.

Ҷамила Шаҳодат, мудири созмони ғайридавлатии “Хонаи Кӯдаки Асмо”, ба гурезаҳои фаластинӣ дар Лубнон мадад мерасонад. Ӯ мегӯяд, “ончӣ дар Навори Ғазза мебинем, қатли оми Сабр ва Шатиларо ба ёд меорад. Эҳтимол ба зудӣ чунин сарнавишт навбати мо мешавад. Мо метарсем. Ҷанг, яъне нобудӣ аст.”

Мардуми инҷо мегӯянд, манзараҳои ҷанг дар Ғазза онҳоро водор мекунад, ки бечунучаро аз ҷангҷӯёни “Ҳамос” пуштибонӣ кунанд.

Маҳмуд Ҳошим, сокини фаластинии Шакила, гуфт, “Ҳамос”, “ҳаракати муқовимати фаластинӣ аст. Он кореро мекунад, ки ҳар фаластинӣ хоҳиши иҷрои онро дорад. Агар Исроил ба Лубнон ҳамла кунад, ҳар як фаластинӣ бояд муқовимат кунад, ман ҳам яке аз онҳо ҳастам.”

Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери ҳимояти “Ҳамос” аст, гуфт аз оғози ҷанге, ки Исроил дар Ғазза роҳ андохт, беш аз 14 000 нафар кушта шудаанд. Ин ҷанг рӯзи 7-уми октябр, баъди ҳамлаи “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро террористӣ медонанд, оғоз шуд. Дар он ҳамла дар Исроил 1200 нафар кушта ва 200 нафар, аз ҷумла кӯдакон гаравгон гирифта шуданд.

Исроил эълон кард, ки дар сурати ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ” аз ҷануби Лубнон ба кушодани ҷабҳаи дувуми ҷанг омодагӣ мегирад. Лубнон баъд аз чанд сол буҳрони иқтисодӣ дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Афзоиши хашму норозигӣ ва шиддати байни фаластиниҳо дар кишвар ва эҳтимоли сар задани як ҷанги нав аксар лубнониҳоро ба ташвиш овардааст.

* Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG