Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали тиллои Акмал Қодиров дар Ҷоми Осиё дар Самарқанд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми армрестлинг ё дастхобонии Осиё шаш медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд

Мусобиқа бо иштироки варзишгарони 60 кишвари ҷаҳон аз 17-ум то 25-уми ноябр даp шаҳри Самарқанди Узбекистон доир гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд.

Акмал Қодиров дар дастхобонӣ дар вазни беш аз 100 кило ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост ду медали тилло гирифт.

Медали нуқраро Амришер Собиров дар вазни то 90 кило бо дасти чап соҳиб шуд.

Сафо Муродзода дар вазни то 100 кило ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост, инчунин Наврӯз Амриддинов дар вазни то 65 кило бо дасти рост соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

Бояд гуфт, ки имсол дар қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб варзишгарони тоҷик Акмал Қодиров, Давронбек Орифбоев ва Фирӯз Шамсиддинов се медали тилло гирифтанд.

Шаш нафар – Ҷамшед Абдуллоев, Фарилун Раҳматов, Ашраф Юсупов, Ҷумъабой Абдуллоев, Марат Идрисов ва Ҷамолиддин Каримов – бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд.

Шаш варзишгари дигари тоҷик - Қурбоналӣ Умаров, Наримҷон Ҳабибуллоев, Ашраф Юсупов, Фирӯз Шамсиддинов, Амришер Собиров ва Исматулло Умаров – барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Зимнан, Акмал Қодиров ягона варзишгаре буд, ки дар Паралимпиадаи Токио-2020 Тоҷикистонро намояндагӣ карда, дар риштаи варзиши сабук дар рақобатҳо оид ба гулулапартоӣ иштирок намудааст.

Акмал Қолиров аслан ҳамчун варзишгар дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ маъруф аст. Вай дар армспорт Тоҷикистонро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ миёни варзишгарони маълул муаррифӣ карда, ба натиҷаҳои баланд мушарраф шудааст.

Ӯ соли 2014 дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армспорт миёни варзишгарони маълул, ки дар шаҳри Путски Полша баргузор шуд, дар вазни беш аз 90 кило ду медал (тилло ва биринҷӣ) ба даст овардааст.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Акмал Қодиров ба ҷуз аз ҷоизадори бисёркаратаи қаҳрамонии ҷаҳон буданаш, инчунин қаҳрамони бисёркаратаи Осиё мебошад.

XS
SM
MD
LG