Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Русия як зодаи Тоҷикистонро ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ дод

Акс аз торнамои Интерпол
Акс аз торнамои Интерпол

Мақомоти Русия як зодаи Тоҷикистонро ба ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ додаанд.

Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ дар сомонаи расмиаш навишт, ки Маликмаҳмад Қувватов 37-сола аст ва ба узвият дар созмонҳои мусаллаҳу террористӣ гумонзад аст.

Иттилоъ дар бораи ӯ дар аввали моҳи ноябри имсол нашр шуда. Дар акси гузоштаи Интерпол ин зодаи Тоҷикистон силоҳ ба даст тасвир ёфтааст.

Маликмаҳмад Қувватовро моҳи апрели имсол дар рӯйхати навшудаи гумонбарон ба терроризм дар Русия ҷой дода буданд.

Маълум нест, мақомоти Тоҷикистон ҳам дархости боздошти ӯро додаанд ё не.

Номи Маликмаҳмад Қувватов дар рӯйхати Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори шахсони алоқаманд ба терроризм зери рақами 819 зикр шудааст.

Интерпол ё пулиси байнулмилалӣ чандин шаҳрванди Тоҷикистонро бо дархости Маскаву Душанбе дар саросари ҷаҳон меҷӯяд. Аксари онҳо ба терроризму қочоқи маводи мухаддир ва куштор гумонзад ҳастанд.

Баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ дар гузашта Интерполро танқид карда буданд, ки бо дархости кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, намояндагони мухолифон ва мунтақидонро ҷустуҷӯ ва боздошт мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Тоҷикистон дар ним сол 30 созмон баста шудааст

Як нишасти созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Як нишасти созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар нимаи аввали имсол кори 30 созмони иҷтимоӣ дар Тоҷикистон қатъ шудааст.

Ҷаҳонгир Сайдализода, намояндаи Вазорати адлия, рӯзи 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 1700 иттиҳодияи ҷамъиятӣ мондааст. Ӯ аз созмонҳое, ки дигар фаъол нестанд, ном набурд.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ин нишаст, "хотима ёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастон"-ро яке аз сабабҳои асосии қатъи фаъолияти баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ номид.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои охир ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони дифоъ интиқод мекунанд. Мақомот ин танқидҳоро қабул надоранд.

Тибқи омори Вазорати адлия, созмонҳои иҷтимоӣ дар нимаи аввали соли равон ин миқдор маблағ ё грант гирифтаанд:

  • 46 миллиону 93 ҳазору 363 сомонӣ
  • 21 миллиону 852 ҳазору 905 доллар
  • 7 миллиону 660 ҳазору 448 евро
  • 6 миллиону 424 ҳазору 524 дирҳами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон давоми чор соли охир аз фишори афзояндаи мақомот шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин фишорҳо баъд аз саркӯби эътирозҳои соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сахттар шуд.

Фаъолони мадании ВМКБ соли 2023 гуфта буданд, ба баъзе аз онҳо фишор овардаанд, ки ихтиёрӣ созмонҳо худро барҳам диҳанд. Ҳарчанд мақомот он вақт ин шикоятро рад карда буданд.

Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд. Раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо моҳи декабри соли 2023 дар Душанбе гуфт, "ин ба нафъи демократисозии ҷомеа нест."


Раҳимзода: Гумонбар ба ҷосусӣ дар Исроил зодаи Тоҷикистон аст, аммо шаҳрванд нест

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, касе, ки дар Исроил бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон дастгир шудааст, "зодаи Тоҷикистон аст, аммо шаҳрванд нест".

Рамазон Раҳимзода 21-уми июл дар нишасти хабарӣ иддао кард, ки ин нафар гуё аз шаҳрвандии Тоҷикистон берун шуда, шиносномаи Русияро гирифтааст. Ӯ дигар ҷузъиёт надод.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Тасдиқи дурустии ҳарфҳои вазир аз манобеи мустақил феълан мушкил аст. Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад. Яъне, сокинон метавонанд ҳамзамон шиносномаи тоҷикӣ ва русӣ дошта бошанд.

Пештар як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар посух ба муроҷиати Радиои Озодӣ навишта буд, ки барои тасдиқи ҳувият ва шаҳрвандии шахси гумонбар "тавассути роҳҳои дипломатӣ" бо ҷониби Исроил ба тамос баромадаанд.

"Ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Исроил ҳастем. То ҳол нисбат ба дастгир шудани шаҳрванд ба мо ягон маълумоти расмӣ дастрас нагардидааст," – навишт дафтари матбуоти ВКХ дар ҷавоб ба муроҷиати Радиои Озодӣ. Посух охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд.

Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар рӯзи 2-юми июл эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Номи ӯ дар изҳороти мақомоти Исроил ба ду шакл муаррифӣ шудааст: Ҳангоми боздошт чун Беҳрӯз Собирҷон ва пас аз эълони айб чун Беҳрӯз Шариф Додобоеви 33-сола.

Додситони Исроил рӯзи 6-уми июл гуфт, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар бораи макони расидани мушакҳо, соҳилҳои Ҳайфа ва муассисаи низомии Elbit Systems маълумот ҷамъ оварда, бар ивази криптоасъор ба хадамоти иктишофии Эрон фиристодааст."

Расонаҳо ва додситониву додгоҳи Исроил дар бораи мавқеи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол чизе нагуфтаанд.

Марги 287 кас дар садамаҳои нақлиётӣ

Садама дар як роҳи вилояти Суғд
Садама дар як роҳи вилояти Суғд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали имсол дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ 287 кас ҷон бохта, 508 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Намояндагони ин ниҳод 21-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфтанд, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи фавтидагон 8 кас ва теъдоди захмиён 284 нафар бештар шудааст.

Ба гузориши ВКД, дар нимаи аввали имсол дар кишвар 531 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст.

Тоҷикистон дар як моҳи ахир шоҳиди чанд тасодуфи маргбор буд. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл дар як садама дар роҳи Фархор-Душанбе, ҳафт нафар ҷон бохтанд. Пеш аз он дар рӯзи 2-уми июл дар тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҳалок шуданд.

Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат, мошинҳои куҳна ва роҳҳои ноҳамвор сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.

Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо арзёбӣ мешавад.

Раиси пешини фурудгоҳ бо пардохти 165 ҳазор сомонӣ озод шудааст

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.
Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе.

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо ҳукми Додгоҳи олӣ, озод шудааст. Додгоҳ ҳукми худро дар ин бора рӯзи 13 июл содир кардааст.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки раиси пешини фурудгоҳ бо пардохти 2200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 165 ҳазор сомонӣ, озод шуд.

Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Абдуллозода ҳамаи маблағи зиёни молии расонидаашро баргардонидааст.

Мақомот қаблан гуфта буданд, ки Исматулло Абдуллозода 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.

Аз ин пеш Додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанберо, ки якҷо бо раиси пешини фурудгоҳ Исматулло Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад буданд, бо пардохти ҷарима озод карда буд.

Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе буд.

Панҷ мансабдори пешини Фурудгоҳи Душанбе ҳамроҳ бо роҳбари ин муассиса Исматулло Абдуллозода дар моҳи майи соли 2025 боздошт, вале чор моҳ баъд бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуданд.

Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархи дигар аз эҳтимоли беҷазо мондани Абдуллозода бар пояи равобиташ бо оилаи аввали кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Вазир: Тибқи қонуни афв 8 ҳазор кас озод шуданд

Бар асоси қонуни нави афв, то кунун 8 ҳазору 8 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шудаанд.

Дар ин бора Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ изҳори назар кард.

Ашӯриён аз ин бештар ҷузъиёт надод ва танҳо гуфт, ин 8 ҳазор нафар онҳое буданд, ки ба зиндон маҳкум шудаанд.

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон, ки 16-уми июни имсол имзо шуд ва ба иҷро даромад, нисбат ба 18 ҳазор нафар, аз ҷумла зиндониён ва онҳое, ки парвандаашон дар ҳоли баррасист, татбиқ хоҳад шуд.

Даҳҳо нафар дар селобҳои Нуристон ҷон бохтанд

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтанд, ки дар натиҷаи селобҳои пас аз зуҳри 20 июл дар маркази вилояти Нуристони ин кишвар, 105 нафар нопадид шудаанд ва ҷасадҳои 11 нафари дигар пайдо шудааст.

Бархе расонаҳо шумораи ҳалокшудагонро бештар гуфтанд. Ба навиштаи расонаҳои мустақили Афғонистон, дар миёни қурбониён шаҳрдори Порун -- маркази вилояти Нуристон ва чанд муҳофизаш низ ҳастанд.

Фаридун Самим, сухангӯи волии ҳукумати Толибон дар Нуристон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар баробари талафоти ҷонӣ, селобҳо хисороти ҳангуфти молӣ ба мардуми маҳал ворид кардааст.

Тибқи наворҳое, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, селобҳо хисороти зиёде ба ин шаҳр ворид кардааст. Дар ин видеоҳо дида мешавад, ки селобҳо бо шиддати зиёд аз миёни биноҳои истиқоматӣ ҷорӣ аст.

Идораи ҳавошиносии ҳукумати Толибон ҳушдор додааст, ки рӯзи 21 июл бархе вилоятиҳои шарқӣ ва марказии Афғонистон шоҳиди борон, тӯфон ва ҷорӣ шудани селобҳо хоҳад буд.

Селобҳо дар Афғонистон дар соли ҷорӣ дар баробари хисороти ҷонӣ, зарари молӣ ба мардум ворид кард ва дар бархе мавридҳо сабаби тахриби зерсохтҳо, аз ҷумла, роҳҳо шудааст.

Теъдоди расмии бекорон дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шумораи расмии бекорон дар Тоҷикистон афзудааст. Оҷонси омор дар гузориши наваш мегӯяд, моҳи майи имсол дар кишвар 57 ҳазор кас расман ҳамчун бекор сабт шудаанд ва ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад бештар аст.

Оҷонсӣ навиштааст, 27 ҳазор кас ё 47 дарсади бекорон дар кишвар занон ҳастанд.

Манбаъ меафзояд, шумори расмии бекорон ҳамагӣ ду дарсад аз шахсони қобили корро ташкил медиҳад.

Омори мақомоти Тоҷикистон дар бораи бекорӣ дар кишвар ҳамеша баҳсбарангез буда, шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст.

Навор дар Инстаграм:

Намояндагони мухолифони ҳукумат ҳамеша бо ишора ба муҳоҷирати густурдаи мардум ба хориҷ борҳо гуфтаанд, ки омори расмӣ дар бораи бекорон бо воқеияти бозори кори кишвар ҳамхонӣ надорад.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил. Мақомот чӣ мегӯянд?

Акс аз моҳи октябри соли 2024
Акс аз моҳи октябри соли 2024

Мақомот дар Душанбе боздошти як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Исроил пайгирӣ доштаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, барои тасдиқи ҳувият ва шаҳрвандии шахси гумонбар "тавассути роҳҳои дипломатӣ" бо ҷониби Исроил ба тамос баромад.

"Ҳоло мунтазири посухи расмии ҷониби Исроил ҳастем. То ҳол нисбат ба дастгир шудани шаҳрванд ба мо ягон маълумоти расмӣ дастрас нагардидааст," – навишт дафтари матбуоти ВКХ дар ҷавоб ба муроҷиати Радиои Озодӣ. Посух охири ҳафтаи гузашта дастрас шуд.

Пулиси Исроил ва Хадамоти амниятии ин кишвар рӯзи 2-юми июл эълон карданд, ки як шаҳрванди Тоҷикистону Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Номи ӯ дар изҳороти мақомоти Исроил ба ду шакл муаррифӣ шудааст: Ҳангоми боздошт чун Беҳрӯз Собирҷон ва пас аз эълони айб чун Беҳрӯз Шариф Додобоеви 33-сола.

Додситони Исроил рӯзи 6-уми июл гуфтааст, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон "дар бораи макони расидани мушакҳо, соҳилҳои Ҳайфа ва муассисаи низомии Elbit Systems маълумот ҷамъ оварда, бар ивази криптоасъор ба хадамоти иктишофии Эрон фиристодааст."

Санҷидани дурустии ин иттиҳом ба воситаи манобеи мустақил феълан имкон надорад. Расонаҳо ва додситониву додгоҳи Исроил дар бораи мавқеи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол чизе нагуфтаанд.

Додситонии Исроил танҳо гуфтааст, Додобоев дар Исроил ҳаққи муваққатии иқомат дошт, вале он моҳи май ба анҷом расида буд. Вайро дар нӯҳ мавриди тамос бо "маъмури хориҷӣ" гумонбар медонанд ва аз ин шумор, ба иттиҳоми додситонии Исроил, "дар чор ҳолат ӯ ба душман иттилое додааст, ки ба амнияти давлатӣ осеб мерасонад".

Мақомоти Исроил гуфтаанд, Додобоев як дафъа, моҳи апрел, ба маъмурони эронӣ гуфтааст, аз ҳабс шудан метарсад, аммо бо ин вуҷуд ҳамкориро бо онҳо идома додааст. Ӯ бо дархости онҳо ба соҳилҳои Ҳайфа рафта, хати соҳил, киштиҳо, вазъи соҳил ва маконҳои дигарро аксу навор гирифтааст.

Вебсайти Jerusalem Post навишт, хадамоти амниятии Исроил ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гумонбар ба ҷосусӣ ба манфиати Эрон хабар медиҳанд ва дар миёни онҳо хориҷиҳо кам нестанд.

Соли 2025 дар ин кишвар 25 шаҳрванди Исроил ва хориҷиҳо бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт шуда, аз 120 мавриди ҷудогонаи талоши ҷосусӣ пешгирӣ шудааст.

Мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин муддат садҳо нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт ва дар чанд маврид онҳоро ба иттиҳоми ҷосусӣ ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ эъдом кардаанд.

Ҳалокати ду корманди бонки "Арванд" дар тасодуфи роҳ

Акс аз наворҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст
Акс аз наворҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шудааст

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар пайи сарозер шудани як мошин ба канал ё наҳри Ҳисор ду корманди бонки “Арванд” ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса пас аз зуҳри 19-уми июл дар шаҳри Ҳисор рух додааст.

Ба иттилои расмӣ, Дилноза Бойматова, сокини шаҳри Турсузода ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Ҳисор, бо мошини тамғаи “BMW” ба дохили наҳр афтодааст. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса Бойматоваи 32-сола ва мусофираш Фахриддин Воҳидови 37-сола ҳалок шуданд.

Як манбаи огоҳ дар бонки “Арванд” ба Радиои Озодӣ гуфт, Фахриддин Воҳидов, раиси намояндагии бонк дар Ҳисор ва Дилноза Бойматова корманди бонк дар шаҳри Турсунзода буд.

Дар навори ин ҳодиса, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, мусофирони мошинро аз об берун бароранд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохтаву беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.

Навор дар Инстаграм:

навшуда

Оҷонси омор: Муҳоҷират коҳиш ёфтааст

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз гуфтани шумораи умумии муҳоҷирон худдорӣ кард, аммо иддао намуд, ки дар нимаи аввали имсол муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа 1,7 дарсад кам шудааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ аз раиси Оҷонси омор пурсид, ки чаро теъдоди муҳоҷирони корӣ гуфта намешавад? Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба ин суол посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, "ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пурсид."

Нурмуҳаммадзода инро ҳам далел овард, ки ифшои ин маълумот метавонад аз сӯйи баъзе расонаҳо нодуруст шарҳ дода шавад. Раиси Оҷонси омор бе овардани далел гуфт, "мисли ману шумо тадқиқотчӣ, саволдеҳ, ба ном мутахассисон ва баҳодиҳандаҳои хориҷӣ бисёранд. Як маълумотро гирифта, чи хеле ба фикри худашон маъқул аст, ҳамон хел дар расонаҳо пешниҳод мекунанд".

Намояндагони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи 13-уми июл аз ифшои омори муҳоҷирон худдорӣ карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2025 омори муҳоҷиронро пахш намекунанд. Раиси Оҷонси омор моҳи феврали соли гузашта тасдиқ карда буд, ки шумораи муҳоҷирон ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Мақомот далели инро ҳам шарҳ надоданд.

Бино ба омори расмии ҳукумат, соли 2025 аз Тоҷикистон бештар аз 702 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ва аксаран ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан сад ҳазор нафар камтар аст.

Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Солҳои охир дар Русия тафтишу боздошт ва ҳабсу ихроҷи муҳоҷирон афзуда, даҳҳо қонуну қоидаи нав қабул шуд, ки кору зиндагии онҳоро сахту душвор гардонд.

Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch соли 2025 онро "Зиндагӣ дар тарсу таҳқир" номида, аз ҳукумати Русия хост, нагузорад, ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад. Дархосте, ки зоҳиран Маскав нодида гирифтааст.

Исроил: Як мушаки эрониро ҳамроҳ бо Урдун раҳгирӣ кардем

Мушаки эронӣ, ки телевизионҳои давлатии он кишвар нашр карданд. Акс аз бойгонӣ.
Мушаки эронӣ, ки телевизионҳои давлатии он кишвар нашр карданд. Акс аз бойгонӣ.

Артиши Исроил рӯзи 19 июл эълон кард, ки нерӯҳои ин кишвар ва Урдун як мушаки эрониро, ки ба тарафи шаҳри Ақаба дар Урдун партоб шуда буд, раҳгирӣ кардаанд.

Чанд дақиқа пеш аз ин раҳгирӣ, артиши Исроил эълон карда буд, ки мушакҳоеро, ки аз Эрон ба тарафи Ақаба партоб шудаанд, шиносоӣ кардааст ва нисбат а эҳтимоли "сироят"-и ҳамлаҳо ба хоки Исроил ҳушдор дода буд.

Сухангӯи артиши Исроил дар посух ба пурсиши хабаргузории "Франс пресс" дар бораи гузоришҳо роҷеъ ба шунида шудани садои таркишҳо дар наздикии шаҳри Эйлот дар ҷануби Исроил гуфт, ки нерӯҳои исроилӣ ва урдунӣ ба таври муштарак як партобро раҳгирӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, артиши Урдун эълон кард, ки "се мушаки эрониро, ки хоки ин кишварро ҳадаф қарор дода буданд", сарнагун кардааст ва як мушаки дигар низ дар минтақаи биёбонӣ фуруд омадааст, бидуни онки ҷойи дақиқи онро эълон кунад.

Ҳамчунин садои бонги хатар дар пойтахти Урдун ва дигар минтақаҳои ин кишвар ба садо даромадааст.

Эрон дар даври нави даргириҳо бо Амрико, ки дар ҳашт рӯзи гузашта идома доштааст, Урдунро чанд бор ҳадаф қарор дод.

Артиши Амрико эълон кардааст, ки дар ҷараёни ҳамлаи Эрон дар рӯзи ҷумъа ба Урдун, ду низомии амрикоӣ кушта шуданд.

Кушта шудани 2 низомии ИМА дар ҳамлаҳои Эрон ба Урдун

Эрон мегӯяд, ки дар рӯзҳои ахир ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун, Кувайт ва Баҳрайн ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст.
Эрон мегӯяд, ки дар рӯзҳои ахир ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун, Кувайт ва Баҳрайн ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст.

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 18 июл эълон кард, ки ду низомии амрикоӣ дар Урдун бар асари ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон дар рӯзи ҷумъа, кушта шуданд ва як низомии дигар нопадид шудааст.

Дар баёнияи Фармондеҳии марказии артиши Амрико, ки дар шабакаи Х нашр шуд, омадааст, "дар рӯзи 17 июн, ду нафар аз нерӯҳои низомии ИМА дар Урдун, дар ҷараёни дифои нерӯҳои СЕНТКОМ ва шарикони он дар баробари ҳамлаҳои мушакҳои баллистикӣ ва паҳподии Эрон, кушта шуданд. Ҳамчунин як низомии дигари амрикоӣ низ дар ҳоли ҳозир нопадид аст".

Ин баёния ҳамчунин аз захмӣ шудани чаҳор низомии амрикоӣ хабар дода ва гуфтааст, ки онҳо баъд аз муолиҷа дар бемористонҳои Урдун, рухсат шуданд ва дигар нерӯҳое, ки бинобар "ҷароҳатҳои ҷузъӣ" зери муолиҷа қарор доштанд, низ ба маҳали хидмати худ баргаштанд.

Тайи ду рӯзи гузашта Сипоҳи посдорони Эрон ва артиши ин кишвар дар баёнияҳое аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба пойгоҳҳои низомӣ дар Урдун хабар дода буданд.

СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии артиши Амрико маҳали дақиқи кушта шудани нерӯҳои амрикоӣ дар Урдунро эълон накарда ва гуфтааст, ки то замони огоҳ кардани пайвандони наздики сарбозони кушташуда, аз нашри маълумоти бештар худдорӣ хоҳад кард.

Шарифхон Сафарзода раиси нави ВМКБ таъйин шуд

Шарифхон Сафарзода раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст.

Фармони президенти Тоҷикистон дар ин бора 18 июл содир шуд.

Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд. Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.

Таъйини Шарифхон Сафарзода ба ин мақом дар ҳолест, ки раиси пешини вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 17 июн дар ноҳияи Дарвоз бо мошини хидматӣ ба рӯди Панҷ сарозер шуд.

Мақомот гуфтанд, раиси пешини вилоят бо ҳамсару духтари дусолааш ва ёвару ронандааш аз Душанбе ба Хоруғ бармегаштанд.

То кунун ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, инчунин ронандаи раиси вилоят Сино Муборакшоев ва ёвараш Садоншо Ҷанобилшо пайдо шудаанд. Ҷустуҷӯи духтари дусолаи вай Орифа Мирзонаботзода ҳамоно идома дорад.


Хоҷазода: “Аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом шуд”

Ориф Хоҷазода. Шаҳри Душанбе, 17-уми июли 2026
Ориф Хоҷазода. Шаҳри Душанбе, 17-уми июли 2026

Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон, ки солҳо сабаби задухӯрд буду аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, 90 дарсад ба поён расидааст.

"Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид," – гуфт Ориф Хоҷазода рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Вай афзуд, "корҳои мушкилтаре, ки дар самти вилояти Суғд буд, ба анҷом расонида шуд."

Мақомот дар Суғд аввали моҳи июл гуфтанд, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра поён ёфтааст. Вале на Кумитаи замин ва на ҳукумати Суғд ҷузъиёти таъйину аломатгузориро шарҳ надоданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину нишонагузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишномаи ниҳоии марзиро ба имзо расонданд.

Номуайянии марз сабаби чанд даргирии мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуда, дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ гаштанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Баҳс солҳо боз сари он идома кард, ки харитаҳои кадом замон асос шумурда шаванд. Тарафи Қирғизистон бештар ба ҳалли масъала бар пояи вазъи феълӣ таъкид мекард. Ду тараф барои ҳалли мушкил табодули қаламрав карданд.

Баъзе аз сокинони ду тарафи марз аз ин табодул норозӣ монданд ва мегӯянд, талафоти онҳо ҷуброн нашудааст.

Эҳтимол нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон шавад

Нархи истифода аз нерӯи барқро дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол боло бурда буданд
Нархи истифода аз нерӯи барқро дар Тоҷикистон моҳи феврали имсол боло бурда буданд

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки эҳтимол арзиши истифода аз нерӯи барқ боз боло бурда шавад.

Дар ин ниҳод рӯзи 16-уми июл афзуданд, "болоравии қимати барқ бо назардошти тағйир ёфтани арзиши маводи сӯхт ва хароҷоти дигар" сурат хоҳад гирифт.

Онҳо мушаххас нагуфтанд, ки арзиши барқ кай гарон мешавад.

Бори охир дар Тоҷикистон 1-уми феврали имсол нархи барқро гарон карданд.

Ҳоло ҳар киловат соати барқ барои аҳолӣ 41,37 дирам арзиш дорад. Пештар он 35,36 дирам буд.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, об яке аз сарватҳои асосии кишвар аст ва чун бахши аъзами нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад, набояд нархи он бештар аз тавони молии мардум бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG