Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши як филми дигарро дар Бишкек манъ карданд


Намоиши филми “Мо сокит намешавем”-и коргардон Алиса Коваленко дар Ҷашнвораи 17-уми байнулмилалии филмҳои мустанад дар бораи ҳуқуқи башар дар шаҳри Бишкек манъ шуд.

“Мо сокит намешавем”-и Коваленко бо дастгирии телевизиони "Настоящая время" наворбардорӣ шуда, дар бораи наврасони Донбасс қисса мекунад.

Ин филм дар чанд ҷашнвораи синамо, аз ҷумла"One World (Jeden svět)" ва "Артдокфест" соҳиби ҷоиза шудааст.

Қаблан Маркази давлатии синамои Қирғизистон намоиши филми "Записки военного времени"-и коргардони итолиёӣ Барбара Купистиро ҳам манъ карда буд.

Ин филм дар бораи оқибатҳои ҷанги Русия дар Украина аст.

Дар Маркази давлатии синамои Қирғизистон гуфтанд, намоиши филмро ба далели "саҳнаҳои дорои хусусияти экстремистияш" манъ карданд. Созмондиҳандагони ҷашнвора иддаои мақомотро рад намуданд.

XS
SM
MD
LG