Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии "Равшан" бо "Марв" дар Ишқобод баргузор мешавад


​​​​​​​Дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар меҳмонӣ бо тими «Марв»-и Туркманистон бозӣ мекунад.

Бозӣ миёни футболбозони туркману тоҷик дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» шоми панҷшанбеи 30-юми ноябр дар варзишгоҳи шаҳри Ишқобод соати 17:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, “Равшан” аввалин бозиашро бо «Марв» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.

Баъдан “Равшан” дар ду бозӣ аз тими «Абдиш-Ота»-и Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи баъдии мусобиқот маҳрум шуд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо 10 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст.

“Алтин Асир” бо 7 имтиёз дар ҷойи дуюм мебошад. “Марв” ва “Равшан” бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чаҳорум қарор доранд.

Бар асоси дастури мусобиқот аз гурӯҳи “Е” танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

Барои роҳхати ягона дастаҳои “Абдиш- Ота” ва “Алтин Асир” талош доранд. Вале тимҳои “Марв” ва “Равшан” имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст доданд.

Бозии дигари даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “Е” рӯзи панҷшанбеи 30-юми ноябр миёни дастаҳои «Алтин Асир» - «Абдиш-Ота» баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2023/24

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

«Равшан» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон)

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

«Марв» (Туркманистон)

Даври 1-ум

«Равшан» (Тоҷикистон) «Марв» (Туркманистон) – 0:0

21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0

21-уми сентябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1

Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Раҳмон Муродбердиев, 53 (1:1)

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1

5-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Даври 3-юм

«Равшан» (Тоҷикистон) «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 0:1

Гол: Эммануэл Яғр, 51 (0:1)

26-уми октябр. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:2

Голҳо: Камол Аннамуҳаммадов, 60 (1:0). Раҳмон Муродбердиев, 84 (1:1), Салим Нурмуродов, 90+5 (1:2).

26-уми октябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Даври 4-ум

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Айзар Акматов, 49.

9-уми ноябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)- 1:0

Гол: Ораз Оразов, 34 (1:0.

9-уми ноябр. Ишқобод, варзишгоҳи «Ашхобод».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

4

3

1

0

6-1

10

2.

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

2

1

1

4-5

7

2.

«Марв» (Туркманистон)

4

0

2

2

2-4

2

4

«Равшан» (Тоҷикистон)

4

0

2

2

1-3

2

Даври 5-ум

30-юми ноябр (панҷшанбе)

17:00 «Марв» (Туркманистон) - «Равшан» (Тоҷикистон)

21:00 «Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

14-уми декабр (панҷшанбе)

19:00 «Равшан» (Тоҷикистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон)

19:00 «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG