Дар чанд ҷумла
Боздошти чанд узбекистонӣ бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии одамон ба Амрико
Мақомоти интизомии Узбекистон мегӯянд, аз чанд кушиши интиқоли ғайриқонунии шаҳрвандони ин кишвар ба Амрико пешгирӣ кардаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон иттилоъ додаанд, ки сокини шаҳри Самарқанд, соли таваллудаш 1979 аз як сокини маҳаллӣ бар ивази интиқоли ӯ тавассути Мексика ба Амрико 25 ҳазор доллар талаб кардааст. Ӯ ҳангоми гирифтани 15 000 доллар боздошт шудааст.
Ду сокини ноҳияҳои Пастдарғом ва Каттақӯрғони Самарқанд низ бо иттиҳоми ҳамсон дастгир шудаанд. Боздоштшудаҳо ваъда додаанд, ки дар ивази 23 ҳазор доллар довталабонро тавассути Туркия, Арманистон ва Мексика ба ИМА мерасонанд. Онҳоро ҳангоми гирифтани 12 ҳазор доллар дастгир кардаанд.
Сафорати ИМА дар Узбекистон ахиран эълом кард, узбекистониҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Мексикаро убур ва вориди ИМА мешаванд, акнун боздошт ва то содир шудани қарори ихроҷашон дар боздошт нигаҳ дошта мешавнад.
Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дидбони ҳуқуқи башар ихроҷи ҳазорон фаластиниро "ҷинояти ҷангӣ" хонд
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) берун кардани даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз се урдугоҳи паноҳандагонро аз сӯи артиши Исроил "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" эълом кард. Ба гуфтаи ин созмон, ин гуруҳи фаластиниҳо аввали соли 2025 аз се урдугоҳ дар Каронаи Бохтарӣ берун карда шуданд.
Дидбони ҳуқуқи башар 20-уми ноябр дар баёнияе гуфт, 32 ҳазор фаластинӣ моҳи январ дар ҷараёни амалиёти "девори оҳанин" тавассути неруҳои Исроил овора шуданд. Оворагон аз бозгашт ба маҳалли зиндагии худ манъ шуда ва садҳо хона вайрон шудааст.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар хостори иқдомоти фаврии байнулмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомҳои исроилӣ ва "таваққуфи нақзи бештари ҳуқуқи фаластиниҳо" шуд.
Артиши Исроил ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, зерсохтҳои ғайринизомиро аз рӯи "ночорӣ" тахриб кардаанд, то шибҳинизомиён аз онҳо "сӯистифода" накунанд. Бо ин ҳол артиши Исроил аниқ накардааст, ки сокинони ин урдугоҳҳо кай метавонанд ба маҳалли иқомати худ баргарданд.
Душанбе мизбони Ҷоми ҷудои Осиё байни наврасону ҷавонон мешавад
Аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо байни наврасону ҷавонон доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа байни наврасон рӯзҳои 20-21-уми ноябр бо иштироки беш аз 330 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиё – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор мешавад.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи наврасон 190 гуштигир (179 писар ва 11 духтар) намояндагӣ мекунад.
Дар мусобиқа байни ҷавонон беш аз 270 варзишгар аз панҷ кишвари қора – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) - ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷавонон 186 варзишгар (176 писар ва 10 духтар) муаррифӣ менамояд.
Бояд зикр намуд, шаҳри Душанбе солҳои охир мизбони чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Grand Slam (“Тоскулоҳи бузург”)-и ҷудо гардидааст, ки ба тақвими расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо дохил аст.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё-2025 миёни наврасон ва ҷавонон (Tashkent Cadet and Junior Asian Cup 2025) дар шаҳри Тошканд 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи наврасон Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни духтарон барандаи медали тило гардид. Вай, инчунин дар мусобиқа байни ҷавонон медали нуқра гирифт.
Виктория Киселёва дар байни ҷавонон дар вазни +78 кило бо медали тило сарфароз гашт.
Бобоҷон Шаропов дар мусобиқаи наврасон дар вазни то 73 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Бинёмин Назиров дар мусобиқа миёни ҷавонон дар вазни то 73 кило ва Абубакр Худоиев дар байни наврасон дар вазни то 55 кило нишонҳои биринҷӣ гирифтанд.
Шарҳи Вазорати энергетика дар бораи камчин шудани гази моеъ
Вазорати энергетикаи Тоҷикистон камчин шудани гази моеъ ва болои рафтани нархи ин сӯзишвориро ба коҳиши содироти аз Қазоқистон рабт додааст.
Як намояндаи ин вазорат 19-уми ноябр ба хабаргузории Азия-Плюс гуфтааст, "коҳиши воридоти гази моеъ дар навбати аввал ба маҳдудиятҳои содироти он аз Қазоқистон вобаста аст".
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ин расона гуфтаанд, сабаби гарон шудани гази моеъ кам будани ин сӯзишворӣ дар бозор аст.
Аз оғози моҳи ноябр нархи гази моеъ дар Тоҷикистон якбора боло рафт. Агар аввали ин моҳ як литр гази моеъ чор сомону бист дирам буд буд, пас 19-уми ноябр нархи он ба панҷ-панҷуним сомонӣ расидааст. Дар ин миён ронандагон аз камчин шудани гази моеъ шикоят доранд.
Мақомоти Қазоқистон аз рӯзи 14-уми ноябр содироти гази моеъро ба муддати ҳадди ақал шаш моҳ манъ карданд.
Тоҷикистон бахши асосии гази мавриди ниёзашро аз Қазоқистон мехарад. Бо сабаби нисбатан арзон будани ин навъ сӯзишворӣ соҳибони бештари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мебаранд.
Толибон аз Тоҷикистон хостаанд, ки сафорати Афғонистонро ба ин гурӯҳ бидиҳад
Намояндагони ҳукумати "Толибон" аз Тоҷикистон хостаанд, назорати сафорати Афғонистон дар Душанберо ба ин гурӯҳ супорад.
Ба гузориши телевизиони "Ому", ин дархост дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Кобул дар шаҳри Кобул садо додааст.
Ин расона навиштааст, ҳукумати "Толибон" аз намояндагонии Тоҷикистон хостаанд, ин гурӯҳро ҳамчун ҳокимони нави Афғонистон ба расмият шиносанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари ҳайати кишвар ба Афғонистон ва дидору гуфтугӯашон бо намояндагони "Толибон" расман чизе нагуфтанд. Ин ҳайати 14-нафара, ки ба иттилои расонаҳои Афғонистон шомили намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 15 ноябр ба Кобул сафар кард.
Аммо телевизиони "Ому" гузориш додааст, ки ҳайати Тоҷикистон ба дархостҳои “Толибон” дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ва супоридани сафорати Душанбе ба намояндаи онҳо, посухи аниқ надодааст.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол аз сӯи Заҳир Ағбар, сафири таъйинкардаи ҳукумати пешини Афғонистон идора мешавад.
Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳо дар минтақа аст, ки бо гузашти чор сол аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, Сафорати Афғонистонро ба онҳо таслим накардааст.
Пештар расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба шаҳри Кобул рафта, бо чанд вазири ҳукумати "Толибон", аз ҷумла, вазири корҳои хориҷӣ ва вазири сарҳадот, ақвом ва қабоили ин гурӯҳ, гуфтугӯ кардаанд.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли манобеашон навиштанд, ҷонибҳо дар бораи амният, густариши робитаҳо, мушкилоти марз ва тақвияти марзи муштарак сӯҳбат намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ намедиҳад.
Cадама дар Рашт тӯйхонаро ба мотамхона табдил дод
Дар ноҳияи Рашт дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон шудааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ҳодиса 16-уми ноябр рух додааст.
Як манбаи огоҳ аз ҳодиса гуфт, як оила аз деҳаи Навобод вақте ба барои овардани арӯс ба деҳаи Бедак мерафтанд, ногоҳ яке аз мошинҳо ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.
Дар ин ҳодиса се ҷавон ба ҳалокат расидаанд, ки якеашон хонандаи синфи 11 ва дуи дигар 21 ва 28 сол доштанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ду нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошини "Опел" сахт ҷароҳат бардошта, зери назорати пизишкон қарор доранд.
Сокинони деҳаи Навобод гуфтанд, яке аз қурбониён бародари домод буд ва дар як лаҳза тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Як намояндаи ҷамоати Навобод ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.
Ҳамлаҳои Русия ба гӯшаҳои Украина; омодагии Лаҳистон ва Руминия
Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Тернопили Украина 10 нафар кушта ва тақрибан 40 каси дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамла рӯзи 19-уми ноябр сурат гирифта, ба қавли мақомот, мумкин аст, зери харобаҳои хонаи истиқоматие, ки нимавайрон шуд, ҳанӯз одамони дигаре монда бошанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Украина дар байни захмиён 12 кӯдак низ ҳаст.
Ҳамлаҳо бо мушаку дронҳо субҳи 19-уми ноябр дар минтақаҳои дигари Украина ҳам сурат гирифта, садои таркишҳои зиёде ба гӯш расидааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки шабакаҳои барқӣ осеб диданд. Аз ҷумла, аз вилоятҳои Хмелнитский, Ивано Франковск, Лвов ва Днепропетровск ва дигар вилоятҳои шарқӣ ва ғарбии Украина дар бораи ҳамлаҳо гузориш расид.
Дар вилояти Харков дар ҳамлаҳои шаби 19-уми ноябр, 10 бинои истиқоматӣ осеб дида, камаш 36 нафар маҷруҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин шаҳр аз ҷумла иншооти ғайринизомӣ ба мисли як мактабу мағоза ва бунгоҳи тиббӣ осеб диданд.
Бо ҳамлаи Русия ба вилоятҳои ғарбии Украина, ҳамсояи он Лаҳистон (Полша) падофанди ҳавоӣ ё системаи дифои ҳавоии худро ба кор андохт ва ҳавопаймоҳои ҷангии он низ ба парвоз даромаданд.
Ба қавли мақомоти Лаҳистон, фурудгоҳи шаҳрҳои Ресзов ва Лубинро барои муддате бастанд, то ҳавопаймоҳои ҷангӣ озодона парвоз карда тавонанд.
Дар Руминия ҳам системаи дифои ҳавоии ин кишварро барои муддати кӯтоҳе ба кор андохтаанд, зеро ба қавли мақомот як паҳпод ва ё дрон то 8 километр ба қаламрави ин кишвар ворид шудааст.
“Трамп омода аст, қонунро дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия имзо кунад”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, омода аст, қонунро дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия имзо кунад, агар тасмимигирии ниҳоӣ дар бораи ҳама гуна маҳдудиятҳои оянда бо ӯ бошад.
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба мақомоти баландпояи Кохи Сафед хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъҳо, агар ин шарти Трамп қабул шавад, президент масъалаи қабули таҳримҳои навро баррасӣ мекунад.
Намояндаи Кохи Сафед ҳамчунин гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида музокиротро бо Маскав бар сари поёни ҷанг дар Украина идома медиҳад.
Қонуне, ки аз сӯи намояндагони ду ҳизби асосии Амрико баҳори соли 2025 пешниҳод шуд, маҳдудият алайҳи шарикони Русияро дар бар мегирад.
Бар асоси ин санад, кишварҳое, ки ба харидани нафт ва уран аз Русия идома медиҳанд, бар молу колояшон то 500 дар сад боҷ баста мешавад.
Аз 100 сенатор 80 нафар аз ин тарҳ пуштибонӣ кардаанд. Амрико дар охири моҳи октябр ду ширкати калони нафти Русия – “Роснефт” ва “Лукойл”-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин аввалин маҳдудияти Амрико алайҳи Русия баъди бозгашти Доналд Трамп ба қудрат буд.
Имзои қарордоди нави интиқоли барқ миёни Узбекистон ва Афғонистон
Вазорати энержии Узбекистон рӯзи 18 ноябр эълон кард, ки ин кишвар як қарордоди нав барои интиқоли барқ ба Афғонистон имзо кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", ин қарордод барои соли 2026 пас аз гуфтугӯи вазири энержии Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов бо Абдулборӣ Умар, раиси ширкати афғонистонии "Брешно", имзо шудааст.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки Узбекистон дар соли оянда чӣ миқдор барқ ба Афғонистон медиҳад. Аммо дар қарордоди соли 2019 Узбекистон ваъда дода буд, ки то даҳ сол, ҳар сол 6 миллиард киловатт барқ ба Афғонистон содир мекунад.
Афғонистон бештари барқи мавриди ниёзашро аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Тоҷикистон ворид мекунад ва фақат миқдори каме аз барқ дар дохили он кишвар тавлид мешавад.
Боздошти як нозир барои пинҳон доштани талафоти барқ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқ дар шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Мақомот ин мардро муттаҳам кардаанд, ки барои пинҳон доштани талафоти барқ ба барномаи "СМАРТ-БИЛИНГ" маълумоти дурӯғ ворид карда, қариб 30 ҳазор сомониро ба суратҳисоби 12 муштарӣ гузарондааст.
Назари ин нозири 34-сола ба иттиҳом маълум нест.
Алайҳи ин мард бар асоси моддаи 299-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардаанд. Ин банди қонун то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон сар аз моҳи марти имсол мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ду рӯз пас аз имзои ин фармон, барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис дода шуд.
Имзои ду санад дар бораи сохтани метро дар Душанбе
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳум бо чанд ширкати корегияӣ бар сари бунёди метро дар Душанбе хабар дод.
Вазорати нақлиёт 17-уми ноябр навишт, "лоиҳаи пешакии асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, хатсайри 2 ва лоиҳаи дастгирии машваратии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои сохтмони метро дар Душанбе" аз ҷумла санадҳои имзошуда мебошад.
Ҷузъиёти бештари ин лоиҳаҳо маълум нест.
Вазорати нақлиёт навиштааст, бо ҳадафи татбиқи ин лоиҳаҳо рӯзҳои 11-12 ноябр дар Душанбе давраҳои омӯзишӣ гузаронда шуд.
Мақомоти Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки бо ҳадафи кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мехоҳанд дар Душанбе ҳадди ақал се хати метро созанд.
Ба гуфтаи мақомот, феълан танҳо корҳои асоснокуни лоиҳа рафта истодаанд ва сухан дар бораи оғози сохтмони метро ҳанӯз барвақт аст.
Тоҷикистон зарурати сохтмони метроро ба афзоиши аҳолии Душанбе ва меҳмонони он марбут дониста, онро яке аз чораҳои пешгиранда аз роҳбандон ё танбашавӣ дар кӯчаҳои пойтахт медонад.
Путин қонунеро имзо кард, ки аз кор рондани муҳоҷиронро осон мекунад
Владимир Путин, президенти Русия, қонунеро имзо кардааст, ки аз кор ҷавоб додани муҳоҷиронро барои корфармоён осонтар мекунад.
Тарҳи ислоҳшудаи Кодекси кор дар Русия рӯзи 17-уми ноябр пазируфта шуд. Ин санад ба корфармоён имкон медиҳад, ки дар сурати кам шудани квота ё меъёри қабули коргарони хориҷӣ муҳоҷиронро аз кор ҷавоб диҳанд.
Бар асоси кодекси пешин, корфармоён ҳақ надоштанд, ки кам шудани квотаҳои қабули коргарони хориҷӣ дар шаҳр ё ноҳияву вилояти худро ҳамчун асос барои аз кор ҷавоб додани муҳоҷирон истифода баранд.
Қонуни нав аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо мекунад. Агар ширкатҳо талаботи мазкурро иҷро накунанд, то 1 миллион рубл ҷарима ё фаъолияташон боздошта мешаванд.
Русия дар ду соли охир даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷиронро қабул кард ва бо баҳонаи иҷрои ин муқаррарот бо зӯру фишору таҳқир даҳҳо ҳазор хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кории зиёди тоҷикро аз кишвар берун кард.
Русия раъй надод; Шӯрои Амният қатъномаро дар бораи Ғазза пазируфт
Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 17-уми ноябр пешниҳоди президенти Амрико Доналд Трампро дар бораи хатми ҷанг дар Ғазза пазируфт.
Ин тарҳ, ки аз бист банд иборат аст, истиқрори нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳро дар борикаи Ғазза ва бозсозиву барқарории иқтисодии ин минтақаро пешбинӣ мекунад.
Исроил ва гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ медонанд) моҳи октябр бо ин санад розӣ шуданд.
Майк Волтс, сафири Амрико дар Созмони Милал, гуфт, “ин қатънома баъд аз анҷоми ислоҳоти зарурӣ роҳҳои имконпазирро барои таъйини ояндаи Маъмурияти Фаластин боз мекунад. Он нерӯи "Ҳамос"-ро суст мегардонад ва раҳоии Ғаззаро аз сояи ваҳшат таъмин карда, шукуфоиву амниятро фароҳам мекунад”.
“Ҳамос”, ки онро Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ медонанд, батакрор гуфтааст, ки аслиҳаашро ба замин намегузорад.
Ин гурӯҳ иддао мекунад, ки нерӯҳои байнулмилалӣ дар дохили Ғазза дар асл бо тарафдорӣ аз Исроил як бахши низоъ хоҳанд шуд.
Русия, ки дар Шӯрои Амнияти СММ ҳаққи вето дорад, аз пеш гуфт, қатъномаро намепазирад ва аз овоздиҳӣ низ худдорӣ намуд.
Василий Небензя, сафири Русия дар Созмони Милал, гуфт: “Дар асл Шӯро бар асоси ваъдаҳои Вашингтон ва ташаббуси Амрико ризоият дода, назорати пурраи Ғаззаро дар ихтиёри Шӯрои сулҳ ва нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳ медиҳад, ки дар бораи онҳо то ҳол ҳеч маълумот надорем”.
Маъмурияти Фаластин аз ин қатънома истиқбол ва омодагии худро дар татбиқи он баён намуд. Трамп аз ин қарор чун “лаҳзаи воқеан таърихӣ” ситоиш кардааст.
Қатънома дар Исроил баҳсбарангез шуд, чун он ба таъсиси давлати Фаластин дар оянда ишора мекунад. Сарвазир Бенямин Нетаняҳу рӯзи 16-уми ноябр гуфт, зидди таъсиси давлати Фаластин буда, ваъда дод, ки “бо ҳар роҳи осон ё мушкил” ба халъи силоҳ дар Ғазза даст хоҳад ёфт.
Гузориши видеоӣ:
Амрико тарҳи таҳрим алайҳи шарикони тиҷоратии Русияро баррасӣ дорад
Намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико тарҳи қонунеро баррасӣ доранд, ки таҳрим алайҳи шарикони тиҷоратии Русияро пешбинӣ мекунад.
Дар ин бора президент Доналд Трамп хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кадом кишваре, ки бо Русия додугирифти молӣ мекунад, ба таҳримҳои сахт рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Раисҷумҳури Амрико илова кард, ки Эрон низ метавонад ба ин рӯйхат ворид шавад.
Бар асоси ин санад, кишварҳое, ки аз Русия нафту газ мехаранд ва ҳамчунин ширкатҳое, ки бо бахши энергетикии Русия кор мекунанд, таҳрим хоҳанд шуд.
Дар охири моҳи октябр ИМА ду ширкати калони нафти Русия “Роснефт” ва “Лукойл”-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард.
Ин аввалин маҳдудияти Амрико алайҳи Русия баъди бозгашти Доналд Трамп ба қудрат буд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мақомаш барканор шуд
Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аз мақомаш барканор шудааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-уми ноябр хабар дод, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аз вазифа барканор шудааст. Сабаби ин барканорӣ "гузашта ба кори дигар" гуфта шудааст. Маълум нест, ки Раҳмонзода дар кадом вазифа ба фаъолияташ идома медиҳад.
Ҳамзамон тайи фармони дигар, Исматулло Насреддин ба ҷойи Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъйин шудааст. Ба ҷой Исматулло Насреддин сафири пешини Тоҷикистон дар Амрико Фаррух Ҳамрализода муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзодаи 66-сола, ки бо тасмиму изҳороти баҳсбарангезаш машҳур аст, дар моҳи майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъин шуда буд.
Пеш аз ин, аз соли 2014 то таъйин шудан дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.
Вай аз он пеш дар мансабҳои раиси Кумитаи телевизиону радио, вазири маориф ва мудири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор карда, ҳамеша бо тасмимҳои худ дар сархати расонаҳо қарор доштааст.
Аз ҷумла, ҳангоми раиси Кумитаи телевизион ва радио будан саводи кормандони эҷодиро зери суол бурда, ҳамаро аз як диктанти умумии забони тоҷикӣ гузаронд. Дар вазифаи вазири маориф ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба дарс бо либоси исломӣ ва нимаурёни аврупоӣ ва истифода аз мошини шахсӣ ва телефонҳои мобилро манъ кард.
Дар ҳоле, ки худи Раҳмонзода пайваста аз паст рафтани саводи муҳассилон ва коста шудани интизоми талабагӣ интиқод кардааст, худи ӯро дар тундлаҳнӣ ва ҳам зиёдаравӣ интиқод мекарданд.
Яке аз пурбаҳстарин амалҳое, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории пойтахт кардааст, ин талаби ҳозир шудани духтарони донишҷӯ бо пошнаи баланд ба дарс ва пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷарима барои донишҷӯёни дарсгурез буд.
Муҷозоти даҳҳо нафар барои сӯзондани барги дарахтон
Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, соли равон даҳҳо нафарро барои сӯзондани хазону барги дарахтон ҷазо додаанд.
Ин ниҳод дар иттилоияи расмӣ гуфтааст, давоми даҳ моҳи аввали соли равон барои сӯзондани хазон ва ба ин роҳ ифлос намудани муҳити зист, 2137 санадҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Мақомот нагуфтаанд, ки сокинон барои оташ задани хазон чӣ қадар ҷарима шудаанд.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҷойҳои манъшуда сӯзондани партов ё хазон аз 375 то 750 сомонӣ ҷарима таъйин кардааст.
Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, дар вақти сӯзонидани хазонҳо "моддаҳои заҳрнок ҳосил гардида, ба муҳити атроф паҳн гардида, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, беморони роҳҳои нафас ва дилу рагҳо аз ин ҳолат ранҷ кашида, ҳолаташон метавонад бад гардад".
Қонун "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера" сӯзонидани ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла хазонро манъ кардааст, аммо бо фаро расидани тирамоҳ оташ задани барги дарахтон дида мешавад.