Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устоди "Шашмақом" Абдуҷалил Ҳошимов даргузашт


Акси бойгонии Абдуҷалил Ҳошимов аз вебсайти asiaplustj.info
Акси бойгонии Абдуҷалил Ҳошимов аз вебсайти asiaplustj.info

Ҳунарпешаи мардумӣ ва сарояндаи маъруфи “Шашмақом” Абдуҷалил Ҳошимов дар сини 79-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, овозхони маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод ва навишт, ки Абдуҷалили Ҳошимов дар шаҳри Бустон (Чкаловски пешин) аз олам чашм пӯшид.

Сабаби марги Абдуҷалил Ҳошимов рушан нест. Чанде аз оҳангу таронаҳои иҷрокардаи ӯ, ба мисли "Насри Уззол", "Талқинчаи Ироқи Бухоро", "Мустазоди Наво", "Талқини Баёт", "Уфари Ушшоқ", "Дустонро гум макун", "Муждаи завқи умед", "Тоҷикистон" ва дигарҳо дар хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Абдуҷалил Ҳошимов соли 1944 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст ва дар соли 1963 то соли 1994 ҳамчун овозхони ансамбли “Шашмақом”-и назди Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар соли 1974 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва баъдтар дар соли 1994 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Абдуҷалили Ҳошимов дар солҳои 1994-2000 дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва солҳои 2000-2005 дотсенти кафедра дар Консерваторияи давлатии Тоҷикистон, фаъолият кардааст. Ҳошимов дар назди устодони мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” Фазлиддин Шаҳобов, Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибов таҳсил кардааст.

Абдуҷалил Ҳошимовро рузи ҷумъа ба хок супорданд.

XS
SM
MD
LG