Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарафо Раҳмонӣ гуфт, ки бо бемории "тарснок" чӣ гуна мубориза мекунад. ВИДЕО


Пизишкон дар бадани Зарафо Раҳмонӣ саратони синаро кашф кардаанд
Пизишкон дар бадани Зарафо Раҳмонӣ саратони синаро кашф кардаанд

Зарафо Раҳмонӣ, фаъоли пешини сиёсӣ, мегӯяд, чор сол боз бо бемории саратон дар ҳоли набард аст, вале таслим шуданӣ нест. Пизишкон дар бадани ӯ саратони синаро кашф кардаанд.

“Фикр мекардам, ин дардро шаш моҳ ё як сол тоқат мекунаму бас. Ба мисли хоҳарам, ки то панҷ моҳ бардошт кард ва рӯҳияаш шикаст. Дар ҳолати шок будам. Гумон кардам, тамом, дигар чизе нест, ягон мавҷуди зинда аҳамият надорад. Ҳолати ғамангезе пеш омада буд," – ба ёд овард ӯ рӯзҳои аввали бемориро.

Аммо зуд аз ин ҳолат берун омад ва муборизаро бо дард оғоз кард. Ҳоло бовар дорад, барои шахсе, ки бо саратон зиндагӣ мекунад, “бисёр муҳим аст, ки рӯҳияи худро қавӣ нигаҳ дорад ва таслим нашавад”.

“Дар ҳар ҷое, ки хондаму мушоҳида кардам, як чиз дар мадди аввал меистад: рӯҳия. Ҳар шахс новобаста аз чӣ гуна табобат гирифтанаш бояд рӯҳияи худро қавӣ дорад,” – мегӯяд ӯ.

Зарафо Раҳмонӣ зани замоне фаъол дар майдони сиёсат ва узви пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, дар зиндагӣ ба душвориҳои зиёд дучор шуд. Тақрибан як сол дар зиндон буд. Сипас шавҳар ва хоҳарашро аз даст дод.

Сабаби гирифториро ба саратон намедонад, вале ҳоло ин барояш муҳим нест ва бештар ба роҳҳои мубориза бо дард меандешад. Ҳарчанд, ба гуфтааш, осон ҳам нест. Натиҷаи як ташхиси муҳими дигарро интизор аст.

"Ҳар моҳ аз муоина мегузаштам, натиҷа бисёр хуб буд. Як моҳ пеш ба сулфаи шадид гирифтор шудам. Хулосаи санҷишро интизорам. Шубҳае ҳаст, ки эҳтимол саратон ба шуш гузашта бошад. Худо кунад, шамолхӯрдагӣ бошад. Рӯҳияамро намешиканам," – гуфт ӯ.

Вай шаш бор кимиёдармонӣ гирифта, як ҷарроҳиро паси сар кардааст. Мегӯяд, ба далели тангдастӣ натавонист сари вақт муолиҷаву ҷарроҳӣ кунад, вагарна имкон дошт, зудтар аз банди ин дард раҳо ёбад.

Фақат ба доруву дармон такя намекунад. Бо чанде аз гирифторони бемории саратон ҷамъ омада, бо дарди муштаракашон мубориза мебаранд: “Рафтем ба варзиш, рафтем ба боғҳо. Дӯстоне, ки ҳамдард ҳастанд, дигар хел ҳастанд. Мо ҳеч вақт якдигарро зиқшавӣ намемонем. Намехоҳем, асабӣ ё нороҳат шавем.”

Зарафо Раҳмонӣ бовар дорад, ки бархӯрди атрофиёну наздикон ба гирифторони саратон ҳам муҳим аст: “Онҳо набояд бо бемор бо ашку таассуфу дилсӯзӣ муносибат кунанд, балки бо рӯҳияи хуб барои дилгарм будан ба зиндагӣ мадад кунанду нерӯ бахшанд.”

“Аслан кӯшиш мекунам ин мавзуъро ба ёд наорам. Гоҳе мегӯям, ки саратон ҳастам. Баъзеҳо мегӯянд, "эҳ, аз даҳонат шамол барад." Мегӯям, чаро? Ман ҳам ба мисли ҳар як нафар дардманд ҳастам, аммо ҳеч вақт намегузорам, ин дард барои ман монеа бошад барои зистан, барои вақти хуш доштан, барои ҷое рафтан. Ҳеч вақт бояд ин чиз монеа набошад,” – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба омори расмӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон гирифтории занон ба саратон, махсусан саратони сина ё ғадуди ширӣ ва саратони гарданаи бачадон рӯ ба афзоиш аст.

Пизишкон бо такя ба омори чанд соли охир мегӯянд, ҳар сол то 500 мавриди саратони ғадудҳои шир дар миёни занон ошкор мешавад. Ба фарқ аз сездаҳ сол пеш гирифторӣ ба ин беморӣ ду баробар афзудааст.

Барномаи пурраро дар бораи бемории саратон миёни занон дар Тоҷикистон инҷо бинед:

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG