Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири пешини Амрико дар Боливия ба 40 сол ҷосусӣ барои Куба муттаҳам шуд


Як дипломати пешини Амрико муттаҳам шуд, ки даҳсолаҳо барои ҳукумати коммунистии Куба ҷосусӣ кардааст. Додситонҳои амрикоӣ аз ин парванда ба унвони яке аз густохонатарин мавриди хиёнат ба ин кишвар ном мебаранд.

Тибқи гузоришҳо, Мануэл Роча бо дастони баста дар додгоҳи федералии шаҳри Майамии аёлати Флорида ҳозир шуд ва ба иттиҳоми даст доштан дар "иқдомоти махфиёна" ба нафъи Куба аз соли 1981, замоне ки ба Вазорати корҳои хориҷии Амрико пайваст, муҳокима шудааст.

Парвандаи иттиҳоми ин дипломати пешини Амрико шомили мулоқоти ӯ бо ҷосусҳои Куба ва пешниҳоди маълумоти нодуруст ба мақомоти Иёлоти Муттаҳида мешавад.

Гузоришҳои нашршуда аз ин парванда мушаххас намекунад, ки Мануэл Роча чӣ маълумотеро ба Куба дода ва чӣ гуна ба онҳо мадад кардааст. Аммо мақомоти Амрико онро талошҳои дарозмуддат ва печидаи дастгоҳи амниятии Куба барои зарба задан ба Амрико хондаанд.

Мануэл Рочаи 73-сола, ки чанд даҳсола фаъолияти дипломатӣ дошт ва дар Боливия сафир буд ва дар Дафтари муҳофизат аз манфиатҳои Амрико дар Гавана кор мекард, рӯзи ҷумъаи гузашта дар Майами аз сӯи FBI боздошт шуд.

Вазорати адлияи Амрико тавзеҳ надодааст, ки Мануэл Роча чӣ гуна мавриди таваҷҷуҳи ҷосусони кубагӣ қарор гирифт ва дар ин муддат чӣ маълумоти ҳассосеро мумкин аст дар ихтиёри Куба қарор дода бошад.

Ин парванда бар асоси эътирофҳои худи Мануэл Роча ташкил шуда, ки дар солҳои гузашта ба як маъмури махфии FBI гуфтааст. Ин маъмури FBI назди Мануэл Рачо худро ҷосуси Куба муаррифӣ карда буд.

Бар асоси ин парванда, Мануэл Роча дар изҳороти худ ИМА-ро "душман" ва Фидел Кастро, раҳбари пешини Кубаро "фармондеҳ" номида, дар бораи чиҳил сол ҷосусии худ барои Куба дар ҳалқаи мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико, лоф задааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG