Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се додрасро дар Қазоқистон ба фасод муттаҳам кардаанд


Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон хабар дод, ки се додрас дар вилояти Алматои он кишвар ба фасод гумонбар мешаванд.

Ба иттилои тафтишот, яке аз онҳо омода буд, ки парвандаи "куштор"-ро ба "пинҳон кардани ҷиноят" тағйир диҳад.

Хадамоти зидди фасод гуфт, гап дар бораи раиси Додгоҳи шаҳри Конаев меравад, ки барои ин кор "маблағи ҳангуфт гирифтааст".

Ҳамчунин додраси Додгоҳи ноҳияи Талгар ва Додгоҳи иқтисодии байниноҳиявии вилояти Алмато дар гирифтани ришва гумонбар мешаванд.

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон ному насаби ду гумонбари дигар ва замони содир шудани ҷиноятҳоро ошкор накардааст.

Дар Қазоқистон дар бисёре аз мавридҳо аз ноадолатии додгоҳҳо шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG