Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Арабистони Саудӣ ва Иморот меравад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, 6-уми декабри имсол ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳад рафт. Рӯзи дигараш ба Маскав бармегардад, чун мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Эрон дар назар аст.

Кремл рӯзи 5-уми декабр гуфт, ки дар ҷараёни сафари Путин ба Ховари Миёна равобити дуҷониба ва даргирии Исроилу “Ҳамос” дар Навори Ғазза баррасӣ хоҳад шуд. Бозори нафт яке аз мавзуъҳои дигари мулоқот будааст.

Сафари Владимир Путин ба Саудӣ ва Иморот дар ҳолест, ки Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дастури боздошти ӯро баровардааст.

Додгоҳи Байнулмилалӣ Путин ва Омбудсмени ҳуқуқи кӯдаки Русия Мария Лвова-Беловаро ба маҷбурӣ ба Русия бурдани кӯдакони украинӣ муттаҳам мекунад.

Раиси ҷумҳури Русия аз замони ҳамлаи бедалели кишвараш ба Украина ба хориҷа сафари зиёд намекунад. Ӯ тобистони соли 2022 ба Тоҷикистон омад. Моҳи октябри имсол дар Қирғизистон буд.

XS
SM
MD
LG