Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суперниндзя"-и тоҷик дар орзуи харидани хона аст. ВИДЕО


Барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"
Барномаи "Рӯзгори муҳоҷир"

Як зодаи Тоҷикистон бо чолокии фавқулодааш ба даври ниҳоии сабқати маъруфи телевизионии “Суперниндзя” роҳхат гирифт. Ба ғолиби ин сабқат панҷ миллион рубл тақдим мешавад.

Алишер Назаров, дар Қазоқистон устои мошин аст, аммо дар як рақобар дар барномаи телевизионии “Суперниндзя” тавонист аз варзишгарони дорои унвонҳои ҷаҳонӣ пеш бигзарад ва ба даври ниҳоии сабқат роҳ ёбад. Намоиши барнома моҳи ноябр дар шабакаи телевизиони русии СТС оғоз шуда буд

Муҳоҷири 26-солаи тоҷик мегӯяд, ҳеҷ интизор надошт, ки ба ин барнома даъват мешавад. Алишер кор мекунад ва фурсати тамрин надорад, аммо ба варзиш шавқи беандоза дорад. Бидуни омодагӣ, аммо бо ҳадафи ба даст овардани пирӯзӣ ба сабқат ворид шуд.

Ин ҷавони тоҷик дар зиндагӣ имтиҳонҳои ҷиддиеро пушти сар кардааст. Мушкилоти иқтисодӣ ва талоши таъмини хонавода Алишерро, ки ба варзиш рағбат дошт, пеш аз вақт калон кард ва сабаб шуд, ки вай шуғли дӯстдоштаашро канор гузорад.

Оилаи иборат аз 6 фарзанд, дастнигари падари муҳоҷирашон буданд, ки дар Русия заҳмат мекашид. Алишер маҷбур шуд аз 14 солагӣ кор кунад ва бори гарони зиндагиро рӯи шонаҳои кӯчакаш бикашад. Кори барвақтӣ ба таҳсилаш халал мерасонд, аммо илоҷи дигар набуд.

Бо умеди раҳоӣ аз тангдастӣ ва расидан ба орзуву нақшаҳояш, роҳи Маскавро пеш гирифт. Дар яке аз Донишгоҳҳои ин шаҳр факултаи муҳандиси соҳаи кимиёро хатм кард. Аммо талошу ҷустуҷуҳояш барои дарёфти кори хуб бенатиҷа анҷом ёфт.

Дар ҳамин марҳилаи ҳаёт Алишер ба варзиш рӯ овард ва ин шуғл ҳам ӯро аз гирдоби яъсу ноумедӣ берун овард, рӯҳан ва ҷисман устувор карду нагузошт, ки бишканад.

Соли 2022 Алишер тасмим гирифт, бахташро дар Қазоқистон бисанҷад. Ба Алмаато рафт ва ба ҳайси устои мошину кондитсионер ба кор пардохт. Вай ҳар рӯз 12 соат дар кор аст ва барои варзиш ҳамагӣ 15 ва ё 20 дақиқа вақт дорад.

Ҳоло ин муҳоҷири тоҷик мехоҳад, ҷаҳонро бубинад. Аммо дар навбати аввал орзӯ дорад, падару модаршро соҳиби манзили шахсӣ кунад.

Баромади Алишер Назаров дар сабқати телевизионии “Суперниндзя” бисёриҳоро дар ҳайрат гузошт ва ӯро дар “Рӯзгори муҳоҷир” ба меҳмонӣ даъват кардем.

Қиссаи зиндагӣ ва кору рақобати "суперниндзя"-и тоҷикро, ки ба сӯи ҳадафҳояш қадамҳои устувор мегузорад, дар ин нашри барнома бубинед.

Хона барои модар. Орзуи Алишери "Суперниндзя"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:17 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG