Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Чин ва Ғарб. Тоҷикистону кишварҳои дигари ОМ бо кӣ хоҳанд буд?


Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳи Владимир Путин
Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳи Владимир Путин
  • Оё Русия барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ бо кӣ рақобат мекунад?
  • Дар миёни панҷ кишвари минтақа чӣ нофаҳмӣ вуҷуд дорад?
  • Таваҷҷуҳи Ғарб ба Тоҷикистону ҳамсояҳояш то кай идома хоҳад кард?

Эдвард Лемон, мудири маркази Oxus Society ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз Донишгоҳи Техаси Амрико, ба ин ва суолҳои дигари бахши қазоқии Радиои Озодӣ посух дод.

Эдвард Лемон:
Эдвард Лемон:

Радиои Озодӣ: Осиёи Марказӣ имсол дар маркази таваҷҷуҳи қудратҳо қарор гирифт. Раҳбарони Чин, Амрико ва Олмон бо роҳбарони минтақа нишастҳои якҷоя баргузор карданд. Коршиносон мегӯянд, ки Чин, кишварҳои ғарбӣ ва қудратҳои дигар кӯшиш доранд, мавқеи худро дар минтақа устувор кунанд. Он ҳам дар шароите ки Русия машғули ҷанг дар Украина аст. Бозигарони берунӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ манфиат доранд?

Эдвард Лемон: "Бегуфтугӯ таҷовузи Русия ба Украина дар инҷо нақши асосӣ дорад. Маҳз омилҳои берунӣ боис ба афзоиши таваҷҷуҳи қудратҳои хориҷӣ ба Осиёи Марказӣ мешаванд. Пештар вазъият дар Афғонистон буд, акнун ҷанг дар Украина. Ҷанг дар Украина таваҷҷуҳи Русияро ба тарафи дигар кашида, имкони бештари ҳамкориро дар минтақа (Осиёи Марказӣ) ба вуҷуд овардааст. Кишварҳои аврупоӣ талош доранд, ки роҳҳои нави воридоти газро пайдо кунанд. Осиёи Марказӣ ва "Долони Миёна" ба воситаи Қафқоз ва Туркия яке аз роҳи алтернативӣ хоҳанд буд.

Омили дигар зиёд шудани таваҷҷуҳ ба канданиҳои фоиданок, махсусан уран аст. Ин яке аз сабабҳои сафари охири Эммануел Макрон, президенти Фаронса, ба Қазоқистон ва Узбекистон буд… Мебинем, ки энергияи атомӣ дубора дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад ва дар ин миён Қазоқистон яке аз тавлидкунандагони асосии уран дар дунё аст. Ҳамаи ин сабабҳо якҷоя ба афзоиши таваҷҷӯҳи байнулмилалӣ ба Осиёи Марказӣ мусоидат карданд."

Радиои Озодӣ: Пас, ин як муносибати прагматикӣ аст?

Эдвард Лемон: "Фикр мекунам, бале. Агар ба натиҷаи вохӯрии президент Ҷо Байден бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ назар андозед, мебинед, ки дар хулосаи вохӯрӣ диққати асосӣ ба канданиҳои табиӣ, устувории минтақа, таъмини истиқлол ва соҳибихтиёрии ҳар як кишвар равона шудааст. Ин як ишораи нозук ба нуфузи Русия ва то ҷое таъсири Чин аст. Мо шоҳид нашудем, ки диққати асосӣ ба масъалаи ҳуқуқи башар ё демократия равона шавад ё дар ин бора ёдоварӣ шавад."

Радиои Озодӣ: Коршиносон мегӯянд, баъди ҷанг дар Украина тарси кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия бештар шудааст ва ин ҳарос минтақаро маҷбур мекунад, ки ба дунболи пуштибонҳои дигаре бошанд. Оё ин далел барои ҳамкории бештар бо бозигарони дигар аст?

Эдвард Лемон: "Кишварҳои минтақа мехоҳанд, ки сиёсати хориҷии чандбуъдиро нигоҳ доранд. Онҳо намехоҳанд, ки пурра вобастаи як қувваи берунӣ бошанд, хоҳ Русия аст, Чин ва ё Ғарб. Фикр мекунам, онҳо аз ҳифзи робитаи хуб бо ҳар яке аз кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Ғарб ва Чин бисёр хушҳол хоҳанд шуд.

Мо имсол шоҳиди мулоқоти панҷ раиси ҷумҳури Осиёи Марказӣ дар Олмон, Иёлоти Муттаҳида, Халиҷи Форс, Чин ва Русия будем, то робитаи чандҷонибаро ҳифз кунанд. Онҳо намехоҳанд вориди мавқеияте шаванд, ки аз онҳо хоста шавад тараферо интихоб кунанд, масалан, дар мавриди Украина комилан аз Русия ҳимоят кунанд. Онҳо то кунун Русияро барои ҷанг дар Укрина танқид накардаанд. Гоҳе ба таври пинҳонӣ аз Русия интиқод мекунанд, аммо дар ниҳоят нияти мухолифат бо ин кишварро надоранд. Бинобар ин орзуи кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки дар шароити сулҳу субот ба мавҷудияти худ идома диҳанд ва аз онҳо талаби зиёд нашавад."

Мулоқоти Ҷо Байден бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Шаҳри Ню-Йорк. 20-уми сентябри соли 2023
Мулоқоти Ҷо Байден бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Шаҳри Ню-Йорк. 20-уми сентябри соли 2023

Радиои Озодӣ: Назари Шумо ба таҳдидҳо аз тарафи Русия чӣ аст? Оё воқеан чунин чизе вуҷуд дорад?

Эдвард Лемон: "Бале, чунин хатар ҷой дорад, бахусус дар Қазоқистон. Бо таваҷҷуҳ ба марзи дарози ин кишвар бо Русия, нигарониҳое вуҷуд дорад. Тарс ин аст, ки агар Русия тавонад дар Украина иддаои пирӯзӣ кунад, пас, кишвари баъдӣ, ки Маскав таваҷҷуҳи худро ба он равона хоҳад кард, мумкин Қазоқистон бошад. Ва ҳам бо таваҷҷуҳ ба иддаои миллатгароёни рус дар бораи онки шимоли Қазоқистон аз нигоҳи таърихӣ бахше аз Сибир аст, дар тасаввури онҳо бахше аз Русия. Муҳим аст, ки онҳоро дар назар бигирем, зеро сиёсати дохилии Қазоқистон ва дар кул минтақаро таъйин мекунанд."

Радиои Озодӣ: Расонаҳои ғарбӣ иддао мекунанд, ки нуфузи Русия ба таври қобили таваҷҷуҳ коҳиш ёфтааст, зеро ҳам иқтисод ва ҳам шуҳрати низомии он осеб дида. Аммо дар ҳамин замон шоҳид будем, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳи Владимир Путин дар Маскав дар ҷашни Ғалаба иштирок карданд. Русия ба воситаи Қазоқистон содироти гази табииро ба Узбекистон оғоз кард. Дар ҳақиқат, мавқеи Русия дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли суст шудан аст?

Эдвард Лемон: "Ин суоли бисёр печида аст ва ҳама чиз бастагӣ ба он дорад, ки манзури мо аз суст шудан чист ва дар мавриди кадом чорчӯбаи замонӣ суҳбат мекунем. Агар дар бораи аз соли 1991 то имрӯз суҳбат кунем, яъне баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, пас, мавқеи Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ заиф шудааст. Фикр мекунам, кам шудани нуфузи Русия тадриҷӣ буд ва Украина то андозае ин равандро тезонд.

Дар айни замон Русия нуфузи иқтисодии худро ҳифз кардааст. Қазоқистон ва Қирғизистон ба унвони сарзаминҳое барои бозсодироти маҳсулот ба Русия ҳастанд, то Маскав таҳримҳоро давр занад. Соли 2022 мо шоҳиди афзоиши додугирифт миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия шудем. Сарфи назар аз ҷанг мебинем, ки миллионҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба Русия мераванд. Интиқоли пул аз Русия ба мисли пештара як бахши асосии иқтисоди Тоҷикистон ва Қирғизистонро ташкил медиҳад. Шоҳиди он ҳастем, ки Русия талошҳояшро барои эъмоли нуфузи сиёсӣ болои кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мекунад. Ҳеч яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Милал алайҳи Русия раъй надоданд: онҳо ё худдорӣ карданд ё умуман дар раъйдиҳӣ ширкат накарданд. Ҳамаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 9-уми май дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав буданд. Баъзе аз онҳо, ба назари ман, то лаҳзаи охирин қасди анҷоми ин корро надоштанд, вале тавассути Кремл таҳти фишор қарор гирифтанд.

Дар ниҳоят, нуфузи Русия дар дарозмуддат коҳиш хоҳад ёфт. Агар ба даҳсолаи оянда нигоҳ кунем, фикр мекунам ҳама шароит барои идомаи коҳиши нуфузи Русия ҷой дорад. Вақте Русия ба як кишвари ҳамсоя ҳамла кард, машрӯияти ин кишвар ба унвони таъминкунандаи амният заиф шуд. Ҳамчунин Русия ҳузури низомии худро дар кишварҳое ба мисли Қирғизистон ва Тоҷикистон коҳиш дод. Фикр мекунам, раванди коҳиши нуфузи Русия ҷой дорад, аммо бори дигар таъкид мекунам, ки на босуръат, балки оҳиста-оҳиста."

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Радиои Озодӣ: Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки Ғарб талош дорад “ҳамсояҳо, дӯстон ва ҳампаймонҳо”-и Маскавро аз ин кишвар дур кунад. Русия ба майли афзояндаи бозигарони хориҷӣ ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна посух хоҳад дод?

Эдвард Лемон: "Фикр мекунам, расонаҳои Русия ҳамвора Ғарбро ба унвони бозигаре муаррифӣ хоҳанд кард, ки ба дунболи заиф кардани ҳокимият ва субот дар Осиёи Марказӣ аст. Русия мехоҳад ба унвони нерӯи берунии пешбар дар минтақа монад, аммо ҳамзамон имконияте надорад, ки пурра ба кишварҳои Осиёи Марказӣ "дикта" кунад, ки онҳо чӣ кор бояд кунанд. Феълан Русия ба роҳбарони минтақа эҳтиёҷ дорад ва роҳбарони ОМ болои Маскав акнун абзори фишор доранд, чизе дар гузашта ҳеч вақт набуд. Осиёи Марказӣ минтақае аст, ки Путин ва Русия метавонанд нуфузи худро нигоҳ доранд. Инҷо яке аз минтақаҳое аст, ки Путин метавонад сафар кунад, новобаста аз онки Додгоҳи байнулмилалӣ барои ҳабси ӯ амр додааст. Тирамоҳи имсол Путин дар Қирғизистон буд."

Радиои Озодӣ: Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ки роҳбарони Осиёи Марказӣ дар мавқеи душвор қарор доранд, зеро онҳо бояд равобити худро бо бозигарони дигар ҳифз кунанд ва дар айни ҳол маҷбур ҳастанд садоқати худро ба Владимир Путин нишон диҳанд…

Эдвард Лемон: "Ба андешаи ман, риояи тавозун дар инҷо душвор аст, зеро Русия бо яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсоя аст ва дар айни ҳол шарики бисёр муҳим аз назари тиҷорат, амният ва равобити сиёсӣ бо минтақа мемонад. Қатъи комили равобит бо Русия ғайриимкон аст. Албатта, барои роҳбарон ва ҳукумат осон нест, ки тавозунро риоя кунанд. Бахусус вақте зарур аст робитаи дӯстонаро бо Русия нигоҳ дошт ва ҳам дар як вақт таҳримҳои Ғарбро риоя намуд. Ҳамчунин ҳифз ва рушди робитаи наздик бо Чин, Туркия ва дигар қудратҳо. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказиро зарур меояд тавозунро риоя кунанд ва фикр мекунам онҳо дар ин кор то ҷое муассир амал карданд."

Роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Чин
Роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Чин

Радиои Озодӣ: Оё имкони тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик вуҷуд дорад?

Эдвард Лемон: "Фикр мекунам, ин пешбинии дарозмуддат аст. Ба назари ман, мо шоҳиди пешравии идомадор дар самти густариши робитаҳои минтақаӣ хоҳем шуд, аммо дидани чизе монанди як созмони расмии байнулмилалӣ, ки ҳамаи панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ узви он ҳастанд, душвор хоҳад буд. Агар мо на ба соли 2022, балки ба 2023 назар кунем, бешубҳа шоҳиди афзоиши таваҷҷӯҳи байнулмилалӣ ба Осиёи Марказӣ гардидем. Дар миёни ҷомеаи ин кишварҳо муттаҳидии бештарро мушоҳида кардем. Соли 2022 барои тамоми минтақа соли бисёр ноором буд. Ҳодисаҳои хунини моҳи январ дар Қазоқистон, эътирозҳои моҳи май дар Тоҷикистон, ки бераҳмона саркӯб шуданд. Моҳи июл дар Қарақалпоқистон намоишҳои эътирозӣ анҷом шуд ва ҳам тирамоҳи он сол дар Қирғизистон эътирозҳои густарда алайҳи созишномаи марзӣ бо Узбекистон гузашт. Аммо дар соли 2023 шоҳиди таҳким ёфтани ҳукуматҳои минтақа будем: ислоҳи Қонуни асосӣ дар Узбекистон, интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон. Мебинем, ки чӣ гуна раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо саркӯби мухолифон ва расонаҳо дар ҳоли таҳкими қудрат аст. Давлатҳои минтақа талош мекунанд мавозеи худро тақвият диҳанд ва аз бесуботӣ ҷилавгирӣ кунанд."

Радиои Озодӣ: Дар минтақа муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва рақобати Қазоқистону Узбекистон низ ҳаст. Оё нигарониҳое вуҷуд доранд, ки Русия ба иттиҳоди кишварҳои минтақа вокуниш нишон диҳад?

Эдвард Лемон: "Фикр мекунам, бешак ин чиз ҷой дорад. Барои ҳамин, роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳоди ғайрирасмӣ (ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои ОМ)-ро интихоб карданд. Дар асл ин фақат як мулоқоти муқаррарӣ аст, ки бонавбат дар пойтахтҳои кишварҳо баргузор мешавад. Онҳо талош накарданд созмонеро ба монанди Иттиҳоди Осиёи Марказӣ ташкил кунанд, ки дар охири солҳои 90 ва аввали солҳои 2000-ум таъсис ёфта буд. Зеро кишварҳои ОМ сабақи инро гирифтаанд, ки Русия баъдан барои ворид шудан ба он пойфишорӣ кард ва ин иттиҳодия пароканда шуд. Бидуни шак ин нигаронӣ ҷой дорад, ки Русия метавонад ба ҳар гуна иттиҳоди расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ посух хоҳад дод. Пас ин омили дигаре аст, ки ба таъсири минбаъдаи чунин Иттиҳод монеъ мешавад."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG