Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё: Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба чорякфинал роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар бозии шашуми ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Арабистони Саудиро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.

Ин шашумин дастаест, ки ба чорякфинал баромад.

Бозии тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки шаби сешанбеи 30-юми январ дар шаҳри Ал-Райян, дар варзишгоҳи Education City, доир гардид, рақобати аз ҳама сахту ҷолиби Ҷоми Осиё-2023 ба шумор меравад. Ин бозӣ гӯиё финали мусобиқот буд.

Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Абдуллоҳ Радиф, бозигари мунтахаби Арабистони Саудӣ, дар дақиқаи 46-ум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Чо Гю-Сунг дар охири замони асосӣ (90+9) зад.

Дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дар задани тӯбҳо аз силсилаи пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ маҳорати баланд нишон доданд.

Баъди чаҳор зарбаи онҳо тӯб бехато вориди дарвоза шуд. Аммо арабҳо аз чаҳор зарба танҳо ду бор тӯбро вориди дарвоза карданд. Тӯби задаи Самӣ Ал-Наҷӣ ва Абдураҳмон Ғарибро дарвозабони дастаи Кореяи Қанубӣ Ҷон Ҳюн-Ву баргардонд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо роҳбарии сармураббӣ Юрген Клинсманни 59-солаи олмонӣ, ки дар бозии шашуми ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қатар тими миллии Арабистони Саудиро (сармураббиаш Роберто Манчинии 59-солаи итолиёвӣ) шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ҳамакнун футболбозони Ҷумҳурии Корея дар даври чорякниҳоӣ бо дастаи Австралия рақобат мекунанд. Ин бозӣ 2-юми феврал дар шаҳри Ал-Вакраҳ, дар варзишгоҳи Ал-Ҷануб, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби Узбекистон, ки 30-юми январ дар бозии панҷуми ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Тайландро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ҳисобро Азиз Турғунбоев, бозигари мунтахаби Узбекистон, дар дақиқаи 37-ум боз кард. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум Супачок Сарачат, бозигари тайландиҳо, ҳисобро баробар намуд. Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Узбекистонро Аббосбек Файзуллоев дар дақиқаи 65-ум ба самар расонд.

Тими миллии Узбекистон бо роҳбарии сармураббӣ Сречко Катанетси 60-солаи словениягӣ дар даври чорякниҳоӣ бо дастаи мизбон – Қатар - рақобат мекунад. Ин бозӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Хаур, дар варзишгоҳи Ал-Байт, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии шаш бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар шаш тими миллӣ - Австралия, Тоҷикистон, Урдун, Қатар, Узбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ - ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Ду дастаи охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи чоршанбеи 31-уми январ дар бозиҳо байни дастаҳои Баҳрайн – Ҷопон (16:30) ва Эрон – Сурия (21:00) муайян мегарданд.

Мунтахаби Қатар, қаҳрамони феълии Осиё, ки дар бозии чаҳоруми даври ҳаштякниҳоии мусобиқот 29-уми январ тими миллии Фаластинро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, чорумин шуда ба чорякфинали Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.

Қатариҳо дар даври чорякниҳоӣ бо мунтахаби Узбекистон рақобат мекунанд. Ин бозӣ 3-юми феврал дар шаҳри Ал-Хаур, дар варзишгоҳи Ал-Байт, соати 18:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ҷоми Осиё-2023

1/8 ФИНАЛ

28-уми январ (якшанбе)

Австралия – Индонезия – 4:0

Голҳо: Елкан Багготт, 12 (1:0), Мартин Бойл, 45 (2:0), Крейг Гудвин, 89 (3:0), Ҳарри Суттар, 90+1 (4:0).

Ал-Райян, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

ТоҷикистонИмороти Муттаҳидаи Арабӣ – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3.

Голҳо: Ваҳдат Ҳанонов, 30 (1:0), Халифа Ал-Ҳаммадӣ, 90+5 (1:1).

Силсилаи пеналти: голҳои Тоҷикистон - Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров, Алишер Шукуров.

Мунтахаби Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (сарвони даста), Алишер Шукуров, Парвизҷон Умарбоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 85), Алишер Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 72), Шервонӣ Мабатшоев (Табрез Исломов, 85), Эҳсони Панҷшанбе, Шаҳром Самиев (Рустам Соиров, 72)

Корти зард: Яҳё Ал-Ғасанӣ, 69, Таҳнун Ал-Заабӣ, 84 (ҳарду Иморот), Нуриддин Ҳамроқулов, 116 (Тоҷикистон).

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ. 33 584 тамошобин.

29-уми январ (душанбе)

Ироқ – Урдун – 2:3

Голҳо: Язан Ал-Наймат, 45+1 (0:1), Суад Нотиқ, 68 (1:1), Аймен Ҳусейн, 76 (2:1), Язан Ал-Араб, 90+5 (2:2), Низор Ал-Рашдан, 90+7 (2:3).

Корти зард: Аймен Ҳусейн, 77 - Ироқ, Насиб Абдуллоҳ, 14, Язан Ал-Наймат, 80, Низор Ал-Рашдан, 90+7 – Урдун.

Корти сурх: Аймен Ҳусейн, 77 (Ироқ)

Доҳа, Варзишгоҳи байнулмилалии Халифа

Қатар – Фаластин – 2:1

Голҳо: Одей Даббағ, 37 (0:1), Ҳасан Ал-Ҳайдос, 45+6 (1:1), Акрам Афиф, 49 – аз пеналти (2:1).

Корти зард: Тамер Сиям, 15, Муҳаммад Солеҳ, 48, Амид Маҳаҷна, 85 – ҳарсе аз мунтахаби Фаластин.

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

30-юми январ (сешанбе)

Узбекистон – Тайланд – 2:1

Голҳо: Азиз Турғунбоев, 37 (1:0), Супачок Сарачат, 58 (1:1),

Аббосбек Файзуллоев, 65 (2:1).

Корти зард: Абдуқолир Хусанов, 87 (Узбекистон).

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (2:4 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Голҳо: Абдуллоҳ Радиф, 46 (1:0), Чо Гю-Сунг, 90+9 (1:1).

Силсилаи пеналти: Самӣ Ал-Наҷӣ ва Абдураҳмон Ғариб (ҳарду аз мунтахаби Арабистони Саудӣ) тӯбро ба нишон нарасонданд. Дарвозабони дастаи Кореяи Қанубӣ Ҷон Ҳюн-Ву тӯби задаи онҳоро баргардонд.

Корти зард: Аҳмад Ал-Кассар, 90+5, 113, Иид Ал-Муваллад, Муҳаммад Ал-Бурайк, 120+1, Роберто Манчини (сармураббӣ), 79 – Арабистони Саудӣ, Ким Юнг-Гвон, 40, Лии Канг-Ин, 114 – Кореяи Ҷанубӣ.

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

31-уми январ (чоршанбе)

Баҳрайн – Ҷопон. 16:30

Доҳа, варзишгоҳи Ал-Тумама

Эрон – Сурия. 21:00

Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа

1/4 ФИНАЛ

2-юми феврал (ҷумъа)

Тоҷикистон – Урдун. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

Австралия – Ҷумҳурии Корея. 20:30

Ал-Вакраҳ, варзишгоҳи Ал-Ҷануб

3-юми феврал (шанбе)

Эрон/ Сурия - Баҳрайн/Ҷопон. 16:30

Ал-Райян, варзишгоҳи Education City

Қатар - Узбекистон. 20:30

Ал-Хаур, варзишгоҳи Ал-Байт

НИМФИНАЛ

6-уми феврал (сешанбе), 20:00

7-уми феврал (чоршанбе), 20:00

ФИНАЛ

10-уми феврал (шанбе), 20:00

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG