Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигари тими миллии Тоҷикистон ба "Динамо"-и Тифлис гузашт


Нимҳимоятгари 21-солаи тими миллии футболи Тоҷикистон Алишер Шукуров фаъолияти худро дар ҳайати қаҳрамони ҳаждаҳкаратаи Гурҷистон, бошгоҳи футболи «Динамо»-и Тифлис идома медиҳад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алишер Шукуров бо серҷоизатарин бошгоҳи футболи Гурҷистон шартномаи дусола имзо кардааст, аммо дар бораи маблағи шартнома чизе гуфта нашудааст.

Алишер Шукуров дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом додааст. Нахустин иштироки ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 17-уми октябри соли гузашта дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Mердека-2023» дар шаҳри Куала-Лумпур сурат гирифтааст, ки дар он дидор футболбозони тоҷик бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Ҳунари хуби ин футболбози тоҷик дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар мушоҳида шуд.

Алишер Шукуров дар ҳамаи панҷ бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2023 иштирок карда, дар маҷмуъ 459 дақиқаро дар майдон сипарӣ намудааст.

Вай дар бозии мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ голи ҳалкунанда зад.

Дарвоқеъ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, Алишер Шукуровро ба ҷойи нимҳимоятгари пуртаҷриба Амирбек Ҷӯрабоев, ки пеш аз Ҷоми Осиё-2023 дар бозии санҷишӣ муқобили мунтахаби Ҳонконг (2:1) пояш лат хӯрда буд, ба ҳайати асосии даста дохил намуд.

Алишер бо ҳунари волояш на танҳо ба боварии сармураббӣ сазовор гашт, инчунин ба дили ҳазорҳо ҳаводорони футболи тоҷик роҳ ёфт.

Ба ин футболбози моҳири тоҷик мураббиёни бошгоҳи машҳури “Динамо”-и Тифлис мароқ зоҳир намуда, ӯро ба даста даъват карданд.

Алишер Шукуров 30-юми марта соли 2002 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Фаъолияти касбиаш дар бошгоҳи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ гузаштааст. Ӯ соли гузашта дар ҳайати “Кӯктош” дар лигаи олӣ 19 бозӣ карда, 6 гол задааст.

Тобистони соли 2023 Шукуровро сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимию тамринии даста даъват намуд. Ӯ 15-уми июн дар бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Ҳонконг (1:1) ҳунарнамоӣ кард.

Шукуров моҳи сентябри соли гузашта дар аввалин бозии расмии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё миёни футболбозони то 23-сола муқобили мунтахаби Австралия (1:1) ширкат варзидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG