Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Боку


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо “Baku Grand Slam 2024” (“Тоскӯлоҳи бузург”), ки 16-уми феврал дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку - оғоз меёбад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар ин мусобиқаи анъанавӣ 404 варзишгар (226 мард ва 178 зан) аз 62 кишвар номнавис шудаанд.

Тоҷикистонро дар “Baku Grand Slam 2024” ҳашт варзишгар байни мардон ва чаҳор нафар миёни занон намояндагӣ мекунанд:

Мардон:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-73 кг – Абубакр Шеров

-73 кг – Илҳомиддин Ҷабборов

-90 кг – Умедҷон Раҷабов

-90 кг – Сомонӣ Кишваров

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

+100 кг – Мансур Раҳмон

+100 кг – Шакар Мирмамадов

Занон:

-48 кг – Шукрона Қарчиева

-52 кг – Аҳлия Муъминова

-57 кг – Фазилат Гулбоева

-63 кг – Мавлуда Одинаева.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 16-уми феврал – чаҳор намояндаи Тоҷикистон - Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар сабқати мардон дар вазни то 60 кило, Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг) ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) миёни занон – рақобат мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мегарданд.

Барномаи мусобиқа:

16-уми феврал (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

17-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

18-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam» дар вазни беш аз 100 кило соли 2021 медали нуқра ва соли 2022 медали тилло ба даст оварда буд.

Паҳлавони дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ин мусобиқа соли 2022 дар вазни то 66 кило барандаи медали нуқра гардидааст.

Аммо варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи ҷудо «Heydar Aliyev Baku Grand Slam 2023» бе медал монданд. Аз байни ҳашт паҳлавони тоҷик танҳо Эмомалӣ Нуралӣ натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 66 кило бо чаҳор пирӯзӣ ва ду бохт мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG