Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони “Шаби қаҳрамонҳои бокси IBA” дар Душанбе муайян шуданд


Баҳодур Усмонов. Акс аз бойгонист.
Баҳодур Усмонов. Акс аз бойгонист.

Ғолибони мусобиқаи бокси ҳирфаӣ бо номи “Шаби қаҳрамонҳои IBA” (“IBA Champions Night”), ки 16-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе доир гардид, муайян шуданд.

Мусобиқа бо дастгирии Ассотсиатсияи байнулмилалии бокс (IBA) сурат гирифт, ки он аз шаш қувваозмоӣ иборат буд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ чаҳор нафар аз Тоҷикистон, ду нафарӣ аз Мексика ва Озарбойҷон, инчунин якнафарӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистоон, иштирок карданд.

Рақобати асосӣ байни қаҳрамони ҷаҳон аз Русия Шарафутдин Атаев ва барандаи медали бириҷии Олимпиадаи Токио-2020 Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди қаҳрамони ҷаҳони IBA миёни муштзанҳои ҳирфаӣ дар вазни 86 кило сурат гирифт.

Доварон аз рӯи натиҷагирии 10 раунд муштзани русиягиро ғолиб донистанд. Дар воқеъ, дар ин набард Мансур Муҳиддинов аз Тоҷикистон довар буд.

Муҳорибаи дигари ҷолиби “Шаби қаҳрамонҳои IBA” миёни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов ва Эдуардо Нунйеси мексикоӣ барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBF (Федератсияи байнулмилалии бокс) дар вазни 58,9 кило сурат гирифт.

Ин набард дар раунди 11-ум бо пирӯзии Нунйес ба поён расид. Вай бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғалаба кард.

Муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов ва Ҷовид Чалабиев аз Озарбойҷон дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони қаҳрамони Осиё 8 раунд рақобат карданд. Усмонов бо қарори доварон пирӯз шуда, соҳиби камарбанди қаҳрамони Осиё аз рӯи фарзияи IBA шуд.

Ин варзишгари 26-солаи тоҷик, ки дар бокси ҳирфаӣ ғалабаи ҳаштумашро ба даст овард, то ҳол мағлуб нашудааст.

Дар вазни 57 кг муштзани узбек Мирзокарим Мирзохалилов бар Родригез Окана Луиси мексикоӣ пас аз раунди 10-ум бо қарори доварон ғолиб омада, унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи фарзияи IBA-ро ба даст овард.

Муштзани тоҷик Акмал Убайдов дар вазни 57 кг муқобили Серикбай Ассюлжан аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Муштзани дигари тоҷик Шамшер Саидов дар вазни 67 кг дар раунди 6-ум муқобили Акжол Сулаймонбек Уулу аз Қирғизистон бо қарори доварон ғолиб гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG