Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, дар интихоботи оянда номзад мешавад


Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус мегӯяд, дар интихоботи президентии соли оянда бори дигар номзад хоҳад шуд.

Ӯ рӯзи якшанбеи 25-уми феврал ва ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар қадар раҳбарони мухолифон бештар фишор биоранд, азми ӯ барои ширкат дар интихоботи соли 2025 қавитар хоҳад шуд.

Лукашенко, ки имсол 70-сола мешавад, 30 сол боз бо "мушти оҳанин" ҳукуматро идора мекунад ва муҳимтарин муттаҳиди Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар Аврупо аст. Бахше аз нерӯҳои русӣ дар феврали соли 2022 ҳамла ба Украинаро аз хоки Белорус оғоз карданд ва боқимондаи муздурони ширкати хусусии низомии "Вагнер" дар Белорус ҳузур доранд.

"Иштирок мекунам. Ба онҳо бигӯед, ки иштирок мекунам",- посух додааст Лукашенко ба суол дар бораи он, ки оё ӯ дар интихоботи президентии навбатии Белорус иштирок хоҳад кард, ё не. Манзури ӯ аз "онҳо", мухолифони Белорус буд, ки дар хориҷ ба сар мебаранд.

"Ҳар қадаре вазъ душвор бошад, ҳар қадаре онҳо дар нороҳат кардани ҷомеа фаъол бошанд, ҳар қадаре онҳо мову шумо ва ҷомеаро фишор оранд, ман ҳамон қадар зудтар дар нтихобот иштирок мекунам",-иқтибос овардааст хабаргузории расмии БелТА аз суханони Лукашенко.

Саркӯби густурдаи эътирозгарон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020 бо вокуниши Ғарб рӯбарӯ шуд ва таҳримҳои густурдае алайҳи сабабгорони саркубҳо ҷорӣ карданд.

Александр Лукашенко ҳамчунин рӯзи якшанбе дубора кишварҳои ғарбиро ба талош барои "бесубот" кардани Белорус муттаҳам кард.

Ӯ рӯзи сешанбеи гузашта низ бе ирои санаде иддао карда буд, ки кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли баррасии барномае барои табаддулот дар кишвар ё талош барои ба даст гирифтани қудрат аз тариқи зӯр ҳастанд.

Интихоботи порлумонии ин кишвар рӯзи якшанбе баргузор шуд ва мухолифон онро таҳрим карданд. Дар ин интихобот номзадҳои чаҳор ҳизби тарафдорони Лукашенко рақобат карданд.

Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифон ва рақиби Лукашенко дар интихоботи прездентии соли 2020, ки дар хориҷ ба сар мебарад, аз мардум хост дар интихоботи порлумонӣ раъй надиҳанд.

Вай дар паёми видеоӣ дар рӯзи интихобот гуфт, "ҳеҷ номзаде вуҷуд надорад, ки битавонад тағйироти воқеӣ эҷод кунад, чун режим танҳо ба "арӯсакҳо" (манзур ҳизбҳои тарафдори Лукашенко) иҷозат додааст, ки дар рақобатҳо ҳузур дошта бошанд. Ман мардумро ба таҳрими ин намоишномаи масхара ва бемаъно ва таваҷҷуҳ накардан ба он даъват мекунам".

Дар интихоботи президентии чаҳор соли пеш, беш аз 35 ҳазор эътирозгар боздошт ва расонаҳои мунтақид комилан баста шуданд.

Ҳамакнун беш аз 1400 нафар зиндонии сиёсӣ дар Белорус вуҷуд дорад, аз ҷумла, Алес Белятский, яке аз раҳбарони шинохтаи мухолифон ва барандаи Ҷоизаи Нобел.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG