Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: "Баҳси доғи хонаҳои сард ва бебарқ"


 Тоҳири Сафар, хабарнигори Радиои Озодӣ
Тоҳири Сафар, хабарнигори Радиои Озодӣ

Фавти як оилаи шашнафарӣ аз дуди ангишт, марги се кӯдак дар Душанбе ва ҳалокати як оилаи сенафарӣ дар Ҳисор баҳсро сари қатъи нерӯи барқ дар рӯзҳои сард дар Тоҷикистон доғтар кард.

Суоли бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин буд, ки чаро мардуми Тоҷикистон бо ин ҳама нерӯгоҳҳои барқие, ки доранд, дар сармо аз надоштани нерӯи барқи кофӣ азоб мекашанд ва шоҳиди фоҷиа мешаванд.

Аз шарҳи Баҳодур Раҳимзода шуруъ мекунем, ки дар Инстаграм назари худро гузоштааст ва бо танқиди сахти мақомоти масъули кишвар. Ӯ сабаби аз нерӯи барқи доимӣ маҳрум будани мардумро дар фурӯши он ба хориҷ мебинад.

“Сабаб – пул даркор. Барои ҳамин нерӯи барқро мефурӯшанд. Халқ гуруснаву ташна. Парво надоранд, чунки хонаҳои худашон гарму нарм мебошад. Чӣ хеле гуфтаанд, “сер кай парвои гурусна дорад”. Баъзеи онҳоро то ҳоҷатхонаҳояшон гарм мешавад, дигар парвои халқи бечора надоранд,” – навиштааст ӯ.

Корбари дигаре ҳам дар Инстаграм бо номи “2733” навиштааст, нерӯи барқро ба кишварҳои дигар мефурӯшанд ва парво надоранд, ки халқи худашон мемурад ё зинда мемонад. Дар як назарсанҷии ғайрирасмӣ дар канали Радиои Озодӣ дар Ютуб ҳам бештар аз 70 дар сад гуфтаанд, ки бинобар фурӯши нерӯи барқ ба хориҷ мардум дар дохил бо гармиву рӯшноӣ дуруст таъмин намешаванд.

Айни замон дар Ютуб корбарон ширкати “Барқи Тоҷик”-ро танқид кардаанд, ки зӯраш намерасад мардумро бо нерӯи барқи доимӣ таъмин кунанд ва аз ин сабаб фоҷиа рух медиҳаду тифлон бо падару модарашон якҷо мефавтданд. Шарҳи ин корбарро ҳамроҳ мехонем:

“Дар Тоҷикистон нерӯи барқро 24 соат ба мардум диҳанд, ин хел ҳодиса намешавад. Мардуми Тоҷикистон дар азоб аст. Намедонам “Барқи Тоҷик” нерӯи барқро чӣ кор мекунад. Аз як оила чанд нафар мурдааст. Аз соле, ки худро ёд дорам, аз бебарқӣ азоб мекашем.”

Шарҳи дигареро аз Ютуб мехонем, ки зоҳиран корбаре аз Русия навиштааст. Вай гуфтааст, азбаски дар Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ нест, дилаш намехоҳад, ба ватанаш баргардаду онҷо зиндагӣ кунад. Шарҳи ин корбар, ки худро Салмон Давлатов 194 муаррифӣ кардааст, чунин аст:

“Ман дар Русия истиқомат мекунам, бо фарзандонам дар шароити беҳтар. Модарам мегӯяд, биё, дар ватан зиндагӣ кун. Гуфтам, модар, ман дар торикӣ зиндагӣ карда наметавонам. Фақат баъди мурдан меравам, дар торикӣ хоб мекунам.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Озодӣ Онлайн: "Баҳси доғи хонаҳои сард ва бебарқ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:10 0:00

Теъдоди зиёди корбарони дигар чӣ дар Фейсбук, Инстаграм ва ҳам Ютуб бо муроҷиат ба онҳое, ки шикоят кардаанд, гуфтаанд, сабр кунанд чун ингуна рӯзҳо ҳам сипарӣ мешаванд. Аз ҷумла, корбаре бо номи “Муслим2” дар Инстаграм гуфтааст, агар барқ ҳам набошад, хонаашон гарм аст:

“Шукри Худованд модарам сиҳат, падарам сиҳат, зану фарзандам сиҳат. Дар хона печка дорам, ҳезум дорам, ангишт дорам. Зиндагиам хуб. Барқ ҳаст, нест, кордор нестам, тинҷиву оромӣ бошад бас барои ман.”

Чунин муқоиса ба корбарони дигар хуш наомадааст, ки гуфтаанд, масъала дигар чиз аст ва набояд Тоҷикистонро бо Фаластин ё Сурия муқоиса кард, ки солҳост ноором ва ҷангзада ҳастанд. Масъала, ба гуфтаи корбаре бо номи Марифат Қаландарова, гуфтани ҳақиқат аст. Ӯ дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук чунин шарҳеро гузоштааст:

“Вақте шаҳрванд аз давлат қарздор нест, пули барқ ва обро ҳар моҳ месупорад, ҳақ надорад ҳақиқатро баён кунад? Дар рӯзҳои сарду торик тифлонро сармо мезанад! Дар ватани мо ҷанг нест, шукри Худо! Чаро мо бо Фаластин ё Сурия худро муқоиса кунем? Аҷаб!!! Давлат бояд ба суханони миллат гӯш диҳад, вагарна беинсофист!!!”

Гурӯҳи дигаре аз корбарон дар бораи сабабҳои дигари набудани нерӯи барқи кофӣ дар зимистон навиштаанд ва яке аз иллатҳои онро бепарвоии мақомот ё дуздии пули барқ номидаанд. Муртазо Хонов, яке аз ин корбарон аст, ки шарҳи ӯро аз саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гирифтем:

“Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд. Тирамоҳ бояд тамоми таҷҳизоти барқӣ, трансформатор, симчӯбҳо ва зеристгоҳҳои барқиро таъмир кард ва аз назар гузаронд, то мардуми бечора дар сардӣ ба мушкилот дучор нагардад. Агар ғоратгарон пули барқро несту нобуд накунанд, тамоми мушкилоти соҳа бартараф мегардад. Дигар сабабаш нарасидани мутахассисони соҳаи барқ аст.”

Ба қавли Ғайбулло Яҳёев, корбари дигаре дар Фейсбук, дар воқеъ набудани муҳандисон дар ин соҳаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон аз сабабҳои фалокату фоҷиаҳо аст. Шарҳи ӯро мехонем:

“Ҳама дар бораи садамаву дигару дигар менависад, вале касе дар бораи он намегӯяд, ки мо дар тамоми соҳаҳо мутахассис надорем. Аз табиб гирифта то ба энергетик. Мутахассисоне, ки буданд, барвақт рафтанд ва мераванд, зеро кишвари мо фасодзада аст. Онҳое, ки намехонанд, метавонанд; онҳое, ки ришва мегиранд, метавонанд. Барои ҳамин, аҳволи мо чунин аст.”

Ба назари Шумо ин корбар дуруст мегӯяд? Сабаби асосии камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон чӣ ҳаст?

XS
SM
MD
LG