Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Бишкек


Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод, ки рӯзҳои 11-12-уми апрел дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.

Рассадин дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бишкек дар вазни то 74 кило дар даври ҳаштякниҳоӣ Сангҳо Ҳанро аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 11:0 шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ӯ дар чорякфинал Канат Каримбековро аз Қирғизистон бо ҳисоби 9:0 мағлуб карда, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф шуд.

Рассадин дар нимфинал Арслон Бегенҷови туркманро бо ҳисоби 14:4 ноком карда, ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз Кота Такаҳашии 20-солаи ҷопонӣ бо ҳисоби 3:6 мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Виктор Рассадини 30-сола, ки аз Ёқутистони Русия мебошад, ба дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон даъват шуда, шаҳрванди ин кишвар гардидааст..

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бишкек дар риштаи гуштии озод байни мардон шаш нафар - Айаал Белолюбский (-57 кг), Ҷамшед Шарифов (-61 кг), Камол Бегаков (-65 кг), Мустафо Аҳмадов (-70 кг), Виктор Рассадин (-74 кг) ва Магомет Евлоев (-79 кг) – намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Рассадин медал гирифт.

Гуштигирони тоҷик Мустафо Аҳмадов ва Магомет Евлоев барои нишони биринҷӣ мубориза бурданд.

Аҳмадов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври чаҳорякниҳоӣ Меиржан Ашировро аз Қазоқистон бо ҳисоби 5:1 шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аммо дар нимфинал аз Амирмуҳаммад Яздонии эронӣ бо ҳисоби 3:6 мағлуб шуд. Сипас Мустафо барои медали биринҷӣ аз Алибек Усмонови қирғиз ноком гашт ва ҷойи панҷумро касб кард..

Евлоев бошад, дар даври аввал намояндаи Қирғизистон Адилет Маратбоевро бо ҳисоби 6:5 шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ ба Нан Као (Чин) бо ҳисоби 5:3 ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар нимфинал аз Муҳаммад Ашғари эронӣ ноком гашт. Баъдан Евлоев барои медали биринҷӣ аз Хидир Сайфиддинов (Баҳрайн) шикаст хӯрда, ҷойи панҷумро соҳиб шуд.

Ҷамшед Шарифов, ки дар 1/8 финал ба Заринду Приянат (Шри-Ланка) бо ҳисоби 11:0 дастболо гардид, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Ризо Аҳмадалӣ (Эрон) бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Инчунин Айаал Белолюбский дар даври аввал аз намояндаи Кореяи Шимолӣ Кум Ким (2:4) ва Камол Бегаков (-65 кг) аз Роҳит Роҳити ҳиндустонӣ (0:11) мағлуб шуданд.

Дар мусобиқаи гуштии озод миёни занон дар Бишкек Тоҷикистонро Ватансултон Шакаршоева дар вазни то 53 кило намсояндагӣ мекунад. Ӯ дар нахустин даври мусобиқа 13-уми апрел бо Айжан Собирбек (Қирғизистон) вориди рақобат мешавад.

Рӯзҳои 15-16-уми апрел дар Бишкек мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнонию румӣ доир мегардад. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг) ва Эдуард Бабоношев (-130 кг) дохиланд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бишкек 366 варзишгар барои 30 маҷмуи медалҳо (10 вазн дар гуштии озод миёни мардон, 10 вазн дар гуштии юнонию румӣ байни мардон ва 10 вазн дар гуштии занон) мубориза мебаранд.

Бишкек бори сеюм мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро дар риштаи гуштии варзишӣ ба зимма гирифтааст. Қаблан чунин мусобиқот дар пойтахти Қирғизистон солҳои 2007 ва 2018 доир гардида буд.

Зимнан, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ аз соли 1979 байни мардон ва дар риштаи гуштии озод миёни занон аз соли 1996 доир мегардад.

Дар мусобиқоти қитъавӣ намояндагони Тоҷикистон ҳамагӣ 18 медал (1 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Ягона медали тиллоро Юсуф Абдусаломов соли 2003 дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар вазни 74 кило дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон гирифтааст.

МУБОРИЗА БАРОИ РОҲХАТҲО БА ОЛИМПИДАИ ПОРИС-2024

Варзишгарони тоҷик аз 19-ум то 21-уми апрел дар Бишкек дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса ширкат меварзанд.

Барои 36 роҳхати олимпӣ 209 варзишгари кишварҳои қора мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Федератсияи гуштии Тоҷикистон 9 варзишгарро ба ин мусобиқа сафарбар менамояд: Айаал Белолюбский (-57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Магомет Евлоев (-74 кг) дар риштаи гуштии озод; Ватансултон Шакаршоева (-50 кг) – гуштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг) дар гуштии юнонию румӣ.

Дар намуди гуштии озод паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.

Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

XS
SM
MD
LG