Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: Эрон пеш аз ҳамла Туркияро хабардор карда буд


Шимоли Исроил, бомдоди 14-уми апрел
Шимоли Исроил, бомдоди 14-уми апрел

Як манбаи дипломатии Туркия рӯзи 14-уми апрел ба хабаргузории Reuters гуфтааст, Эрон пеш аз амалиёти тарҳрезишудааш алайҳи Исроил Анкараро огоҳ карда буд.

Ба қавли ҳамин манбаъ, гуё Вашингтон ба воситаи Туркия ба Эрон расондааст, ки амалиёт бояд "дар доираи муайян" бошад.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки ҳампаймонҳои минтақаии Теҳрон аз ҳамлаҳои ҳавоии он ба Исроил хабардор карда шудаанд.

Ҳусейн Амирабдуллоҳиён бе овардани номи кишваре гуфт: "Табиист, 72 соат пеш аз амалиёт ба дӯстони худ дар кишварҳои минтақа иттилоъ додем, ки посухи Эрон қатъӣ ва дақиқ аст."

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) сар дод. Артиши он кишвар иддао кард, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд ва онро "комёбии бисёр муҳими стратегӣ" хонданд.

Баъзе аз кишварҳо рафтори Эронро танқид карданд. Ҳамзамон нигарониҳо дар мавриди авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG