Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз узбекистониҳои Исроил хостанд, маҳалли зисташонро тарк накунанд


Сафорати Узбекистон дар Исроил ба узбекистониҳое муроҷиат кард, ки дар он кишвар қарор доранд.

"Дар ин рӯзҳои пуртаниш мо ба шаҳрвандони Узбекистон тавсия медиҳем, ки бе зарурат маҳалли зисти худро тарк накунанд", - омадааст дар муроҷиати сафорат.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд ва онро "комёбии бисёр муҳими стратегӣ" хонданд.

Баъзе аз кишварҳо рафтори Эронро танқид карданд. Ҳамзамон нигарониҳо дар мавриди авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна бештар шудааст.

XS
SM
MD
LG